Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаракати Исломии Узбакистон ба “Давлати исломӣ” байъат кард


Байъати ҲИУ ба "Давлати исломӣ"
Байъати ҲИУ ба "Давлати исломӣ"

Ҳаракати Исломии Узбакистон ба гурӯҳи ситезаҷӯи “Давлати Исломӣ” ва раҳбари он Абӯбакри Бағдодӣ байъат кард ва мегӯяд, аз “ҳаракат” ба “давлат” табдил ёфт.

Дар як видео дида мешавад, ки рӯзи 6 август раҳбари Ҳаракати Исломии Узбакистон (ҲИУ) Усмон Ғозӣ ва мусаллаҳони ӯ ба забони арабӣ ба ба гурӯҳи ситезаҷӯи “Давлати Исломӣ” ва раҳбари он Абӯбакри Бағдодӣ байъат кардаанд.

Сухангӯи навор бархе аз қисматҳои ин савгандро тарҷума мекунад ва мегӯяд, “аз ин ба б аъд мо танҳо ҳаракат нестем, балки давлат ҳастем”. Вай илова мекунад, ки аъзои ҲИУ аз ин ба баъд бояд афроди “вилояти Хуросони “Давлати исломӣ” номида шаванд. Ибораи вилояти Хуросон ишора ба номи таърихии минтақаи бузургест, ки қисматҳое аз Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистонро фаро мегирад.

Сипас дар навор Ғозӣ тасмими худро шарҳ медиҳад: “Худоро шукр, бо хости Аллоҳ мо ба хилофате, ки воқеан ба ислом таъзим кард, байъат кардем ва акнун бахше аз он ҳастем.”

Рӯшан нест ин навор кай дар куҷо бардошта шудааст. Гузоришҳо дар бораи афзоиши тамоюли ҲИУ ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳафтаҳо ба ин сӯ пахш мешуд.

Ҳамчунин ҳафтаҳои охир раҳбарони ҲИУ мушкилоти худро бо Толибони Афғонистон эълом доштанд. Онҳо шарҳи марги раҳбари Толибон Мулло Умарро як дурӯғи Толибон номиданд, ки 14 сол ба ин сӯ идома дорад. Ин дар ҳолест, ки Толибон мухолифати худро ба “Давлати исломӣ” баён дошта, онро ба ташкили ҷиҳоди ҷудогона дар Афғонистон айбдор кардааст.

ҲИУ, ки дар Афғонистон ва Покистоне фаъолият дорад, асосан аз марду занони Узбакистон ва кишварҳои дигари Шӯравии собиқ иборат аст.

Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида, ҳукуматҳои Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ як созмони террористӣ унвон мешавад. Маълум гаштааст, ки он бо шабакаи ал-Қоида ва ҷунбиши Толибон ҳамкорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG