Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бабанов: Агар Исоев аз ман ҳимоят намекард, боздошт намешуд


Омурбек Бабанов дар нишасти хабарии 1-уми октябр
Омурбек Бабанов дар нишасти хабарии 1-уми октябр

Омурбек Бабанов, номзад ба мақоми президенти Қирғизистон, рӯзи 1-уми октябр дар робита ба боздошти вакили порлумони ин кишвар Қанотбек Исоев, ки дар парвандаи Додситонии кулл аз тарафдорони фаъоли ӯ гуфта шудааст, изҳори назар кард. Исоев рӯзи 30-юми сентябр аз тарафи нирӯҳои амниятӣ боздошт шуд. Мақомот ӯро барои омодагӣ ба ташкили бесуботӣ дар ҷараёни интихоботи президентӣ ва ғасби ҳукумат аз роҳи зӯр муттаҳам карданд.

Омурбаек Бабанов гуфт, “фақат додгоҳ метавонад, касеро гунаҳкор эълон кунад. Бояд фаромӯш накунем, ки дар Қирғизистон ҳанӯз фарзияи бегуноҳӣ ё эҳтимоли бегуноҳии шахс вуҷуд дорад.”

Ин номзад ба мақоми президенти Қирғизистон гуфт, тамоми чораҳоро хоҳанд дид, то тафтишот шаффоф сурат гирад. Ӯ гуфт, “ҳоло Қанотбек Исоевро ба омодагӣ барои ғасби ҳукумат муттаҳам мекунанд. Аммо ба ҷуз он маводе, ки расонаҳо нашр карданд, чизи дигареро надидам. Ман аслан дар бораи табаддулоти давлатӣ ягон гап нашунидам. Мехоҳам бигӯям, ки агар Қанотбек Исоев аз ман ҷонибдорӣ намекард, фикр мекунам, барояш ин мушкил пеш намеомад.”

Додситонии кулли Қирғизистон рӯзи 30-юми сентябр аз ифтитоҳи парванда алайҳи Қанотбек Исоев хабар дода, ӯро барои “сӯиқасди ҷиноят”, “шӯриш” ва “ғасби ҳукумат аз роҳи зӯр” муттаҳам кард. Ба дунбол мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфтанд, ки Қанотбек Исоев “барои ташкили ноамниҳо бо намояндагони гурӯҳҳои ҷиноӣ дар иртибот буд” ва шахсан ба онҳо маблағи калон додааст.

Ҳоло тафтиши қазия идома дорад.

Интихоботи президентии Қирғизистон рӯзи 15-уми октябри имсол баргузор хоҳад шуд. Қаблан мулоқоти Омурбек Бабанов бо раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев баҳси тундеро миёни мақомоти ду кишвар ба по карда буд.

XS
SM
MD
LG