Бино ба хабарҳо, рӯзҳои 6-9 ноябри соли равон дар вилояти Зобули Афғонистон байни ҷангиёни Толибон ва боқимондаҳои Ҳаракати исломии Узбакистон (Ҳаракати исломии Туркистон) ҷангҳои шадиде сурат гирифта, дар натиҷа даҳҳо тан аз ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон кушта ва гӯё раҳбараш Усмон Ғозӣ бо тақрибан 60 тан аз ҷангиёнашро Толибон асир гирифтаанд. Бархе манобеъ мегӯянд, ки Усмон Ғозиро баъди асораташ бо ҳукми додгоҳи шариатӣ бо ҷуми “хиёнат” эъдом кардаанд ва созмони ӯ дигар аз байн рафтааст.
Мақомоти амниятии Афғонистон вуқӯи даргириҳои шадид байни ҷангиёни содиқ ба раҳбари кунунии Толибон Мулло Ахтар Мансур ва мухолифонаш ба раҳбарии Муҳаммад Расул, як фармондеҳи “дасти рост”-и Мулло Мансур Додуллоҳро тасдиқ мекунанд ва мегӯянд, дар ин даргириҳо ҷангиёни узбак аз тарафи Мулло Додуллоҳ меҷангиданд. Мақомоти афғон ҳалокати то 80 нафар аз ҳарду тарафро дар ин даргириҳо низ тасдиқ мекунанд, вале мегӯянд, ба асорат афтодан ва эъдоми раҳбари Ҳаракати исломии Узбакистон Усмон Ғозиро тасдиқ ё рад карда наметавонанд.
Бо ин ҳол, Виктор Михайлов, таҳлилгари масоили амниятии Узбакистон, ки фаъолияти гурӯҳҳои тундравро таҳқиқ мекунад, рӯзи 23 ноябр ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, инки барои аз байн бурдани Усмон Ғозӣ рӯзҳои башуморе монда буд, ҷои тардид надошт: “Баъди онки Усмон Ғозӣ ба “Давлати исломӣ” байъат супурд, бисёре аз ҷангиёни худи Ҳаракати исломӣ ин "фатво"-яшро қабул накарданд ва қасам хӯрданд, ки ӯро хоҳанд кушт. Барои Толибон, ки ин қадар сол ба ӯ паноҳ дода буд, низ Усмон Ғозӣ ба як хоин табдил ёфт. Раҳбарони қабилаҳои пашту аз ҷангиёни узбак талаб доштанд, ки сарзаминҳои онҳоро тарк кунанд. Ва Усмон Ғозӣ дар воқеъ дар ин вақтҳои охир роҳҳои аз Покистон ба шимоли Афғонистон кӯчондани боқимондаҳои ҷангиёни ба вай содиқро ҷустуҷӯ мекард.”
Сомонаи “Голос Ислама” рӯзи 11 ноябр хабар дод, ки тақрибан 50 тан аз ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон дар вилояти Зобул дар ҷангҳо бо Толибон кушта шуда, ҳудуди 60 тани дигар, бо шумули раҳбари ин гурӯҳ Усмон Ғозӣ асир уфтодаанд ва чанд тани онҳоро ба дунбол бо ҳукми додгоҳи шариатӣ эъдом кардаанд.
Ба навиштаи ин сомона, Ҳаракати исломии Узбакистон, ки дар тӯли чоряк аср режими президент Ислом Каримовро ба ларза меовард, дар ниҳоят на аз сӯи ин режим, балки бо дасти Толибон, гурӯҳе, ки тайи ду даҳа ба ҷангиёни узбак паноҳ дода буд, аз байн бурда шуд.
Ҳаракати исломии Узбакистон, ки аз сӯи кишварҳои зиёде, аз ҷумла дар Амрико, Аврупо, Русия ва дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо шумули Узбакистону Тоҷикистон, созмони террористӣ шинохта шудааст, дар ибтидои солҳои 90 арзи ҳастӣ кардааст. Ҷангиёни он ба раҳбарии Ҷумъаи Намангонӣ ва Тоҳири Юлдош дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз тарафи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин меҷангиданд. Баъди имзои созишномаи сулҳ байни давлат ва мухолифини тоҷик ва ду талоши ҳамлаҳои мусаллаҳонаи Ҳаракати исломӣ ба Узбакистону Қирғизистон, дар соли 2000 ҷангиёни ин ҳаракатро маҷбур карданд, ки аз Тоҷикистон ба Афғонистон бираванд.
Дар пайи оғози амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор ба раҳбарии Амрико дар Афғонистон даҳҳо тан аз ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон, бо шумули фармондеҳаш Ҷумъаи Намангонӣ кушта шуданд ва боқимондаҳои он ба раҳбарии Тоҳири Юлдош ба сарзаминҳои қабиланишини Покистон паноҳ бурданд.
Раҳбари ин ҳаракат Тоҳири Юлдош дар моҳи августи соли 2009 дар натиҷаи асобати як мушаки ҳавопаймои амрикоӣ кушта шуд ва ба ҷои ӯ домодаш Усмон Одилро раҳбари ин гурӯҳ интихоб карданд. Аммо дар соли 2012 Усмон Одил низ ба ҳалокат расид ва ба ҷои ӯ Усмон Ғозӣ ба раҳбарии Ҳаракати исломии Узбакистон расид.
Тақрибан ним сол пеш Ҳаракати исломии Узбакистон ба раҳбари “Давлати исломӣ” Абӯбакри Бағдодӣ байъат супурд ва аз раҳбарони Толибон хост, то ҳамкорӣ бо идораҳои ҷосусии Покистон ва музокироти сулҳ бо ҳукумати Афғонистонро қатъ карда, низ ба “хилофати исломӣ”-и аз сӯи Бағдодӣ эълоншуда бипайванданд. Ин тасмими Усмон Ғозӣ ва ин ки як нафараш бо номи Усмон Ҳакимиро ҳамчун “фиристода” ба Сурия ба назди Бағдодӣ фиристод, ба гуфтаи таҳлилгарон, худи аъзои Ҳаракати исломиро ба ду шоха тақсим кард ва аз тарафи дигар, хашми Толибонро ба бор овард. Раҳбарони Толибон, ки тайи солиён ба ҷангиёни узбак паноҳ дода буданд, байъати онҳо ба “Давлати исломӣ”-ро ҳамчун “хиёнат” ва “кӯрнамакӣ” қабул карданд.
Шумори ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистонро дар сарзаминҳои қабиланишини Покистон таҳлилгари покистонӣ Аҳмад Рашид аз 200 то 500 нафар ва таҳлилгари масоили амниятии Узбакистон Виктор Михайлов шумори ҷангиёни содиқ ба худи Усмон Ғозиро то 120 нафар бармешумурданд. Гуфта мешуд, ки дар моҳҳои охир ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон талош доштанд, то аз сарзаминҳои қабиланишин ба шимоли Афғонистон, яъне ба минтақаҳои наздиктар ба марзҳои Осиёи Марказӣ баргарданд.
Муовини вазири хориҷаи Афғонистон Халил Карзай ахиран шумори ҷангиёни хориҷии ҷамъшуда танҳо дар вилояти Қундуз дар марз бо Тоҷикистонро 1300 нафар баршумурда гуфт, аксари онҳо узбакистониву тоҷикистонианд ва ҳадафи ниҳоии онҳо на Афғонистон, балки густариши доманаи ба ном “ҷиҳод”-ашон ба кишварҳои Осиёи Марказист.
Талоши аз Покистон ба шимоли Афғонистон ҳаракат кардани ҷангиёни Усмон Ғозиро як навори рӯзи 14 ноябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда низ тасдиқ мекунад. Дар ин навор Нусратуллоҳ Муҷоҳид, ки худро сухангӯи Ҳаракати исломии Узбакистон меномид ва қаблан муроҷиатномаҳои расмии ин гурӯҳи ҷангҷӯро нашр мекард, худро “намояндаи масъули “Давлати исломӣ” дар умури фарҳангӣ дар вилояти Зобул” муаррифӣ мекунад.
Ӯ дар ин навор мегӯяд, ӯву ҳамсафонаш дар муҳосира қарор дошта, чанд нафарашон кушта шуда ва чандин тани дигар ба асорат афтодаанд. Ба гуфтаи Нусратуллоҳ Муҷоҳид, аз онҳо талаб кардаанд, ки аз байъате, ки ба “халифа”-и “Давлати исломӣ” супурдаанд, баргарданд, вале онҳо “ҳеҷ гоҳ ба ин роҳи куфр нахоҳанд рафт.”
Ношираш менависад, ки ин навор дар вулусволии Арғандоб, дуруст маҳалле, ки ду гурӯҳи мутахосими Толибон бо ҳам даргир шуданд, сабт шудааст. Вале Радиои Озодӣ воқеъияти онро тасдиқ карда наметавонад.
Мақомоти вилояти Зобули Афғонистон бо тасдиқи хабари задухӯрдҳои шадиду хунин байни гурӯҳҳои мутахосими Толибон ва ширкати ҷангиёни узбак дар ин даргириҳо мегӯянд, хабари асорат ва эъдоми баъдии Усмон Ғозиро дар ҳоли ҳозир таъйид карда наметавонанд.
Аммо чандин далел, аз ҷумла чанд муддат боз ба даҳон об гирифтани сухангӯёни собиқи Ҳаракати исломии Узбакистон, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол буданд, ва ҳам инак, 4 моҳ боз ба истилоҳ нав нашудани сомонаи Ҳаракати исломии Узбакистон низ эҳтимоли торумор шудани ин гурӯҳи ҷангҷӯи як замон тавоноро тақвият медиҳанд.