Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алло - 1 сомонӣ. Ҷаҳиши нархи тамосҳо аз Тоҷикистон ба Русия


Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон арзиши ҳар дақиқаи гуфтугӯ бо Русияро аз тақрибан 70 дирами қаблӣ то 1 сомонӣ боло бурданд. Ин ширкатҳо эълон карданд, ки нархномаи нав бо дастури Хадамоти зиддимонополии Тоҷикистон ва бо дарназардошти болоравии қурби доллар таҳия шудааст.

Ҳоло ҷойи пойи ширкатҳои мобилиро дар бозори тамосҳо аз Тоҷикистон ба Русия ҳарчӣ бештар шабакаҳои интернетие, чун Viber, Skype, WhatsApp, Telegram ва IMO танг мекунанд.

Давоми чор соли охир бори дувум аст, ки нархи тамосҳо аз Тоҷикистон ба Русия боло бурда мешавад. Ширкати "Тселл" бо нашри иттилоияи расмӣ ба муштариёнаш гуфтааст, ин нархнома аз якуми октябр ба иҷро даромад.

Ин тасмим дар ҳоле гирифта шудааст, ки соли 2012 ширкатҳои "Мегафон Тоҷикистон" ва "Beeline" аз сӯи Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон барои нархгузории аз ҳад зиёд арзони зангҳояшон ба Русия, ки то 6 сент арзиш дошт, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Он замон мақомот бо баҳонаи "ҷилавгирӣ аз монополист шудани ширкатҳои русӣ" нархномаи зангҳо ба Русияро барои ҳама ширкатҳо на камтар аз 10 сент муайян кард.

Бег Сабур, раҳбари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфта буд, ки "акнун мо нархи алоқаи мобилиро бо Русия ба як сатҳ овардем". Вай дар посух ба суол инки оё муайян намудани нархи ягона барои ҳамаи ширкатҳо дар ҳаҷми 10 сент рақобатро аз байн нахоҳад бурд? гуфта буд, "ширкатҳо метавонанд нархҳоро аз 10 сент ҳам боло баранд, вале аз ин арзонтар кардан наметавонанд."

Дар пайи ин дастур ва боло рафтани қимати зангҳои байналмилалӣ ҳаҷми сӯҳбатҳои телефонии сокинони Тоҷикистон бо пайвандонашон дар Русия коҳиш ёфт. Муҳаммад, ки чанд сол боз дар вилояти Перми Русия кор мекунад, гуфт, қаблан хонаводааш ба ӯ тавассути телефони мобилӣ тамос мегирифтанд, аммо ҳоло Интернет аз ду тараф кори онҳоро осон кардааст.

"Он қадар нархи гуфтугӯҳоро боло бурданд, ки сокинон роҳи дигарро ҷустанд ва ёфтанд. Ҳоло Интернет дорем ва барномаҳои гуфтугӯӣ хеле зиёданд. Қариб як сол боз аз Вайбер истифода мекунам ва ин хеле арзонтар аз гуфтугӯҳои телефони мобилӣ аст", - афзуд ӯ.

Ҳоло ҷойи пойи ширкатҳои мобилиро дар бозори тамосҳо аз Тоҷикистон ба Русия ҳарчӣ бештар шабакаҳои интернетие, чун Viber, Skype, WhatsApp, Telegram ва IMO танг мекунанд. Ба сабқати бе ин ҳам шадид барои дарёфти саҳми худ дар ин бозор шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук, ки хадамаи сӯҳбатҳои телефониашро ҳам ба роҳ мондааст, ҳамроҳ шудаанд.

Беш аз 1 миллион аз аҳолии Тоҷикистон ҳар сол барои муҳоҷирати корӣ ба хориҷ ва умдатан ба Русия мераванд ва бо хонаводаи худ дар тамос ҳастанд. Дар гузашта ба далели арзонтар будани қимати зангҳо аз Тоҷикистон ба Русия муҳоҷирон аз хонаводаҳои худ хоҳиш мекарданд, ки барояшон занг зананд.

Дар бозори телефонҳои ҳамроҳ ва Интернети Тоҷикистон тақрибан 10 ширкат фаъолият доранд. Аз миёни онҳо, "Мегафон”, Babilon-Mobile, Tcell ва Beeline пештоз мебошанд.

XS
SM
MD
LG