Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯлоб. Сохтмони пул тӯл кашид (ВИДЕО)


Тӯл кашидани сохтмони пули нав дар маркази Кӯлоб ҳаракати нақлиётро мушкил ва роҳкирои таксиҳоро дучанд кардааст. Мақомот мегӯянд, сохтмони ин пул то 3 моҳи дигар анҷом хоҳад ёфт.

Пули бузурге, ки аз маркази шаҳри Кӯлоб мегузарад, шаш моҳ боз кор намекунад. Ин пулест, ки роҳи Душанбе-Кӯлоб аз он мегузарад ва васоили нақлия аз тариқи он аз Душабе ба Кӯлоб ва аз ин ҷо ба вилояти Бадахшон равуо мекунанд.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон шаш моҳи пеш ин пулро, ки бархе қисматҳояш аз боронгариҳо тахриб шуда буд, пурра вайрон кард ва дар ҷамъи мардум ваъда дод, ки давоми як моҳ он аз сари нав сохта хоҳад шуд. Ҳоло вазорати нақлиёт, ки сохтмони ин пулро бар ӯҳда дорад, мӯҳлати анҷоми сохтусозро дар ин иншоот то се моҳи дигар тамдид кардааст.

Барои ҳалли мушкил як роҳи алтернативӣ аз дохили рӯди Сангоб сохтаанд, ки сокинон ба маркази шаҳр бояд тариқи он ворид шаванд, аммо убур аз он барои васоили нақлия мушкил аст. Аз ин рӯ, бисёре аз мошинҳои мусофиркаш мизоҷони худро танҳо то инҷо меоранду пас мегарданд.

Акбар Валиев, як сокини шаҳри Душанбе, ки барои меҳмонӣ ба Кӯлоб омадааст, мегӯяд, мошинҳои мусофиркашон ӯро то назди пул оварданд, то боқии роҳро то дохили сангоб то шаҳр пиёда тай кунад. «Ман шаш моҳ пеш ҳам омада, ин ҳолатро дидам. Ҳозир мо дар роҳе қарор дорем, ки аз паҳлӯи ин пул мегузарад ва ҳама пури лой. Наход оини шаҳрдорӣ ҳамин бошад? Хулас, аҳволи мардум чунон бад аст, ки ҳеҷ нагуфтанӣ,» - мегӯяд ин меҳмони шаҳри Кӯлоб.

Сохтмони ин пули боаҳамият дар ҳоле тӯл кашидааст, ки он беш аз даҳ сармоягузори обрӯманд дорад. Бонки исломии рушд, Сандуқи рушди Саудӣ, Сандуқи кувейтии рушди иқтисоди Араб, Сандуқи рушди Абу-Дабӣ, Сандуқи ОПЕК, Иттиҳодияи кишварҳои тавлидкунандаи нафт ва ҳукумати Тоҷикистон аз ҷумлаи маблағгузорони тарҳи сохтмони ин пул ҳастанд.

Дар Кӯлоб сохтмони пул тӯл кашидааст
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00

Аммо бо ин ҳама сармоягузор ҷараёни кор дар сатҳе қарор дорад, ки дар фасли сармо зиндагии мардум ва меҳмонони онро мушкил кардааст. Баъди оғози сохтмони пул, тамбашавии мошинҳо дар ду паҳлӯи роҳи маркази шаҳр бештар шуд ва ронандаҳо дигар ба алоатҳои чароғаки роҳ низ аҳамият намедиҳанд. Мошинҳо аз якдигар пеш мегузаранд ва ин ҳам ҳолати садамавӣ эҷод мекунад. Кормандони пулиси роҳи шаҳри Кӯлоб барои бартараф кардани ҳолати тамбашавӣ сафарбар мешаванд, аммо бидуни натиҷа.

Ин вазъият нархи кирои таксиҳои шаҳрро низ боло бурдааст. Донишҷӯёне, ки алҳол дар Кӯлоб таҳсил мекунанд, мегӯянд, ба иллати набуди роҳи рост, таксиҳо барои гирдогирд бурдани онҳо, роҳкироро дучанд кардаанд.

Зубайдуллои Аҳмад, як донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфт: «Мошинҳо то вақте, ки кӯпрук соз буд, як сомонӣ гирифта, то донишгоҳ мебурданд. Ҳоло шаш моҳ мешавад, ки нархи роҳкиро баланд шудааст. Вақте аз ронандаҳо мепурсем, ки чаро нархи такси қиммат шуданд?, мегӯянд, ки роҳ дур шудааст, барои ҳамин. Мо низ мушоҳида кардем, ки дар назди сохтмони пул навиштаҷоте ҳаст ва дар он муҳлати ба истифода додани пул 29 декабри соли 2014 нишон дода шудааст.»

Дар ҳоли ҳозир роҳбарии сохтмони ин пулро роҳсозони Туркия ба ӯҳда гирифтаанд ва мегӯянд, ки сохтмон то поёни моҳи март ба охир мерасад. Аммо бисёре аз сокинони шаҳр ба ин ваъда ҳам бовар надорад.

Абдуғаффор Раҳмонов, шаҳрдори Кӯлоб мегӯяд, ӯ ҳам ба мисли ҳар як сокини шаҳр орзуи зудтар сохта шудани ин пулро дорад. Ба гуфтаи шаҳрдор, ба хотири зудтар анҷом ёфтани сохтмони пул, шаҳрдорӣ ба ҳукумати марказӣ ва вазорати нақлиёт нома задааст. Дар посух вазорати нақлиёт гуфтааст, то моҳи март, яъне се моҳ баъд сохтмони пул анҷом хоҳад ёфт. Ин пул 50 метр дарозӣ дошта, имкони бардоштани то 30 тонна борро дорад. Барои сохтмони он беш аз 1 миллион доллар бояд сарф шавад.

XS
SM
MD
LG