Раисҷумҳури Тоҷикистон аз кормандони милиса даъват кард, ки ба истиқболи чолишҳои нави ҷаҳонӣ сатҳи касбии худро такмил диҳанд. Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 10 ноябр, дар таҷлили Рӯзи милиса, дар ҷамъи раҳбарони мақомоти корҳои дохилии кишвараш дар “Кохи ваҳдат” – и Душанбе сӯҳбат мекард, гуфт, шароити ҷаҳони муосир хеле печида шудааст ва кормандони милиса бояд кафолати зиндагии орому осудаи мардуми Тоҷикистон бошанд.
Ин бори аввал нест, ки президенти Тоҷикистон аз мақомоти амниятии кишвараш даъват мекунад, то дар баробари чолишҳои нав, бахусус гуруҳҳои ифротию даҳшатафкан омодагӣ бинанд. Ба қавли ӯ, танҳо соли равон кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 20 гурӯҳи муташаккили ҷиноии иборат аз 79 узви ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиро барои содир кардани 100 ҷиноят дастгир кардаанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шарҳи омори мубориза алайҳи тундгароиву терроризм мегӯяд, ки 30 боздоштшуда аз «Ҷамоаи Ансоруллоҳ», «Мусулмонони солеҳ», «Толибон» ва ҳатто «Ҷабҳатуннусра» ҳастанд. Ҳамчунин 40 узви гуруҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ ва 9 узви гуруҳҳои муташаккил низ боздошт шудаанд, ки ҳудудан 90 ҷиноятро анҷом додаанд. Теъдоди боздоштшудагон аз аъзои созмонҳои тундгаро, назири Салафия (18 нафар), Ҳизби таҳрир (4 нафар), Ҷамоаи таблиғ (2 нафар) 24 нафарро ташкил мекунад, ки ба содир кардани 12 ҷинояти экстремистӣ муттаҳам мешаванд.
Тоҳир Яхшиев, сарвари раёсати кофтукови ҷиноии вазорати умури дохила мегӯяд, майдонҳои фаъолият дар Афғонистону Покистон ва Ироқу Сурия шаҳрвандони Тоҷикистонро низ ба худ ҷалб кардааст: “Тайи ду соли ахир танҳо аз сӯи раёсати мо 194 узви созмонҳои террористиву экстремистӣ боздошт шуданд, ки умдатаринашон моҳи сентябри соли гузашта боздошт шуд. Ин гурӯҳи Алламурод Маханов, мулаққаб ба Маҳмадулло Устод буд, ки дар Вазиристони Покистон таълим дида буд ва дар Тоҷикистон 6 ҳамдасти ӯ дастгир шуд.”
10 ноябр – Рӯзи милисаи тоҷик амалан аз соли 1917, вақте аввалин ҷузву томҳои корҳои дохилии сурх дар Хуҷанд таъсис ёфтанд, оғоз мегирад. Милисаи Тоҷикистони Шӯравӣ 6 феврали соли 1924 таъсис шуд ва то соли 2006 Рӯзи милисаи тоҷик 6 феврал буд.
Имрӯзҳо милисаи Тоҷикистон дар шароите ҷашни худро таҷлил мекунад, ки як ҷанги шаҳрвандиро паси сар карда, тайи даҳсолаи аввали асри 21 амалиётҳоеро ҳам дар шарқи Тоҷикистон анҷом дод. Бино ба иттилои расмӣ, дар умум тайи солиёни истиқлолият 1 ҳазору 700 нафар корманди мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми хизмат ҷони худро аз даст додаанд.
Акнун милисаи тоҷик дар баробари чолишҳои нав – терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир – “се шарр” – и ҷадд рӯбарӯст.
Икром Умарзода, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, мегӯяд, имрӯз мақомоти дохилӣ барои рӯёрӯи бо хатарҳои дохиливу хориҷӣ, ки амнияти кишварро таҳдид мекунанд, омода аст: “Пеши мо ин вазифаҳо гузошта шудааст, ки бар зидди ҷинояткорӣ муборизаро пурзӯртар кунем. Вазифаи навамон ин аст, ки ҳамкориро бо аҳолӣ бештар кунем, такя ба мардум кунем ва маърифати ҳуқуқии аҳолро баланд бардорем. Дар умум, мубориза бо ҷинояткорӣ на фақат кори милиса, балки тамоми ҷомиа аст. Мо ба ин ҳамкорӣ умед дорем.”'
Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, ҳоле, ки имрӯз милисаи тоҷик дорад, ба талаботе, ки аз ӯ вазъи ҷаҳониву раҳбарият мекунанд, мувофиқ нест ва дар баробари чолишҳо метавонад заъф нишон диҳад. Ба қавли онҳо, як террорист бамаротиб аз як милиса муҷаҳҳаз ва сарватмандтар аст.
Маҳдӣ Собир, коршинос дар умури амниятӣ, мегӯяд, сароғоз бояд номи “милиса” ба “пулис” тағйир хӯрад, сипас вазъи молиявӣ ва мақоми ӯ дар ҷомиа бар пояи як ислоҳоти ҷиддӣ тағйир дода шавад: “Милиса бояд сари сарду дили гарм дошта бошад. Ин чиро аксарияти милисаи мо надорад. Бештари онҳо бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба вазифа расида, ҳадафашон ҳам аслан беҳ кардани шароти рӯзгор аст, на кадом як хизмат ба ватан. Милиса ҳимоятгар аст, на ғоратгар. Аз ҷиҳати дониш ҳам милисаҳои мо дар сатҳи хеле пастанд. То замоне, ки онҳо ба ҳар восита вориди саф мешаванд ва бо донишҳои замонавӣ муҷаҳҳаз нестанд, халқ онҳоро хуб қабул нахоҳад кард.”
Дар ҳоли ҳозир, бино ба маълумоти расмӣ, маоши корманди қатории милиса дар Тоҷикистон ҳудуди 500 сомонӣ аст ва генералҳо то 2 ҳазор сомонӣ маош мегиранд.
Икром Умарзода мегӯяд, маоши милисаи Тоҷикистон ба сатҳи рушди кишвар вобаста аст, аммо ҳукумат ҳамеша дар фикри милиса ҳаст.
Бино ба иттилои расмӣ, рӯзи 10 октябр ба 50 оилаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо манзил таъмин шуданд ва соли равон қариб 650 нафари онҳо бо замини наздиҳавлигӣ ва манзили истиқоматӣ таъмин шудаанд. Тайи 10 соли охир маоши кормандони милиса ҳудуди 20 маротиба зиёд шудаааст.