Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ раиси ҷумҳури оянда хоҳад шуд? ВИДЕО


Дар Қирғизистон то камтар аз 10 рӯзи дигар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор мешавад ва айни замон тарғиботи интихоботӣ идома дорад. Сездаҳ нафар барои курсии раёсати ҷумҳурӣ мубориза мебаранд ва ин корзор рӯз ба рӯз доғтар мешавад. Дар бораи ҷараёни корзори интихоботӣ дар Қирғизистони ҳамсоя сӯҳбате доштем бо Гулоим Ашакеева, шореҳи бахши қирғизии Радиои Озодӣ.

Навори суҳбатро дар инҷо тамошо кунед:

Кӣ Президенти ояндаи Қирғизистон хоҳад шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:53 0:00

Радиои Озодӣ: Тавофути интихоботи имсолаи Қирғизистон аз интихоботи гузашта дар чӣ аст?

Гулоим Ашакеева: “Тавре худи Шумо медонед, дар Қирғизистон чорабиниҳои сиёсӣ ва бахусус интихобот бисёр пуршиддат сурат мегиранд. Имсол теъдоди номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳур зиёд ва 13 нафар аст. Яке аз онҳо зан аст. Ҳоло корзори таблиғотии номзадҳо идома дорад ва ба авҷи худ расидааст. Баъд аз 10 рӯз маъракаи таблиғотӣ ба поён мерасад ва рӯзи 15-уми октябр интихобот баргузор мешавад. Аз миёни ин 13 нафар рақобати асосӣ ва воқеӣ байни ду нафар сурат мегирад. Яке аз онҳо номзади тарафдори ҳукумат ва нахуствазири собиқ Сооронбой Ҷеенбеков аст, ки ҳамчун як сиёсатмадори обрӯманд шинохта шудааст. Номзади дувум соҳибкори ҷавон ва як фарди сарватманди Қирғизистон, вакили порлумон Омурбек Бабанов аст. Ӯ ҳам тақрибан як сол нахуствазир буд. Омурбек Бабанов, вакили маҷлис ва раиси ҷиноҳи порлумонӣ аст. Ҳоло байни ин ду номзад муборизаи сахте идома дорад. Бақияи номзадҳо маъракаҳои таблиғотии начандон фаъол мебаранд ва айни замон дар байнашон сӯҳбатҳое ҳаст, ки кадом номзадро дастгирӣ кунанд. Номзади тарафдори ҳукуматро ва ё номзади мухолифони давлатро. Ҳоло ҳамингуна бозиҳои сиёсӣ дар атрофи ду номзади асосӣ идома дорад. Ин андеша вуҷуд дорад, ки мумкин аст, интихобот ба давраи дувум кашида шавад, зеро дар даври аввал, яъне рӯзи 15-уми октябр ҳеҷ номзаде ба қадри кофӣ раъй ба даст намеорад.”

Гулоим Ашакеева
Гулоим Ашакеева

Радиои Озодӣ: Раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро муттаҳам мекунанд, ки бо изҳороте дар ҷараёни корзори таблиғотӣ аз Сооронбой Ҷеенбеков, яке аз шарикони наздикаш ҳимоят мекунад. Иттиҳомот аз куҷо сарчашма мегирад?

Гулоим Ашакеева: “Шумо низоми давлатдорӣ дар Қирғизистонро медонед, ки низоми порлумонӣ аст. Номзад ба мақоми раиси ҷумҳурро аҳзоби сиёсӣ пешниҳод мекунанд ва Сооронбой Ҷеенбеков, номзади ҳизби ҳокими Қирғизистон ва ҳизби Алмосбек Отамбоев аст. Мантиқист, ки ҳизби ҳоким Ҷеенбековро дастгирӣ мекунад, вале худи Алмосбек Отамбоев ҳамин рӯзҳо гуфт, таҳқиқоти афкори умум нишон додааст, ки 65 дарсади мардум Сооронбой Ҷеенбековро тарафдорӣ мекунанд. Ин баёнияи раиси ҷумҳур, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносонро ба хашм овард ва онҳо гуфтанд, ки чаро раиси ҷумҳур дар авҷи маъракаи таблиғотӣ як номзадро ҳимоят мекунад. Вале Алмосбек Отамбоев қабл аз оғози маъракаи таблиғотӣ ҳам гуфта буд, ки ба Сооронбой Ҷеенбеков эътимод дорад, чун ӯ ҳамон хатти машеро идома медиҳад, ки Алмосбек Отамбоев шаш соли ахир пеш гирифта буд. Мо наметавонем, бигӯем, ки президент ошкоро аз Сооронбой Ҷеенбеков ҳимоят мекунад, вале азбаски раҳбари аввали давлат аст, суханаш рӯи ҷомеа таъсир дорад. Ӯро ба тарафдории ошкор аз номзади ҳизби худ муттаҳам мекунанд.”

Сооронбой Ҷеенбеков
Сооронбой Ҷеенбеков

Радиои Озодӣ: Шиорҳои номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳур кадоманд, беҳтар кардани вазъи иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ё чизи дигар?

Гулоим Ашакеева: “Бале, номзадҳо ҳаргуна ваъда медиҳанд. Омурбек Бабанов, тавре гуфтам, номзади ҷавон ва маъруф аст. Дар байни сиёсатмадорон дар Қирғизистон обрӯи баланд дорад. Барномаҳояш мавриди таваҷҷӯҳи ҷавонон қарор гирифтаанд, барои муҳоҷирон, барои рушди технологияҳои нав, барои ақаллиятҳои миллӣ барномаҳо пешниҳод кардааст. Яъне, Омурбек Бабанов саъй кардааст, ки дили тамоми бахшҳои ҷомеаро ба даст орад. Сооронбой Ҷеенбеков аз ҳамон аввал ваъда додааст, ки хатти маши пешгирифтаи ҳукумати феълиро идома медиҳад. “Мо барои тамоми мардуми Қирғизистон кор мекунем” шиори интихоботии ӯст. Вале коршиносон мегӯянд, ин як шиори умумӣ аст ва маълум нест, чиро дар бар мегирад, иқтисод, иҷтимоиёт, сиёсати хориҷӣ ва ё чизи дигарро.”

Акси таблиғотии Омурбек Бабанов
Акси таблиғотии Омурбек Бабанов

Радиои Озодӣ: Матбуоти Қирғизистон ҳоло дар бораи дахолати унсурҳо ва ҳалқаҳои ҷиноӣ ба интихобот менависанд. То куҷо ин гузоришҳои онҳо воқеият дорад?

Гулоим Ашакеева: “Мутаассифона, унсурҳои ҷиноӣ ҳамчунон як бахши фаъол дар ҷомеа ва ҳатто сиёсатмадорони Қирғизистон боқӣ мемонад. Дар Қирғизистон ду инқилоб шуд ва ҳарду дафъа ба онҳо унсурҳо ва гурӯҳҳои ҷиноӣ шомил буданд. Мо наметавонем ин ҷанбаро нодида бигирем, чун таърих ва далелҳо инро собит мекунанд. Гурӯҳҳои ҷиноии бонуфуз, афроди бонуфузи ҳалқаҳои ҷиноӣ аз замони интихоботи раиси ҷумҳури собиқ Аскар Оқоев дар ин корзор дахолат кардаанд. Ҳатто дар байни сиёсатмадорон дар порлумон нуфуз доранд. Дар порлумон аъзои собиқи гурӯҳҳои ҷиноӣ соҳиби курсӣ ҳастанд ва ҳамингуна дар ҳукумати иҷроия низ. Айни вазъ ҳоло ҳам идома дорад ва таҳлилгарони мо мегӯянд, ҳам нерӯҳои тарафдори ҳукумат ва ҳам нерӯҳои мухолиф саъй мекунанд, ки ҳимояти чунин унсурҳоро ба даст биёранд. Касе дар ин бора ошкоро сӯҳбат намекунад ва ин гуфтаҳоро ҳам рад намекунад. Гурӯҳҳои ҷиноӣ дар гузашта нақш доранд ва ҳоло ҳам дар канор намеистанд. Гурӯҳҳои ҷиноӣ нуфуз ва пул доранд, метавонанд бо раъйдиҳандагон кор кунанд. Бисёре аз ин афрод аз маҳаллаҳои дурдаст ва деҳот ҳастанд ва, албатта, мардум дар онҷо ба ҳарфашон гӯш медиҳанд, барояшон муҳим нест, унсурҳои ҷиноӣ ҳастанд ваё аз гурӯҳи дигар.”

XS
SM
MD
LG