Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Чаҳор хориҷӣ қасди таркиш дар Суғдро дошт" ВИДЕО, САДО


Тамрини зиддитеррористии пулиси Суғд дар ноҳияи Шаҳристон. Рӯзи 27-уми июли соли 2017
Тамрини зиддитеррористии пулиси Суғд дар ноҳияи Шаҳристон. Рӯзи 27-уми июли соли 2017

Пулиси вилояти Суғд дар ним соли гузашта аз эҳтимоли роҳандозии ду ҳамлаи террористӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва шаҳри Истаравшан ҷилавгирӣ кардааст. Шариф Назарзода – сардори Раёсати умури дохилии Суғд – рӯзи 27-уми июл дар ноҳияи Шаҳристон, дар як тамрини зиддитеррористӣ, гуфт, яке аз ин ҳамлаҳо “бо дасти шаҳрвандони хориҷӣ тарҳрезӣ шуда буд”.

Генерал Назарзода: Тарҳи ду ҳамлаи террористӣ дар Суғд хунсо шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:08 0:00
Линки мустақим

  • Сардори Раёсати корҳои дохилии Суғд бори аввал нишасти хабарии худро дар Маркази фароғативу таълимии раёсати пулиси минтақа, воқеъ дар ноҳияи Шаҳристон, 120-километрии Хуҷанд баргузор кард. Дар ин марказ қароргоҳи дастаи таъиноти махсуси пулис ҷойгир аст, ки будубош ва амалиёт алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи даҳшатафканро дар шароити кӯҳистон тамрин мекунад.
Шариф Назарзода
Шариф Назарзода

Генерал Назарзода гуфт, шаҳрвандони хориҷӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов қасд доштанд, чанд иншооти муҳимро тарконанд. “Дар робита ба ин ҳодиса як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов бо номи Шерзод Нормамадов дастгир карда шуд. Инчунин бо дархости мо мақомоти яке аз кишварҳои ҳамсоя 4 шаҳрванди худро боздошт кард”, - гуфт ӯ, аммо аз кадом кишвари хос ном набурд.

Видео: ​"Маҳв"-и гурӯҳи "терористӣ" дар ноҳияи Шаҳристон:

"Маҳв"-и гурӯҳи "терористӣ" дар ноҳияи Шаҳристон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:26 0:00

Ба гуфтаи Шариф Назарзода, дар ҳолати дувум дар шаҳри Истаравшан гурӯҳе қасд доштааст, нисбат ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ амалҳои террористӣ анҷом диҳад. Дар ин маврид як нафар бо номи Юсуфбек дастгир ва силоҳҳояш мусодира шудааст.

Дар ҳоли ҳозир тасдиқи ин хабар тавассути манобеи мустақил ғайриимкон аст. Инчунин, то ҳол наздикони афроди боздоштшуда аз худ дарак надодаанд ва маълум нест, ин афрод шомили кадом гурӯҳ буданд ва ё чӣ мехостанд. Аммо дар гузашта дар вилояти Суғд як ҳамлаи интиҳории гурӯҳҳои террористӣ сабт шудааст.

Пас аз чанд соати ҳамлаи интиҳорӣ. Хуҷанд, моҳи сентябри соли 2010
Пас аз чанд соати ҳамлаи интиҳорӣ. Хуҷанд, моҳи сентябри соли 2010

Дар моҳи сентябри соли 2010 Акмал Каримов бо мошини "ГАЗ-2104", ки маводи тарканда дошт, ба саҳни бинои шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД дар Хуҷанд ворид шуд ва худро тарконд. Дар ин ҳамла 4 нафар сокини осоишта ва мақомоти пулис кушта ва даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардошт.

Ба дунбол масъулияти ҳамларо гурӯҳи мазҳабии "Ҷамоати Ансоруллоҳ" дар шабакаи Интернет ба дӯш гирифт, вале мақомоти тафтишотӣ масъулияти ҳамларо бар дӯши аъзои Ҳаракати Исломии Узбакистон ва шарикони онҳо гузоштанд. Раёсати амнияти Суғд гуфт, нафари ҳамлагар Акмал Каримов аз соли 2009 бо иттиҳоми "одамрабоӣ" таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошт ва ба Афғонистон фирор карда, муддате дар урдугоҳҳои террористӣ таълим гирифта буд.

Дар робита ба ин ҳамлаи интиҳорӣ беш аз 40 нафар, бо шумули бародари Акмал Каримов – Фирдавс Каримов, ба муҳлатҳои тӯлонӣ ба зиндон фиристода шуданд. Моҳи январи соли 2012 низ мақомоти Тоҷикистон аз ҷилавгирии вуқӯи инфиҷор дар наздикии раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд.

Ба гуфтаи мақомот, як мошини ҳомили маводи тарканда дар назди бинои раёсати корҳои дохилӣ ва мошини дигар дар наздикии бинои идораи амнияти вилояти Суғд қарор дошт, ки безарар гардонда шуд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон моҳи майи соли гузашта гуфт, дар як сол тақрибан аз талоши 50 амали террористӣ, аз ҷумла чаҳор кӯшиши ҳамлаҳои аъзои "Давлати исломӣ" дар Душанбеву Хуҷанд ва Панҷакент дар шаш моҳи аввали соли 2016 ҷилавгирӣ шудааст. Ба гуфтаи мақомот, аксари онро аъзои "Давлати исломӣ" тарҳрезӣ намудаанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, пайравони ин гурӯҳи мамнӯъ қасд доштаанд идораҳои пулисро дар Душанбе, Исфара, Кӯлобу Восеъ, Шаҳритус ва Қӯрғонтеппа мунфаҷир карда, алайҳи шахсиятҳои алоҳида, аз ҷумла ходимони пулис ва раҳбарияти кишвар сӯиқасд анҷом диҳанд.

Дар як соли охир мақомот даҳҳо нафарро бо ҷурми терроризм ва ифротгароӣ ба муддатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон кардаанд. Аксари ин мурофиаҳо паси дарҳои баста гузаштанд ва матбуот баъди муддате аз баргузории онҳо хабардор шуданд. Мақомот ҷузъиёти парвандаҳои марбут ба ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои даҳшатафканӣ ва шахсияти тарҳрезони онро ошкор намекунанд.

XS
SM
MD
LG