Абдусамад Раҳимов, масъули Бунёди Оғохон дар ноҳияи Шурообод рӯзи душанбеи 25-уми ноябр дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки "сохтмони ин пул пурра анҷом ёфт ва мо ҳолати техникии онро саниҷидем. Пул аз ҷониби мо қабул гардид ва барои истифода омода аст."
Ба гуфтаи ҷаноби Раҳимов, тасмим аст, ки дар канори пул, иншоотҳои муҳим барои мардум, ба хусус бозори марзӣ сохта шавад, ки умед аст, ин кор низ ба хубӣ анҷом меёбад.
Бо вуҷуди он ки сохтмони пули иртиботӣ миёни Шурообод - Шоҳон анҷом гирифтааст, аммо ҳануз расман мавриди истифода қарор нагирифтааст. Ҳарчанд, гуфта мешуд, ки дар сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба минтақаи Кӯлоб, ки охири моҳи гузашта анҷом шуд, ин пул низ маврид истифода қарор бигирад.
Аммо ба далоили номаълум ин кор нашуд ва масъулони Бунёди Оғохон дар Шурообод низ дар мавриди маросими расмии маврид баҳрабардории ин пул изҳори беитиллоӣ карданд.
Интизор меравад, ифтитоҳи расмии ин пул бар иловаи ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ширкати раҳбари исмоилиёни ҷаҳон Шоҳкарим Оғохони 4 сурат бигирад.
Ин ҳам дар ҳоле, ки санги зербинои ин пул бар фарози рӯди Панҷ, воқеъ дар маҳалли Шоҳони Шӯрообод 31-уми октябри соли 2011 бо ҳузури раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раҳбари исмоилиёни ҷаҳон Шоҳкарим Оғохони 4, сафирони кишварҳои аврупоӣ ва раиси ноҳияи Хоҳони Афғонистон доир шуда буд.
Ин пули 180-метрӣ, ноҳияи Шӯроободи Тоҷикистонро бо минтақаи Хоҳони Афғонистон мепайвандад.
Корҳои сохтмонӣ дар ин пул бо маблағи 3 миллиону 100 ҳазор доллар аз суи Бунёди Оғохон бо кӯмаки молии ҳукумати Олмон амалӣ шудааст.
Ба ин тартиб ин панҷумин пули иртиботӣ бар фарози рӯди Панҷ аст, ки Тоҷикистон ва Афғонистонро дар минтақаи Бадахшон бо ҳам мепайвандад.
Моҳи сентябри соли 2011 низ як пули иртиботӣ дар минтақаи Бадахшон, ки Тоҷикистону Афғонистонро ба ҳам пайванд медиҳад, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд. Қаблан чунин пулҳо дар навоҳии Дарвоз, Ишкошим, Ванҷ ва маҳалли Теми Хоруғ сохта ва мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Танҳо як пули иртиботӣ миёни Тоҷикистону Афғонистонро, ки дар минтақаи Панҷи Поён ҷойгир аст, давлати Амрико сохта ва соли 2007 ба истифода дод.
Истифодаи ин пулҳо дар ҷиҳати густариши равобиту ҳамкориҳои миёни Тоҷикистон ва Афғонистон, ки марзи ҳудуди 1400 километрӣ дорад, мусоидат хоҳад кард.
Ин навори видеоии зер, расо 2 сол қабл, ҳангоми шурӯи корҳои сохтмонӣ дар ин пул омода шудааст.