Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арчаи солинавии Душанбе 27 метр хоҳад буд. ВИДЕО


Дар маркази Душанбе насби арчаи солинавӣ шурӯъ шуд. Мақомот гуфтанд, ки имсол баландии арча 27 метр – баробар бо синни истиқлоли Тоҷикистон – хоҳад буд.

  • Арчаи солинавӣ имсол на дар макони ҳарсолааш, назди бинои порлумон, балки чанд метр дуртар аз он ва дар паҳлӯи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гузошта мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамагуна иду хурсандӣ, новобаста ба мазҳабӣ ё миллӣ буданаш, бо ҳадафи шодмонии мардум ташкил мешавад

Бо садҳо сӯзанбарги сунъӣ

Мақомоти шаҳри Душанбе рузи 30-юми ноябр ва дар охирин рӯзи тирамоҳ ба сохтани поя ва қолаби арчаи идона шурӯъ карданд. Интизор меравад, арча на дертар аз 10-уми декабр комилан ороста шавад.

Шарофиддин Талабов, муовини раиси идораи “Рекламаи берунӣ ва ороиши Душанбе” рӯзи 30-юми ноябр ба Радиои Озодӣ, гуфт, арчаи солинавӣ бо 1600 навдаи сӯзанбарги сунъӣ ва 12 ҳазор бозича ва чароғакҳо сохта мешавад. Арчаи имсола ду метр баландтар аз арчаи соли гузашта хоҳад шуд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бубинед:

Арчаи солинавии Душанбе 27 метр хоҳад буд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00

Тарафдорону мухолифон чӣ мегӯянд?

Соли нав ба унвони иди расмӣ дар Тоҷикистон шаби 31-уми декабр таҷлил мешавад. Таҷлили таҳвили сол дар Тоҷикистон аз замони Шӯравӣ мондааст, вале бо афзоиши ақидаҳои мазҳабӣ, баъзе қишри ҷомеаи Тоҷикистон аз ин ид канорагирӣ мекунанд.

Ин гуруҳ соли навро иди бегона ба фарҳанги мардуми тоҷик арзёбӣ карда, ба аҳамияти бештари ду иди мазҳабӣ – Қурбон ва Рамазон таъкид мекунанд. Аммо ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, баробар бо эҳтиром ба арзишҳои миллӣ сиёсати дунявиро пеш мебарад.

Рӯзи 30-юми ноябр шурӯи корҳои насбкунии арчаи имсолаи солинавиро ҷонибдорону мухолифони таҷлили иди соли нав назорат мекарданд. Умедҷон Эргашев, ки аз шаҳри Панҷакент ба Душанбе омадааст, гуфт, аз дидани арчаи идона шод шуд. Ба гуфтааш, то имрӯз арчаи солинавии пойтахтро аз тариқи телевизион дидааст ва ҳоло ният кард, ки баъди пурра оро ёфтани он ҳамроҳ бо дӯстонаш “селфи” мегирад.

"Талош барои коҳиши мазҳабишавии ҷомеа​"

Фотима Эшонқулова, як сокини Душанбе ҳам оростани арчаро “як ид” номид, ки фазои шаҳрро шоду чароғон мекунад. Вале бархе дигар тамошобинон гуфтанд, “арча аслан лозим нест”. Ҷавоне, ки худро Ҷамшед муаррифӣ кард, гуфт, “арча ва соли нав моли мо, тоҷикон нест”.

​Бархе сокинони Тоҷикистон мегӯянд, оростани арчаҳои боҳашамати солинавӣ бо сари кор омадани шаҳрдори нав Рустами Эмомалӣ расм шуд. Далери Имомалӣ, хабарнигори тоҷик, шаҳомати дубораи соли навро ба талоши коҳиш додани равандҳои мазҳабишавӣ дар ҷомеа рабт медиҳад. Ба мушоҳидаи Далери Имомалӣ, "ин талошҳои шаҳрдорӣ то андозае натиҷа додааст".

Рӯзҳои истироҳат кадом аст?

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, ҳама иду хурсандӣ, новобаста ба мазҳабӣ ё миллӣ буданаш, бо ҳадафи шодмонии мардум ташкил мешавад ва баҳонаи сарҷамъ шудани хонаводаҳо дар сари як дастурхон аст. Далери Имомалӣ гуфт, бо ин ки ихтилофи назарҳои ҷонибдорону мухолифони Соли Нав бармало нест, ҳодисаи қатли ҷавоне, ки шаби 31-уми декбари соли 2012 бо либоси Бобои барфӣ дар тан ба табрики ҳамсояҳо баромада буд, аз хотири бисёриҳо дур нашудааст.

Бар асоси барномаҳои имсолаи мақомот, қарор аст, рӯзҳои 1-2-юми январи соли 2019 истироҳати расмӣ барои коргарон ва то 10-уми январ таътили зимистонаи шогирдони мактабҳо аст.

XS
SM
MD
LG