Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси додгоҳ ба латукӯби сарбози Қушунҳои сарҳадӣ гумонбар мешавад


Ҳодиса дар ин гузаргоҳ рух додааст. Акс аз бойгонӣ.
Ҳодиса дар ин гузаргоҳ рух додааст. Акс аз бойгонӣ.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рафтори раиси Додгоҳи ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро таҳқиқ дорад, ки ба латукӯби як сарбози нерӯҳои марзбонӣ дар марз бо Афғонистон гумонбар мешавад.

Зоҳир Муминзода, раиси додгоҳи Ш. Шоҳин ба он гумонбар аст, ки 8-уми июл як сарбози Нерӯҳои марзбониро дар гузаргоҳи назоратии “Дараи об” (барои пурсидани ҳуҷҷати тасдиқкунанда) бо мушт задааст. Назари Муминзода ба ин ҳодиса дастрас нест.

Додрасҳо аз ҳаққи дахлнопазирӣ бархӯрдоранд ва ба гуфтаи як манбаи Радиои Озодӣ дар Додгоҳи вилояти Хатлон, ҳоло Додгоҳи олӣ таҳқиқоти дохилӣ анҷом медиҳад ва агар гуноҳи ӯ собит шавад, исмашро барои барканорӣ ба президент пешниҳод мекунанд. Дар ин сурат, имкон дорад, ки додситонӣ парвандаи ӯро таҳқиқ кунад.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ки нахост номаш зикр шавад, баҳс миёни сарбоз Фирӯз Атовуллоев ва раиси додгоҳ вақте сар задааст, ки аз ӯ хостаанд, нафари ҳамроҳи додрас буда шиносномаи худро нишон диҳад.

"Ҳоло додрас мегӯяд, сарбоз ӯро задааст, вале дар наворҳо дида мешаванд, ки ӯ сарбозро задааст. Ҳанӯз дар ин бора тасмими ниҳоӣ гирифт нашудааст,"—гуфт манбаъ аз Додгоҳи вилояти Хатлон.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Гузаргоҳи “Дараи Об”, ки баҳс онҷо шудааст, дар марз бо Афғонистон ҷойгир шуда, ҳамзамон аввалин гузаргоҳ аз пойтахту вилояти Хатлон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст.

"Чанд вақт шуд, ки бидуни ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, сарбозон дар посгоҳҳои назди марзӣ ба касе иҷозаи гузаштан намедиҳанд. Раиси додгоҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо як ҳамроҳаш ба посгоҳ меояд ва ҳуҷҷати худашро нишон медиҳад. Вақте сарбоз аз ҳамроҳи раиси додгоҳ ҳуҷҷат мепурсад, ӯ ҳуҷҷаташро нишон намедиҳад ва раиси додгоҳ аз мошин фаромада, сарбозро ду-се мушт мезанад. Сарбоз ҷароҳат мебардорад. Ҳамон вақт дигар сарбозони дар посгоҳ буда, онҳоро халос мекунанд. Нисбати ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст, аммо зидди додрас ё судя парванда боз шудааст ё не, ҳоло маълум нест,” - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Як дидбонгоҳи марзбонӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин
Як дидбонгоҳи марзбонӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Як манбаи дигар аз қисми Қисми марзбони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ин хабарро тасдиқ карда гуфт, ки онҳо баъди латукӯб шудани сарбозашон, Сарраёсати қушунҳои сарҳадиро хабардор карда буданд. Ба гуфтаи ин манбаъ, бо дастури Сарраёсати марзбонӣ, сарбозро аз ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ ҳам гузаронидаанд.

Латукӯби сарбоз дар камераҳои назоратӣ низ сабт шудааст. Дар наворҳои сабтшуда дида мешавад, ки Зоҳир Муминзода аз мошин фаромада сарбозро бо мушт мезанад.

Талошҳои мо барои суҳбат бо Зоҳир Муминзода, раиси Додгоҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин то ин дам бенатиҷа буд. Дар сурати дастрас шудан, назари Муминзода ба матлаб илова мешавад.

Посгоҳи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар марз бо Афғонистон қарор дошта, дарвозаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шумор меравад. Ҳамаи онҳое, ки ба ВМКБ ва ноҳияи Шамсиддини Шоҳин сафар мекунанд, танҳо бо нишон додани шиноснома иҷозаи убур дарёфт мекунанд.

Зоҳир Муъминзода, соли 2017 бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Додгоҳи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин таъин шуда буд. Пеш аз ин, Муъминзода додраси Додгоҳи вилояти Хатлон буд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG