Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар навбати як порча пояндози Эмомалӣ Раҳмон (ВИДЕО)


Лаҳзае аз сафари Э.Раҳмон ба Ҳисор
Лаҳзае аз сафари Э.Раҳмон ба Ҳисор

Идораи кор бо занони Ҳисор феҳристи занони фаъол ва аз 60-сола болои ин ноҳияро рӯйхат дорад, то пояндози беш аз 200-метрии Эмомалӣ Раҳмонро миёни онҳо "боадолатона" тақсим бикунад.

Аз пояндози пеши пойи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ноҳияи Ҳисор ба Бибисайрамой Кароматуллоева, сокини ҷамоати алмоиси ин ноҳия ҳамагӣ як порча сони сафед ё сафедии пояндоз расидааст. Ин матоъро ӯ бо ният барои тӯйи фарзанди хурдиаш гирифтааст ва пораеро ҳам баъд аз хоҳишҳои зиёд ба ҳамсояааш додааст.

Бибисайрамой Кароматуллоева мегӯяд, “мо онро ба ин мақсад гирифем, ки фарзандҳоро тӯй кунему пеши пойи онҳо партоем. Ба монанди Ҷаноби Олӣ бадавлату басавлат шаванд.”

Аз мақомоти ҷамоати Алмосӣ ба Бибисайрамой ваъда додаанд, ки аз матои аслии пойандози президент ҳам, ки бахмали сурх буд, барояш тибқи дастури президент як пора “табаррукӣ” медиҳанд.

Тақсими пояндози Эмомалӣ Раҳмон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:21 0:00

Тақдими матои пеши пойи президент ба занони аз синни 60 болои ноҳияи Ҳисор дастури худи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст. Ӯ зимни сафари ахираш ба ҷамоати Алмосии ноҳияи Ҳисор барои бунёди як боғ, баъди гузаштан аз рӯйи пояндозе, ки беш аз 200 метр дарозӣ дошт, масъулонро муваззаф кард, ки ба ҳар зани солманд аз номи ӯ ба андозаи 3 метр аз ин матоъ тақдим кунанд.

Масъули бахши кумитаи кор бо занони ноҳияи Ҳисор ҳоло бо таҳияи як рӯйхат мехоҳанд, ки матои пеши пойипрезидентро ба занони болотар аз 60-сола ва фаъоли ноҳия бидиҳанд.

Мақомоти маҳаллии ноҳияи Ҳисор мегӯянд, маъмулан зимни чунин сафарҳои президент ба ноҳия зери пойи ӯ қолин партофта мешуд, аммо ин бор ба хотири аввалин сафараш баъди зиёрати хонаи Худо, барояш пояндоз аз матои бахмали сурх густурдаанд. Бунафша Дӯстова, мудири шӯъбаи кор бо занони ноҳияи Ҳисор дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, “баъди ин дастури президент, ки матоъ ба занҳои аз 60-сола боло тақсим шавад, мақомот тасмим гирифт, ин тӯҳфаи пешвои миллатро ба бонувон

чун як “табаррук” бидиҳанд. Дар ноҳияи Ҳисор 12 ҷамоати шаҳраку деҳот мавҷуд аст ва мо тасмим гирифтем, ки ба бонувони хизматнишондода ин матоъро тақсим кунем.”

Аммо масъулони кор бо занони ноҳияи Ҳисор мегӯянд, ки барои тақсими баробари пояндози президент маҷбуранд на 3-метрӣ, ҳамон тавре президент хостааст, балки ба ҳар зан як пораи хурде аз онро тақдим кунанд. Гуфта мешавад, баъди даъвати президент барои тақсими матоъ ба занон, онҳое, ки дар ин ҷамъомад ҳузур доштаанд, ҳар кадом талош кардаанд, ки барои худ як порчаи аз онро бигиранд ва дар дасти масъулон ҳам як қисмати на чандон зиёди ин матоъ боқӣ мондааст.

Густурдани пояндоз ба нишони эҳтиром дар Тоҷикистон маъмулан зимни қабули меҳмонҳои олиқадр, ҷашнҳои арӯсӣ, омадани аскарбачаҳо, ҳоҷиён ва ҷашну маросимҳои дигар маъмул аст. Расм аст, ки баъд аз гузаштани меҳмон аз болои он, мардум бо ният талоши бо худ гирифтани пояндозро мекунанд ва ё он ба нафаре аз меҳмонҳо тақдим мешавад.

Исмоил Иброҳимов, фарҳангшиноси тоҷик, мегӯяд: “Ин як расми қадимии мо аст, ки ба унвони ҳурмату эҳтиром зимни қабули меҳмон ва онҳое, ки аз зиёрати хонаи Худо меоянд густурда мешавад. Ин анъана то ҳол дар ҳар минтақаҳои Тоҷикистон роиҷ аст.”

Мақомоти маҳаллӣ маъмулан аз сафарҳои раисиҷумҳур ба манотиқи кишвар шоуи калон месозанд ва пешвози муҷаллали президентро ҳадафи аслӣ қарор медиҳанд. Ҳангоми мулоқоти президент бо мардуми кишвари худаш ба пешвози ӯ қолин ва матоъҳои қиматбаҳо андохта мешавад.

Дар гузашта бисёр чеҳраҳои шинохта аз аз шеваи ботантана ва пурхароҷоти пешвози президент дар минтақаҳо ва баъзан ба иғроқ бурдани, ҳатто болои замини киштукор низ ба пешвози ӯ қолин партофтан, интиқод кардаанд. Агарчӣ ин бори аввал аст президент мехоҳад пояндозашро тақсим кунанд, вале гуфта мешавад то имрӯз пояндозҳои зери пойи ӯро мансабдорону масъулин байни худ тақсим кардаву нигоҳ медоштаанд.

XS
SM
MD
LG