Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаракати Исломии Узбакистон: Шарҳи марги Мулло Умар дурӯғ аст


Ҳаракати Исломии Узбакистон (ҲИУ) ҷунбиши Толибонро ба фиреб ва сохтакорӣ айбдор намуда, талаб кард, ки сарони ин ҳаракат ҳақиқати марги раҳбари пешини худро эълом дорад.

Ин нукта дар изҳороти Ҳаракати Исломии Узбакистон (ҲИУ) рӯзи 2 август садо дод, ки ба воситаи почтаи электронӣ ба Бахши узбакии Радиои Озодӣ расид. Изҳорот аз имейле расид, ки муддатҳои зиёд фаъол буда, паёмҳои ҲИУ-ро пахш мекунад.

Бо муроҷиат ба “Аморати Исломии Афғонистон”, номе, ки ҷунбиши Толибон аз соли 1996 то 2001 бо ин ном бар Афғонистон иҳокимият кард, дар изҳорот шароити марги раҳбари толибҳо Мулло Муҳаммад Умар ва эълони ин воқеа зери суол бурда мешавад.

Мақомоти Афғонистон рӯзи 29-уми июл эълом доштанд, ки раҳбари деринаи ҷунбиши Толибон дар як бемористони Карочии Покистон дар моҳи апрели соли 2013 ҳангоми табобат аз дардмандии зикрнашуда фавтидааст.

Сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид рӯзи дигараш бе зикри иллат ё беморӣ хабари марги Мулло Умарро тасдиқ кард. Аммо вай рӯзи марг ва ҷойи воқеаро зикр накарда, гуфт, аз соли 2001 ба ин сӯ Мулло Умар Афғонистонро тарк накардааст.

Дар изҳороти худ Ҳаракати Исломии Узбакистон мегӯяд, шарҳи Толибон дар бораи ҳалокати Мулло Умар “боварбахш” нест. ҲИУ Толибонро ба ҳамкорӣ бо хадамоти ҷосусии Покистон (ISI) айбдор мекунад.

“Чаҳордаҳ сол дар бораи ҳаёт ва марги фармондеҳи азизи мо Мулло Муҳаммад Умар ба ҷомеаи мусалмон дурӯғ гуфта мешуд ва изҳороти ахир дар бораи шароити марги ӯ давоми ҳамин гуна дурӯғҳост,” – гуфта мешавад дар изҳороти ҲИУ.

ҲИУ шарҳеро зери суол мебарад, ки бино бар он гӯё Мулло Умар баъд аз ду ҳафтаи интиқол ёфтанаш ба бемористон фавтидааст ва талаб мекунад, ки шароити даргузашти ӯ ба таври комил ва бо ҳамаи ҷузъиёт дар миён гузошта шавад. ҲИУ изҳори умедворӣ кардааст, ки “ҳамаи талабҳояш ба иҷро хоҳанд расид”.

Ҳаракати Исломии Узбакистон, ки дар Афғонистон ва Покистон фаъол аст аз тарафи Иёлоти Муттаҳида, Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ як созмони террористӣ унвон мешавад. Маълум гаштааст, ки он бо шабакаи ал-Қоида ва ҷунбиши Толибон ҳамкорӣ мекунад. Аввали сол намояндагони он аз итоати худ ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” хабар дода буданд.

Толибон ба таври ошкоро “Давлати исломӣ”-иро маҳкум кардаанд, ки мехоҳад, дар Афғонистон ошӯби худро роҳандозӣ кунад.

Дар номае ба раҳбари гурӯҳи “Давлати исломӣ” Абубакри Бағдодӣ Толибон пойфишорӣ карданд, ки ҷиҳоди зидди амрикоиҳо ва ҳампаймонҳои он “бояд зери як парчам ва таҳти як раҳбар” ҷараён гирад.

“Аморати Исломӣ (Толибон) бар ин нест, ки чандгонагии ҳаракатҳои ҷиҳодӣ барои ҷиҳод ва ҳам мусалмонон самар оварда тавонад”, омада буд дар номае, ки Мулло Ахтар Муҳаммад Мансур он вақт ҳамчун ноиби раҳбари Толибон имзо карда буд.

“Тасмими шумо аз роҳи дур чунин натиҷа хоҳад дод, ки ҳимояти уламои дин, муҷоҳидин ва дигаронро аз даст хоҳед дод ва Аморати Исломӣ маҷбур ба вокуниш хоҳад гашт.”

Ин нома дар сомонаи Толибон ба забонҳои пашту, дарӣ, урду ва арабӣ нашр шуда, дар он аз ҷузъиёти таҳдид чизе гуфта намешавад.

XS
SM
MD
LG