Cокини олмонитабори Тоҷикистон, Владимир Гритсан-Майер, 25 соли ахир талош дорад ба ватани бобоии худ-Олмон кӯчад.
Аммо ин орзуи чандсолааш амалӣ намешавад.
Гритсан-Майер мегӯяд, сафорат ва ҳукумати Олмон дар ин кор ба ӯ кумак намекунанд. Ӯ гуфт, “чанд бор муроҷиат кардам, номаҳои ман як папка аст. Ба сафорати Олмон, Салиби Сурх, чанд Канслери Олмон, ба куҷоҳое набуд, ки муроҷиат накарда бошам. Куҷое имкон буд, муроҷиат кардам.”
Ба Владимир ҳамеша посух додаанд, ки мунтазир бошад. Радиои Озодӣ бар пояи арзи ин шахс ба сафорати Олмон дар Тоҷикистон нома фиристод ва мунтазири посух аст. Гритсан-Майер мегӯяд, ба ин посух хушбин нест.
Шояд сабаб дар он аст, ки Гритсан-Майер як сарнавишти печида дорад. Вай 89 сол пеш дар Украина зода шудааст. Соли 1941 пас ишғол шудани Украина аз сӯи фашистҳои Олмон Владимир ва бародару модараш баЧехославакия, ки тобеи Олмон буд, бурда мешаванд. Пас аз поёни ҷанги ҷаҳонии дуввум, дар соли 1946 ӯ ва модарашро аз Чехославакия ба шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон муҳоҷир мекунанд:
“Дар Актюбинск ҳамаро тақсим карданд. Бархеро ба Қирғизистон, бархеро ба Узбекистон, моро бошад ба деҳаи Қулободи ноҳияи Ёвон фиристоданд. Ману модарам дар ин деҳа бе ҳаққи тарк кардани маҳалли зист маскун шудем. Ин соли 1946 буд. Ин қонун соли 1956 барҳам дода шуд ва ман хизмати ҳарбӣ рафтам. Ҳарчанд олмониҳоро дар Артиш роҳ намедоданд. Аз хизмати ҳарбӣ баргашта ба кор шурӯъ кардам,”—гуфт ӯ.
Вдалимир корро аз шогирди устои барқ сар карда то раҳбарии Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии муассисаҳои барқӣ расида аст. Дар нерӯгоҳҳои Нораку Сангтӯда кор кардааст. Солҳои 90- уми асри гузашта олмониҳо Тоҷикистонро тарк карда, ба ватани падарии худ баргаштанд. Зану ду духтараш ҳам ба Русия кӯчиданд. Аммо чун модараш бемори бистарӣ буд ва намехост аз Тоҷикистон равад, Владимир ҳамроҳи модараш монд. Модар соли 1998 фавтид ва аз ҳамон сол Владимир талош дорад, ба ватани таърихии худ Олмон баргардад, аммо муваффақ намешавад.
Сокинони маҳаллӣ, ки бо олмонитаборон кор кардаанд, онҳоро ҳалолкор ва меҳнатдӯст меноманд.
Нозимҷон Маҳмудов, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мегӯяд, аксари олмониҳое, ки Тоҷикистонро тарк карданд, соҳибкасб буданд. Ӯ гуфт, онҳо озода ва дақиқкор буданд.
Соли 1941 ҳудуди 41 ҳазор олмонитаборро аз Украина ва ҳавзаи дарёи Волгаи Русия ба Тоҷикистон бадарға карданд. Ҳамчунин пас аз хатми ҷанги дуввуми ҷаҳон боз чандин ҳазор асири олмониро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон фиристоданд. Соли 1989 дар Тоҷикистон бештар аз 32 ҳазор олмонитабор мезист. Ҳоло шумораи онҳо 400 нафар ҳисоб мешавад.
Гуфтугӯ