Се ҳафта пеш аз расидани Соли нав маркази Душанберо арчаи 25-метраи солинавӣ оро дод ва баробар бо ин дар чанд нуқтаи дигари пойтахт, аз ҷумла, дар назди театри Операву балети ба номи Садриддин Айнӣ ва Сирки давлатии Тоҷикистон арчаҳои зиндаи солинавӣ қомат афрохтанд.
Биноҳои маъмурии саросари пойтахт бо рамзҳои солинавӣ, аз ҷумла, навиштаҷоти табрикиву овезаҳои идона оро дода шудааст. Омодагии Душанбе ба истиқболи Соли нав як моҳ пеш аз фарорасии соли 2018
Дар шароити сулҳи Тоҷикистон матраҳ кардани ин мавзӯъ худ «як иштибоҳи бузург» аст ва тибқи қонунгузории кишвар низ монеъшавӣ ба таҷлили Соли нави мелодӣ мухолифат ба арзишҳои дунявии давлатдории тоҷикон дониста мешавад
шурӯъ шуд ва аксар сокинон дарк карданд, ки дар тафовут бо солҳои гузашта, ки арчаи солинави рӯзҳои 28 ваё 30 декабр ва барои чанд рӯз оро дода мешуд, имсол мақоми ин ид барҷастатар мешавад.
Зимнан, шаҳрдории Душанбе дастур додааст, ки куллия муассисоти пойтахти Тоҷикистон барои таҷлили соли нави мелодӣ омодагии хуб бинанд ва ҳамаи биноҳои шаҳр бо рамзҳои солинавӣ оро дода шаванд. Дар бозорҳои Душанбе ҳам фурӯши арчаи солинавӣ ва ороишоти идона ҷараён дорад, чизе, ки солҳои гузашта камтар мушоҳида мешуд.
Муҳаббат Қӯйсунова, яке аз даз фурӯшандаи арчаву маҳсулоти идонаи солинавӣ дар бозори “Корвон”, бузургтарин фурӯшгоҳи Душанбе гуфт, дар солҳои гузашта онҳо фурӯши арча ва ороишоти онро танҳо дар нимаи дувуми моҳи декабр оғоз мекарданд. Вай гуфт, имсол дар пайи талаботи харидорон тасмим гирифтаанд фурӯши ин маҳсулотро аз аввали моҳи декабр шурӯъ кунанд. Хонум Қӯйсунова дар ин бора гуфт:
"Ман дар ин бозор тӯли даҳ соли ахир ба фурӯши арчаи солинавӣ ва ороишоти он машғулам. Албатта, солҳои қаблӣ талабот ба ин маҳсулот зиёд буд. Вале ду-се соли ахир мардум камтар ба ин маҳсулот таваҷҷӯҳ мекарданд. Имсол аз охири моҳи гузашта харидорон пайваста аз ман арчаву бозичаҳои онро мепурсиданд. Ба ин хотир аз аввали моҳи ҷорӣ фурӯши арчаву ороишоти солинавиро оғоз кардам. Ман ин маҳсулотро асосан аз Чин ба Тоҷикистон меоварам".
Аз Афғонистон ба Душанбе барои таҷлили Соли нав
Зимнан, ҳангоми сӯҳбат бо харидорони бозори “Корвон” бо бонуе вохӯрдем, ки худро Ёсуман, шаҳрванди Афғонистон муаррифӣ кард. Вай дар сӯҳбат гуфт, ки феълан бо сафаре ба Душанбе омада ва мехоҳад бо хонаводааш аз фарорасии Соли нави мелодӣ таҷлил кунад.
Ёсуманбону афзуд, ки дар Афғонистон, ки кишвари исломӣ мебошад, аз фарорасии соли нави мелодӣ таҷлил намекунанд. Аммо барояш таҷлили ин рӯз хеле ҷолиб менамояд ва ба ин далел дар бозор барои худ ниқоби солинавие харидорӣ мекард. Дар ин бозор бо Манучеҳр Саидови 19-сола сӯҳбат кардам, ки машғули интихоби арчаи солинавӣ буд.
Вай гуфт, ки имсол хонаводааш тасмим гирифтааст 31 декабр Соли нави мелодиро таҷлил кунад. Вай афзуд, касе аз наздиконаш ба ин тасмими хонаводагиаш монеъ нашудааст. Манучеҳр дар ин бора гуфт: «Медонам, ки чанд соли ахир миёни дӯстонам таҷлили соли нав чандон пазируфта намешуд. Вале дар хонавода мо тасмим гирифтем, ки ба хотири омадани соли хубу пурфайзи оянда бояд онро башукӯҳ таҷлил кунем. Ба ин хотир ман ҳоло арчаи зебову ороишоти онро харидорӣ мекунам».
Иди бегона?
Бархе масъулон бозори «Корвон» мегӯянд, таҷлил аз Соли нави милодӣ воқеан ҳам гоҳо боиси баҳсу мунозира бо харидорон мешавад. Бархе мухолифони таҷлили ид ва бештар афроди муҳофизакор соли навро «иди бегона» ваё «иди мазҳабии ғайримусалмонӣ» меноманд ва аз таҷлили он фосилагирӣ мекунанд.
Шумори онҳое, ки соли навро дар хонаҳои худ таҷлил намекунанд ва ин идро моли бегона ба фарҳангу мазҳаби худ медонанд, кам нест. Коршиносон мегӯянд, ҳукумати Тоҷикистон, ки ифротгароии мазҳабиро аз хатарҳои аслии амниятӣ арзёбӣ мекунад, бо ҳифз ва то ҷое барҷаста кардани иди Соли нав мехоҳад арзишҳои дунявиро талқин кунад. Соли нави милодӣ дар Тоҷикистон аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ таҷлил мешавад ва дар давоми 70 сол ин ҷашн, ба унвони рамзи таҳвили сол аз рӯи фарҳанги байналмилалӣ дар кунҷу канори Тоҷикистон дар шароити хона таҷлил мешуд.
Вале бо афзоиши нақши дину мазҳаб, ақидаи нозарур будани идҳои «ғайритоҷикӣ ва ғайримусалмонӣ» ҳам ҷой гирифт ва шумори зиёди ҷавонон дар Тоҷикистон танҳо Наврӯзро ба унвони иди Соли нави миллӣ ва Рамазону Иди Қурбонро чун идҳои аслии мардуми мусалмони Тоҷикистон эътироф мекунанд. Ҳодисаи куштори Парвиз Давлатбеков дар Душанбе аз ҷониби гурӯҳи ҷавонон шаби соли нави 2011 ба 2012, ки бо либоси Бобои Барфӣ ҳамсояҳоро табрик мекард, барои мақомоти тоҷик бонги изтироби ҷиддие шуд, ки ҷомеа ба самти хатарнок ҳаракат мекунад.
"Тоҷикистон кишвари дунявӣ аст"
Бархе коршиносон мегӯянд, ки баъди ин ҳодиса тарзи таҷлили Соли нав дар Тоҷикистон гӯё ба як санҷиш табдил шуд, ки то муносибати ҷомеа ба таҷлили як иди дунявиро нишон медиҳад. Олимҷон Салимзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти парлумони Тоҷикистон рӯзи 7 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Тоҷикистон як кишвари дунявӣ аст ва рабт додани таҷлили Соли нави мелодӣ ба мазҳабе комилан дуруст нест. Ба эътиқоди ҷаноби Салимзода, ин як ҷашни тақвимист ва хоси ҳеҷ мазҳабе нест.
Олимҷон Салимзода мутмаин аст, ки дар шароити сулҳи Тоҷикистон матраҳ кардани ин мавзӯъ худ «як иштибоҳи бузург» аст ва тибқи қонунгузории кишвар низ монеъшавӣ ба таҷлили Соли нави мелодӣ мухолифат ба арзишҳои дунявии давлатдории тоҷикон дониста мешавад. Бархе таҳлилгарон мегӯянд, муборизаи ҳукумат зидди ифротишавии ҷомеа, муҷозоти садҳо нафар бо гумони пуштибонӣ аз пайвастшавӣ ба гурӯҳҳои хатарноки мазҳабӣ, аз ҷумла ба гурӯҳи ба истилоҳ «Давлати исломӣ», то андозае натиҷа дод.
Ҳоло афроде, ки бихоҳанд мавқеи худро дар бораи дину мазҳаб баён кунанд, андеша мекунанд, ки ин назари онҳо боиси мушкил нашавад. Як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт, дар чанд соли гузашта бархе ҳамсояҳо оилаи ӯро барои таҷлили Соли нав интиқод мекард ва ӯ маҷбур шуд, ки дар хона арча нагузорад. Вале ҳоло ин ҳамсоя ва дигарҳо аз сӯҳбат ва дахолат ба ин мавзӯъҳо худдорӣ мекунад. Ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт, ки имсол ҳатман арча харида барои фарзандонаш ид мекунад. Вай гуфт, пешвози соли нав дар хонаи ӯ ба ҳеҷ сурат эътибори ҳамсояҳояшро, ки назари дигар доранд, паст намезанад ва онҳо низ то андозае дарк карданд, ки набояд ба кору маишати ҳамдигар кордор бошанд.