Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни афв таҳия мешавад? Мансабдорон на рад мекунанд, на тасдиқ


Акс аз соли 2019
Акс аз соли 2019

Наздикони баъзе аз маҳбусон ба нақл аз пайвандони зиндонии худ гуфтанд, ки эҳтимол бахшида ба 30-солагии Қонуни асосии Тоҷикистон афв эълон шавад. Ин сана 6-уми ноябр таҷлил хоҳад шуд. Намояндагони Вазорати адлия ва ниҳодҳои дигари давлатӣ будани қонуни афвро тасдиқ ё инкор намекунанд.

Фарзанди яке аз маҳбусон бо шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, масъулони зиндон ҳуҷҷатҳои падарашро баррасӣ кардаанд. “Баъд аз санҷидани аснод гуфтаанд, ҷинояте, ки шумо содир кардаед, шомили афв намешавад,” – афзуд ӯ.

Як вакили мудофеъ низ рӯзи 15-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “тарҳи қонуни афв рӯзҳои наздик қабул ва расонаӣ хоҳад шуд”.

Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 16-уми октябр чизе нагуфта, салоҳиятро ба дӯши Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ гузоштанд. Ҳамон рӯз ягон масъули Сарраёсат ҳозир нашуд, ки мавзуъро шарҳ диҳад.

Сарусадо дар бораи қабули қонуни афв дар Тоҷикистон аз тобистони имсол мечархад. Бархе умедворанд, ки шояд ин дафъа фарҳангиён, рӯзноманигорон ва блогерони зиндонӣ ба он шомил шаванд. Музаффар Ашӯриён, вазири адлия, рӯзи 9-уми августи имсол дар нишасти хабарӣ қабули қонуни афвро рад ё тасдиқ накарда, гуфт, “ин салоҳияти истисноии президент аст”.

Қонуни афв таҳия мешавад? Мансабдорон на рад мекунанд, на тасдиқ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:19 0:00

Дар Тоҷикистон солҳои охир қабули қонуни афвро то лаҳзаи имзо шуданаш аз сӯйи президент расонаӣ намекунанд. Дафтари матбуоти порлумон ҳам рӯзи 16-уми октябр гуфт, “то кунун ҳеч лоиҳае ворид ва аз сӯйи вакилон баррасӣ нашуд”.

Қонуни асосии Тоҷикистон сӣ сол пеш, 6-уми ноябри соли 1994, қабул шуд. Дар ҳамин рӯз интихоботи президентӣ ҳам буд, ки Эмомалӣ Раҳмон баранда эълон шуд. Натиҷаҳои онро номзади дигар Абдумалик Абдуллоҷонов зери шубҳа гузошт.

Дар Тоҷикистон бори охир моҳи сентябри соли 2021 ба ифтихори 30-солагии истиқлол қонуни афв қабул гардид. Тибқи он ёздаҳуним ҳазор нафар аз ҷавобгарии ҷиноӣ ва адои ҷазо озод гардиданд. Дар умум ин қонун нисбат ба 16 ҳазор кас татбиқ шуд.

Соли 2019 ба муносибати 25-умин ва соли 2014 ба муносибати 20-умин солгарди қабули Қонуни Асосӣ низ дар Тоҷикистон қонуни афв қабул шудааст.

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон 17 бор қонуни авф қабул гардида, дар умум 170 ҳазор нафарро фаро гирифтааст.

Қонуни афв нисбат ба касоне, ки одам куштаанд, бо гуноҳи терроризму ифротгароӣ зиндонӣ ҳастанд, ҳукми абад гирифтаанд, ҷиноятҳои муқобили сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат содир кардаанд, татбиқ нахоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG