Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рафтори Зоҳир Муъминзодаро санҷидаанд. Худаш гуфт, "сенсатсия карданд"


Зоҳир Муъминзода рӯзи 18-уми июл аз мақом ронда шуд
Зоҳир Муъминзода рӯзи 18-уми июл аз мақом ронда шуд

Додситонии ҳарбии Кӯлоб натиҷаҳои санҷиши рафтори Зоҳир Муъминзода, раиси пешинаи Додгоҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро ба Додситонии кулли Тоҷикистон фиристод. Ин додрас (судя) ба латукӯби як марзбон гумонзад аст, ки дар посгоҳе аз Муъминзода ҳуҷҷатҳои мусофири мошинашро талаб кардааст.

Зоҳир Муминзода рӯзи 26-уми июл дар суҳбат ба Радиои Озодӣ расонаҳоро гунаҳкор кард, ки “ҳолати ба сараш омадаро сенсатсия карда, нашр карданд”. Вай афзуд, ба зудӣ шикояташро ба таври хаттӣ пешниҳод мекунад.

Додситони ҳарбии Кӯлоб гуфт, баъд аз супоридани натиҷаи санҷиш дар мавриди боз шудан ё нашудани парванда ба зидди Муъминзода огоҳ нест.

Фирӯз Раҷабзода гуфт: “Ҳодиса ба ҳамаи мо маълум аст. Нисбат ба Зоҳир Муъминзода дар Прокуратураи ҳарбии Кӯлоб маводи санҷишӣ қарор дошт. Чанд рӯз пеш мавод ба Прокуратураи генералӣ фиристода шуд. Вобаста ба парвандаи ҷиноӣ маълумот надорем.”

Латукӯби сарбоз боис ба барканории Зоҳир Муъминзода аз мақомоти додгоҳӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, рӯзи 18-уми июл дар ҷаласае аз "рафтори ношоиста ва ғайриоинномавӣ"-и раиси Додгоҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ёд карда, фармон додааст, ки "ӯ на танҳо аз вазифа озод гардад, балки аз ин сохтор пурра ронда шавад".

Шахсе ба номи Закариё Муъминзода ба Радиои Озодӣ навори латукӯб шудани сарбозро фиристод ва гуфт, ки фарзанди Зоҳир Муъминзода аст ва падараш “сарбозро бесабаб назадааст”.

Ба гуфтаи ӯ, дар гузоришҳо роҷеъ ба моҷаро назари ҳама тарафҳои ҳодиса ба инобат гирифта нашудааст ва махсусан он ки сарбоз ба додрас ҳамла кардааст. Вале худи навор далели ин ақида шуда наметавонад.

Видеое, ки камераҳои назоратӣ нимашаби 8-уми июл сабт кардаанд, нишон медиҳад, ки Зоҳир Муъминзода аз мошинаш берун омада, сарбозро се мушт мезанад ва баъдан шарики ӯ ва сарбозони дигар монеи идомаи латукӯб мешаванд.

Зоҳир Муъминзода дар соли 2017 бо фармони президенти Тоҷикистон раиси Додгоҳи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин таъйин шуда буд. Пеш аз он ҳамчун додраси Додгоҳи вилояти Хатлон кор кардааст.

Видеоро дар инҷо бинед:

Додситонӣ сарнавишти додраси “зургӯ”-ро ҳал мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:17 0:00
XS
SM
MD
LG