Раҳбарони баъзе аз созмонҳои Тоҷикистон аз Вазорати адлия хостанд, ки онҳоро низ ба таҳияи тарҳи қонуни нав "Дар бораи ташкилоти ҷамъиятӣ" ҷалб кунад. Ин даъват рӯзи 13-уми сентябр дар Хуҷанд садо дод.
Вазорат ҳанӯз посух нагуфт
Шунидем, ки дар лоиҳаи қонуни нав ин тартиб сабук гардида, гуфта шудааст, танҳо дар ҷараён гузоштани мақомот кофист. Агар ин тағйир ворид карда шавад, як мушкили аслии созмонҳои ҷамъиятӣ аз байн хоҳад рафт
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ин шабу рӯз дар пайи таҳияи қонуни нави фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ ҳастанд. Як мавзӯи муҳим дар ин тарҳ ифшои манбаи даромад ва барномаҳои сарфу харҷи созмонҳост. Вале раҳбарони созмонҳои ҷамъиятӣ мегӯянд, зоҳиран мақомот дар фикри боз ҳам таҳти назорати бештар гирифтани кори онҳо ҳастанд.
Дилрабо Cамадова, раиси "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ", гуфт, чанд созмонҳои шомили Эътилофи зидди шиканҷа ҳудуди ду ҳафта пеш ба Вазорати адлия пешниҳоди хаттии худро дар бораи шомил шудан ба гурӯҳи таҳиягарони қонун ирсол кард. Ӯ гуфт, ҳанӯз посухи ин дархостро нагирифтаанд.
"Дар бораи сабукиҳо низ шунидем"
“Аммо ба гӯши мо расид, ки қонуни нав вазъи созмонҳои ҷамъиятиро то ҳадде сабук хоҳад кард. Барои мисол, мо чанд мушкил дорем. Дар ҳолатҳои бе барномаву муваққатан бе кор мондан ё ба ҷойи дигар кӯчидан бояд созмони ҷамъиятиро бандем. Аз сари нав марҳилаи таҳияи ҳуҷҷатҳоро гузашта, созмонро сабтином кунем. Шунидем, ки дар лоиҳаи қонуни нав ин тартиб сабук гардида, гуфта шудааст, танҳо дар ҷараён гузоштани мақомот кофист. Агар ин тағйир ворид карда шавад, як мушкили аслии созмонҳои ҷамъиятиро аз байн мебурд”, - афзуд ӯ.
Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ташкилоти ҷамъиятӣ”-и амалкунанда соли 2007 қабул шудааст. Бино ба омори расмӣ, ҳоло дар кишвар 2400, аз ҷумла 500 созмони ҷамъиятӣ дар вилояти Суғд расман сабтином шудааст. Дар миёни онҳо бисёр созмонҳое сабтином шудаанд, ки дар амри таҳкими ҳуқуқи башар ва риояи қонунҳо дар ин самт кор мебаранд. Айни замон, ин созмонҳо эътироф мекунанд, ки дар ҳаёти фаъоли ҷамъиятӣ танҳо исми камшумори онҳо маълум аст.
"Вақте ҳимояти молӣ нест..."
Солҳои охир шумори созмонҳои ҷамъиятӣ коҳиш ёфтааст. Барои мисол, дар 8 моҳи аввали ҳамин сол мақомот аз барҳам хӯрдани 20 созмони ҷамъиятӣ дар вилояти Суғд хабар додаанд.
Рӯзи 13-уми сентябр чаҳор созмони ҷамъиятӣ - “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, Анҷумани зиёиёни илмиву техникӣ, созмони “Гулрухсор” ва “Гурдофарид” барои нахустин бор дар шаҳри Хуҷанд як нишасти хабарӣ оростанд.
Сабоҳат Бобоҷонова, аз масъулони созмони занони “Гулрухсор” дар Хуҷанд, камрангии нақши созмонҳои ҷамъиятӣ дар мусоидат ба ҳалли мушкилот ва дарди мардумро ба мушкил шудани дарёфти грантҳо ва заъфи кору фаъолияти созмонҳо дар солҳои охир рабт дод. Ин дар ҳолест, ки солҳои охир дар робита бо мавридҳои барҷастаи нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар кишвар, назири водор кардан ба худкушии ҳамсарон ё назорати либоси мулкии шаҳрвандон фаъолони ҳуқуқ садо баланд намекунанд.
Сабоҳат Бобоҷонова гуфт, ҳамаи созмонҳои ҷамъиятӣ ниёз ба пуштибонии молии барномаҳои кории худ доранд ва гоҳо бе маблағ мондани барномаҳо боис ба камранг шудани ҳузури онҳо дар ҷомеа мешавад. Сабоҳат Бобоҷонова гуфт, “масалан, мо низ боре 3 моҳ бе маблағ кор кардем. Чунки занони муҳтоҷи ёриву дастгирии мо дарамонро шабу рӯз мекӯфтанд. Вале дар маҷмӯъ, коҳиши маблағгузорӣ ба кори ташкилоти ҷамъиятӣ таъсир мерасонад.”
Дар ҳашт моҳ 20 созмон барҳам хӯрд
Дар маҷмӯъ дар солҳои охир шумораи созмонҳои ҷамъиятӣ коҳиш ёфтааст. Барои мисол, дар 8 моҳи аввали ҳамин сол мақомот аз барҳам хӯрдани 20 созмони ҷамъиятӣ дар вилояти Суғд хабар додаанд.
Маҳдуд шудани фазои фаъолият, фишори мақомот, назорати шадид ва санҷишу тафтишҳои зиёд, ҷорӣ шудани тартибу қоидаҳои нав, мисли дар ҷараён гузоштани мақомот аз манбаи буҷадиҳанда ва ҳадафҳои масрафи пул – боис ба қатъи фаъолияти бархе созмонҳои ҷамъиятӣ шудааст.
Коршиносон мегӯянд, солҳои охир созмонҳои ҷамъиятӣ ва фаъолияти онҳо ҳам мисли кори ҳизбҳои сиёсиву расонаҳои мустақил зери заррабин қарор дорад. Қаблан мақомот бо нигаронӣ гуфтанд, ки беш аз 4 миллиард сомонӣ маблағи грантии созмонҳои ҷамъиятӣ бояд назорат шавад. Бархе дигар коршиносон мегӯянд, ҳароси давлат ин аст, ки шояд ин маблағҳо аз роҳҳои ғайриқонунӣ барои бебандубор кардани вазъи сиёсии кишвар равона нашавад. Ҳарчанд то имрӯз дар Тоҷикистон матбуот дар бораи ягон мавриди истифодаи маблағҳои грантии созмонҳои ҷамъиятӣ бо ҳадафҳои ғайриқонунии сиёсӣ гузориш надодааст.
Мактаби созмонҳои ғайриҳукуматӣ
Қаблан созмонҳои ҷамъиятӣ дар Хуҷанд дар маҳфили “Мактаби созмонҳои ғайриҳукуматӣ” ба ҳам меомаданд. Онҳо дар маҳфилҳо аз мушкилот ва бурду бохтҳои худ суҳбат мекарданд ва роҳҳали онҳоро ҷустуҷӯ мекарданд. Вале аз байн рафтани ин маҳфил дар солҳои охир дар пай парокандагии созмонҳоро доштааст. Ирода Бобоҷонова, мудири иҷроияи “Ассосиатсияи зиёиёни илмиву техникӣ - АНТИ” гуфт, «ба назари ман, бояд ин мактаби созмонҳои ғайриҳукуматиро барқарор кунем. Ман аз созмонҳои ҷамъиятӣ даъват мекунам, дар бораи худу фаъолияташаон ба сокинон бисёртар нақл кунанд.”
Нишасти хабарии созмонҳои ҷамъиятӣ дар Хуҷанд бори аввал доир гардид. 4 созмони ҷамъиятӣ ин иқдомро ҳисобот додан аз фаъолияти худ ба хотири таъмини шаффофият, наздикӣ бо мардум ва қабули пешниҳоду тавсияҳо номиданд. Онҳо гуфтанд, ки чунин нишастро дар оянда ҳар се моҳ як бор баргузор ва созмонҳои дигари ҷамъиятиро низ ба ҳамроҳ шудан даъват хоҳанд кард.