Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон барои бунёди роҳи оҳан аз Чин қарз мегирад


Шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон, 17-уми марти 2024
Шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон, 17-уми марти 2024

Чин барои сохтмони роҳи оҳани "Чин-Қирғизистон-Узбекистон" 2 миллиард доллар қарз медиҳад.

Дар ин бора мудири ширкати "Роҳи Оҳани Қирғизистон " Азамат Сакиев 18-уми июн дар ҷаласаи Кумитаи нақлиёт, иртиботот, меъморӣ ва сохтмони порлумони Қирғизистон хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, харҷи умумии лоиҳа тақрибан 4,7 миллиард доллар арзёбӣ мешавад ва ними ин пул - 2 миллиарду 350 миллион долларро Ширкати муштараки лоиҳавӣ, ки ба он Қирғизистон, Узбекистон ва Чин дохиланд, ҳамчун қарз дарёфт хоҳад кард.

"50 дарсади ин маблағро худи Чин ба кишварҳои иштирокдори лоиҳа қарз медиҳад. 50 дарсади боқиро ҷонибҳо бояд аз ҳисоби худ пардозанд", - изҳор доштааст Сакиев. Ба гуфтаи ӯ, саҳми Қирғзистон ҳудуди 700 миллион доллар аст.

Раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров 13-уми июн хабар дода буд, ки сохтмони роҳи оҳани "Чин-Қирғизистон-Узбекистон" моҳи августи имсол оғоз мешавад.

Аз рӯи нақша, роҳи оҳан дар ҳудуди Қирғизистон 311 киломер тӯл дошта, аз масири "Торугарт - Кош-Добо - Казарман - Ҷалолобод" мегузарад.

XS
SM
MD
LG