Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили Рӯзи Парчами Миллӣ ва назари мардум


Ҳудуди се ҳазор нафар сокинони пойтахт дар саҳни Парчами миллӣ воқеъ дар маркази шаҳри Душанбе ҷамъ омада, Рӯзи Парчами Миллиро таҷлил карданд.

Дар ибтидо субҳи барвақти шанбе, 24-уми ноябр донишҷӯёну хонандагон дар даст парчами хурду бузурги кишвар, бо ороиши сафҳо, аз самти хиёбони марказии Рудакӣ бо сурудани таронаҳои ватандӯстӣ ба майдони Парчами миллӣ омаданд. Дар гӯшаи дигар сарбозони Вазорати дифоъ ва ниҳодҳои дигари қудратӣ саф ороста буданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори пойтахт, мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Парчами Миллӣ табрик намуд ва аз онҳо даъват кард, ки ифтихор бо кишвари худ дошта бошанд. Вай ба сутуни 164-метраи парчами миллӣ ишора намуда гуфт, ки "ин рамзи иттиҳоди миллии тоҷикон ва кишвардорӣ аст ва онро ҳар нафар бояд дӯст дорад ва ифтихор кунад."

Пас аз суханронии шаҳрдорӣ ҳунармандону хонандагон ба иҷрои таронаву сурудҳои миллӣ оғоз карданд.

Зимнан як рӯз қабл президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи телевизони давлатӣ мардуми кишварро табрик кард ва аз шаҳрвандони кишвар хост, ки дар хонаҳои худ ба нишони самимияти муҳаббаташон ба арзишҳои миллӣ парчами Тоҷикистонро овезон кунанд.

Розиямоҳ Сафарова, омӯзгори яке аз мактабҳои пойтахт, мегӯяд, ки таи ин ҳафта ба хонандагон аз парчаму таърих ва арзиши он, ҳамчун рамзи миллӣ сӯҳбату дарсҳои махсус гузарондаанд.

Тақрибан аксари ҳамсуҳбатҳои мо аз баландии сутуни парчам ифтихор мекарданд ва мегуфтанд, ки парчами Тоҷикистон дар ҷаҳон аз ҳама баландтарин аст.

Сорбон Валиев, яке аз донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мегӯяд, воқеан парчами кишварро дӯст медорад ва барои ҳамин кӯшиш мекунад, ки фаъол бошаду бо баҳои аъло хонад.

Аммо Соро Гулҷонова, як омӯзгори мактаби пойтахт, ки дар даст парчами кӯчак дошт ва ҳамроҳи шогирдонаш меистод, гуфт, ба муносибати Рӯзи Парчам маҷбур карданд, ки ҳеҷ нафаре аз хонандгон бидуни парчам ба майдон наояд. Хонум Гулҷонова бо андаке афсурдагӣ афзуд, ки маҷбур шудем ин ҳама парчамро харидорӣ кунему ба дасти талабаҳо диҳем:

«Мо аз кисаи худамон харидем, гуфтанд, ки бояд ҳама дар рӯзи ид Парчами миллӣ дошта бошанд. Дар бозор ин парчамҳои майдаро се сомонӣ гирифтем ва ин дарозҳоро, ки 15 сомонӣ буданд, то 10 сомонӣ арзон карда, харидем. Баъзе мактабҳои дигар 8 сумӣ гирифтаанд. Мактаб пул надорад. Ҳукумат чанд сол аст, ки ба талабаҳои камбизоат дар як сол ду бор 20 сомонӣ кӯмак медиҳад, ки ҳеҷ чӣ намешавад.»

Аз ҷараёни таҷлили рӯзи Парчами миллӣ ба назар мерасид, ки аслан ба кӯчаҳо талабаҳою донишҷӯён ва омӯзгорон баромадаанд.

Дар хиёбонҳо бо вуҷуди онки рӯзи офтобию бебориш буд мардум кам ба назар мерасиданд ва онҳое, ҳам ба кӯча баромадаанд ба тарафи бозору мағозаҳо мерафтанд.

Рафоат Маҳмудова, як сокини шаҳри Душанбе, ки дар кӯчаи Саҳбо воқеъ дар кӯҳдомани шаҳр зиндагӣ мекунад, гуфт, ҳар рӯз аз ҳавлиаш парчамро мебинад. Мегӯяд, ки парчами миллӣ бисёр ҳам зебо аст, хусусан вақте, ки шамол вазаду алвонҷ хӯрад боз зеботар ба назар менамояд.

Аммо холаи Рафоат ба фарзандону набераҳояш ишора намуда, гуфт, ки бо дидани парчам шиками онҳоро сер кардан намешавад:

«Ҳозир ба назди байрақ рафтан барои ман чӣ фоида? Ин қадар байрақу ид, харҷу исроф чӣ лозим. Бозорҳоро нигоҳ кунанд чӣ мешавад? Нархи як кило гӯшт 35 ба сомонӣ расидааст, нархи як халта орд аз 160 сомонӣ гузаштааст. Нафақаи ман 80 сомонӣ. Мансабдорон куҷора нигоҳ мекунанд?».

Рӯзи Парчами миллии Тоҷикистон шурӯъ аз 24-уми ноябри соли 2009-ум таҷлил мешавад. Ба унвони як рамзи муҳими давлати Тоҷикистон парчам, 20 соли пеш дар ҷараёни сесияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ тасдиқ шудааст.

Ду сол пеш дар ҷараёни ҷашни 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон, 9-уми сентябри соли 2011 Тоҷикистон азимтарин парчамро дар ҷаҳон дар милае ба баландии 165 метр барафрохт. Сохтмони ин миларо ширкати “Trident Support” ва маблағгузориашро "Талко" ба ӯҳда доштанд. Душанбе то ҳол эълон накардааст, ки барои сохтани ин мила чӣ миқдор пул сарф кардааст. Аммо коршиносон бо такя ба нархи милаи парчамҳои тақрибан ҳамсон дар Озарбойҷон ва Туркманистон мегӯянд, харҷи ин сохтмон зоҳиран на камтар аз 10 миллион долларро ташкил додааст.

Вале ин ибтикори ҳукумат мавриди интиқоди фаъолон ва гурӯҳҳои мухталифи ҷамъиятӣ қарор гирифт. Ба бовари мунаққидон, ин парчам на мояи ифтихори миллӣ, балки харҷи беҳудаи пул барои давлате мебошад, ки дучори мушкилоти сангини иқтисодӣ буда, мардуми нодораш аз рӯи ҳисобҳои Бонки Ҷаҳонӣ ҳамоно зиёд аст.


Парчами осмонбӯси Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:30 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG