Раҳимқул Малахбекови 41-сола, ки ҳамеша зери парчами Русия баромад мекард ва аввалин унвони қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи боксро ба ин кишвар тақдим кардааст, ахиран "Бунёди иҷтимоии кумак ба варзишгарони тоҷик"-ро дар Тоҷикистон таъсис дод ва ҳамзамон, дар талоши ифтитоҳи мактаби вижаи бокси худ барои варзишгарони тоҷик аст.
Ин муштзани маъруф дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бунёди тозатаъсис варзишгаронро барои иштирок дар сабқатҳои олимпӣ омода хоҳад кард. Дар ҳоле ки ба қавли ӯ, варзишгарон бояд дар машқҳои гурӯҳӣ тамрин бигиранд ва реҷаи муайяни рӯз дошта бошанд. "Бештари варзишгарони мо ба хотири пайдо кардани кору маблағ аз варзиш канор мераванд. Агар мо ба онҳо дар ин замина кумак расонему онҳо сидқан худро ба варзиш бахшанд, он гоҳ ба натиҷаҳои чашмрас ноил хоҳанд шуд," -- афзуд ӯ.
Аз нигоҳи Раҳимқул Малахбеков, Тоҷикистон мактаби хуби муштзанӣ дорад, аммо барои пешрафти варзишгарон омилҳои таҳрикдиҳанда лозим аст. Варзишгарон бояд эҳсос кунанд, ки ғолибият ва муваффақияти онҳо барои давлат муҳим аст ва шароити хуби тамрину истироҳат бояд фароҳам бошад. Ин муштазани маъруф бовар дорад, агар ду даҳсола пеш устодаш Тсерена Балзанов барояш ҳамин гуна эҳсосро намедод, шояд наметавонист панҷ карат қаҳрамони Русия ва ду карат қаҳрамони ҷаҳон шавад.
Ба гуфтаи Малахбеков, дар синни 15-солагӣ, вақте қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шуд, дар Тоҷикистон барояш 96 рубл маош таъин карда буданд, ки аз маоши падараш бештар буд. Ӯ мегӯяд, аввалин моҳонаашро ба дасти падараш дода буд ва бовар дошт, агар бештар машқ кунад, пули зиёдтар хоҳад гирифт.
Аммо, ба гуфтаи Малахбеков, дар ибтидои солҳои 90-ум, ба хотири он ки он замон дар Тоҷикистон имкони рушд барои варзишгарон вуҷуд надошт, ҳамроҳ бо устодаш ба Русия рафт. Раҳимқул Малахбеков он рӯзҳоро ба ёд меорад ва мегӯяд, "ману устодам мисли падару писар будем, якдигарро комил мекардем. Агар тамринҳои мо ҳар субҳ соати 8 шурӯъ мешуд ӯ маро 15 дақиқа пеш бедор мекард ва бароям субҳона омода менамуд. Субҳи ман ҳатман бо хӯрдани як қошуқ асалу чаҳормағз оғоз меёфт."
Бо вуҷуди он ки Раҳимқул Малахбеков дар тӯли 10 соли фаъолияти варзишияш тавонист қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, Русия ва Аврупову ҷаҳон шавад, аммо натавонист ба ягона орзуяш, ки қаҳрамони олимпӣ шудан буд, бирасад. Ҳарчанд дар ду дафъаи ширкаташ дар ин намуди бозиҳо ба даври ниҳоӣ ва ниманиҳоӣ баромад. Ба нақли Малахбеков, дар яке аз ин бозиҳо, доварон фаъолӣ ва зарбаи бо дасти рост задаи
ӯро ба назар нагирифтанд ва ғолибиятро ба муштзани кубагӣ доданд. Чунин ноҳаққӣ Раҳимқули 22-соларо озурда ва бародари ӯро, ки бозиро тариқи телевизион дар Душанбе тамошо мекард, хашмгин кард ва ӯ ҳатто аз ғазаб телевизорро аз ошёнаи баланд ба поён ҳаво дод.
Маҳз ҳамин орзуи қаҳрамони олимпӣ шудан Малахбековро нагузошт, ки пой бар саҳнаи бокси ҳирфаӣ ниҳад. Агарчӣ дар ин замина пешниҳодҳои зиёде гирифта буд. Малахбеков мегӯяд, дар тӯли фаъолияти варзишияш бо чеҳраҳои шинохтаи бокси касбӣ ба мисли Майк Тайсон, Николай Валуев, Костя Тсзю ошноӣ дошт ва муҳорибаҳои ӯро ҳатто Эвандер Ҳолифилд низ тамошо карда буд. Малахбеков мегӯяд, ба фарқ аз ҳоло, ки барои қаҳрамонҳои варзиш ҳукумати Русия мошину хонаҳо тақдим мекунад, он вақт маблағи ночиз медоданд. Ӯ ҳамчун устоди варзидаи варзиш ҳамагӣ 5 ҳазор рубл мегирифт, дар ҳоле ки имрӯз ҳамтоёнаш ҳудуди 300 ҳазор рубл моҳона мегиранд.
Раҳимқул Малахбеков дар синни 29 аз бокс ба саҳнаи сиёсат гузашт ва ду дафъа аз ҳизби "Русияи воҳид" дар Ҷумҳурии Қалмиқистон вакил интихоб шуд. Ин муштзани маъруф танҳо баъд аз он ки аз варзиш канор рафт, оиладор шуд. Ҳоло ӯ бо ҳамсар ва духтараш дар Маскав ба сар мебарад. Роксана, духтари ҳаштсолаи Раҳимқул низ ба варзиш майли зиёд дорад, ва ҳоло дар варзиши сабук, яъне гимнастика, машқ мекунад.
Ӯ мегӯяд, тӯйи арӯсияш нуҳ сол пеш дар Душанбе доир гашта буд ва ҳамсарашро волидонаш интихоб кардаанд. "Чаро танҳо баъди он ки аз варзиш канор рафтам хонадор шудам? Чунки вақте варзишгар оиладор аст, хотирро ҷамъ кардан ва пурра худро ба варзиш бахшидан мушкил аст," -- гуфт ӯ.
Ҳоло Раҳимқул Малахбеков 41 сол дорад ва ба соҳибкорӣ машғул аст. Вай мегӯяд, ҳарчанд натавонист тӯли фаъолияти варзишияш зери парчами Тоҷикистон баромад намояд, акнун нақша дорад бо дастгирии варзишгарони ҷавони тоҷик барои рушди варзиши Ватани худ мусоидат кунад.