Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мегафон": Боло бурдани нархи зангҳо ба Ироқ далели дигар дорад


Ширкати "Мегафон - Тоҷикистон" мегӯяд, ки нархи сӯҳбатҳои телефонӣ бо 10 кишвар, аз ҷумла бо Ироқро ба далели афзоиши қурби доллар ва 5 фоиз шудани аксиз боло бурдааст.

Ширкати "Мегафон - Тоҷикистон" тасдиқ кард, ки аз 29 май нархи гуфтугӯҳои телефонӣ бо 10 кишвар барои муштариёнашро боло мебарад, вале тасмми 80 дарсад афзоиш ёфтани нархи сӯҳбатҳои телефонӣ бо Ироқ рабте ба ҳузури ҷангиёни тоҷик дар он кишвари ҷангзада надорад. Ин ширкат аммо мегӯяд, "Мегафон - Тоҷикистон" нархи ҳар дақиқаи гуфтугӯ бо Русияро, ки ҳоло 67 дирамро ташкил медиҳад, дар кӯтоҳмуддат тағйир нахоҳад дод.

Сурӯш Раҳмонӣ, менеҷери тарҳҳои бузург дар департаменти робита бо ҷомеаи ширкати "Мегафон-Тоҷикистон" дар як посухи расмӣ ба пурсишҳои бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ба ҳузури ҷангиёни тоҷик дар Ироқ рабт доштани тасмими ин ширкат барои 80 дарсад боло бурдани нархи сӯҳбатҳо аз Тоҷикистон ба он кишварро рад кард.

Аз 29 май аз ҳама бештар – 360 фоиз – қимати зангҳо ба Абхозистон ва Италия афзуда, ба ҷои 50 дирами ҳозира ҳар дақиқаи гуфтугӯ бо ин кишварҳо барои муштариёни “Мегафон” бо замми андоз аз арзиши иловагӣ ва аксизи 5-фоиза 1 сомонию 80 дирам тамом мешавад. Нархи гуфтугӯҳо ба Украина низ аз 60 дирам барои як дақиқаи кунунӣ 3 маротиба боло рафта, низ ба 1 сомонию 80 дирам мерасад. Сӯҳбатҳои телефонии муштариёни “Мегафон –Тоҷикистон” бо Арманистон, Гурҷистон ва Ироқ низ 1 сомонию 80 дирам шуд, ки назар ба 1 сомонӣ нархи ҳозира бо ин кишварҳо 80 фоиз болотар аст.

Аз 29 май сӯҳбатҳо аз шабакаи “Мегафон” бо Туркия (ҳоло – 50 дирам), Туркманистон (75 дирам), Қирғизистон (75 дирам) ва Қазоқистон (86 дирам) то 1 сомонию 30 дирам барои ҳар дақиқаи гуфтугӯ афзоиш ёфт.

Ба гуфтаи Сурӯш Раҳмонӣ, арзиши сӯҳбатҳо бо ин 10 кишвар чанд сол боз тағйир наёфта, дар як сатҳи хеле арзон боқӣ монда буд, вале чанд омил – "афзоиши ҷиддии қурби доллар дар муқобили сомонӣ дар як соли охир, то 5 фоиз боло рафтани андози аксиз, тағйир ёфтани нархҳо дар ҳисобу китоби байни операторҳо, ҳамчунин як силсила омилҳои макроиқтисодӣ боиси тағйири арзиши зангҳо ба ин самтҳо шуданд".

Аммо намояндаи "Мегафон - Тоҷикистон" гуфт, иртибототи телефонӣ бо Русия самти асосии иртибототи байналмилалиаш боқӣ мемонад ва онҳо ҳадди ақал дар кӯтоҳмуддат нақшаи аз 67 дирами кунунӣ барои ҳар дақиқаи сӯҳбат боло бурдани арзиши тамосҳои телефонӣ аз Тоҷикистон ба Русияро надоранд.

"Мегафон - Тоҷикистон" ширкати муштараки Тоҷикистону Русия буда, 25 фоизи саҳмияҳояш ба ширкати давлатии “Тоҷиктелеком”-и Тоҷикистон ва боқӣ 75 дарсадаш ба ширкати “Мегафон”-и Русия тааллуқ доранд.

Собиқаи фаъолияти ин ширкат дар бозори телефонҳои мобил ва Интернети Тоҷикистон аз соли 2001 оғоз мегирад, ки ширкати “ТТ Мобайл” ба ироаи хадамоташ дар стандарти GSM рӯи диапазони 900/1800 мегагертс шурӯъ кард. “ТТ Мобайл” то омадани “Мегафон” дар бозори Тоҷикистон таҳти бренди MLT фаъолият мекард.

Ширкати “Мегафон”, ки яке аз бузургтарин ширкатҳои мобилии Русия ба шумор меравад, шумори муштариёнаш дар саросари дунёро беш аз 66 миллион нафар мегӯяд.

Дар соли 2014 Кумитаи андози Тоҷикистон ширкати “Мегафон-Тоҷикистон”-ро ба напардохтани андозҳо ба маблағи бузурги 94 миллион сомонӣ, муодили 20 миллион доллар бо қурби соли гузашта, айбдор карда буд. Аммо ин баҳси иқтисодӣ дар ниҳоят бо мусолиҳаи тарафайн анҷом ёфт. Шароити ин муомила ба матбуот эълон нашудааст.

“Мегафон-Тоҷикистон” шумори муштариёнаш дар Тоҷикистонро дар соли 2013 ҳудуди 1,8 миллион ва шумори корбарони интернети мобилиашро 400 000 бароварда карда, гуфта буд, ки бо ин рақамҳо 18,5 дарсади бозори ин кишварро дар даст дорад. Дар соли 2013, бино ба омори расмӣ, “Мегафон” аз фаъолиятҳояш дар бозори мобилу интернети Тоҷикистон аз тариқи ширкати “ТТ Мобайл” 1,9 миллиард рубл, муодили 60 миллион доллар бо қурби ду сол пеш, ба даст оварда буд.

Дар бозори телефонҳои ҳамроҳ ва Интернети Тоҷикистон тақрибан 10 ширкат фаъолият доранд. Аз миёни онҳо, бар пояи омори расмии поёни соли 2013, дар баробари “Мегафон” 3 ширкати дигар - Babilon Mobile бо ҳудуди 3,5 миллион муштарӣ, Tcell (марбут ба ширкати шведии TeliaSonera) бо 3, 3 миллион муштарӣ, ва "Таком", марбут ба ширкати русииVimpelcom, ки таҳти бренди Beeline амал мекунад, бо 1,3 миллион муштарӣ пештоз мебошанд.

XS
SM
MD
LG