Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

40 000 дона “биҳӣ”. Махсус барои муҳоҷирони тоҷик


Ширкати мухобиротии “МТТ”-и Русия мегӯяд, шумори муштариёнаш аз Тоҷикистон аз 40 000 гузаштааст ва он қасд дорад, теъдоди муштариёни тоҷикашонро то поёни сол ба 100 000 бирасонанд.

Ширкати мухобиротии “МТТ”-и Русия аз афзоиши шумори муштариёни тарифи “Aiva Mobile” ("Биҳӣ Мобайл")-аш дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, мегӯяд, тиҷоратҳои камдаромадаш дар дохили Русияро фурӯхта, рӯи густариши ҳамин хидмати асосан вижаи муҳоҷирони корӣ дар Тоҷикистон ва Узбакистону Қирғизистон тамаркуз хоҳад кард.

Даря Лютсау, сухангӯи ширкати “МТТ” рӯзи 28 май дар як мусоҳибаи катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, фурӯши симкартаҳои “Aiva Mobile” аз тирамоҳи соли 2014 аз Тоҷикистон аз тариқи марказҳои марбути ширкати маҳаллии “Babilon Mobile” оғоз ёфт ва дар зарфи чизе бештар аз ним сол зиёда аз 40 000 нафарро ҷалб кард. Даря Лютсау мегӯяд, ҳоло онҳо мехоҳанд, то поёни соли равон шумори муштариёнашон аз Тоҷикистонро, ки асосан муҳоҷиронанд, ба 100 000 нафар бирасонанд ва дар оянда айни хадамаро дар Узбакистону Қирғизистон, ки низ кишварҳои муҳоҷирфиристанд, ба роҳ биандозанд.

SIM-картаҳои “Aiva Mobile” бо он фарқ мекунанд, ки ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия бо айни нарх ва бидуни роуминг қобили истифодаанд ва ҳар SIM-карта ду шумораи алоҳида дорад – яке барои Тоҷикистон ва яке барои Русия. Даря Лютсау ба Озодӣ гуфт, нархи ҳар дақиқаи гуфтугӯ дар

Симкартаҳои Aiva Mobile
Симкартаҳои Aiva Mobile

дохили шабакаи “Aiva Mobile” ҳамагӣ 0,50 рубли русӣ (муодили 1 сенти амрикоӣ ва 6,5 дирами тоҷикӣ), ба телефонҳо дар Русия 2,50 рубл (5 сент ё 33 дирам) ва ба телефонҳо дар дохили Тоҷикистон ҳамагӣ 1 рубл(2 сент, ё 13 дирам)-ро ташкил медиҳад. Дар дохили Тоҷикистон, ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, қимати гуфтугӯ бо тарифҳои маҳаллист, ки барои муштарӣ боз ҳам арзонтар тамом мешавад.

Зангҳо ба Қазоқистону Қирғизистон 15 рубл ва ба Узбакистон ҳудуди 4 рубл нарх доштааст. Сухангӯи ширкат гуфт, хадамаи “Aiva Mobile”, тибқи нақша бояд мутаносибан дар миёна ва поёни соли ҷорӣ дар Узбакистону Қирғизистон ва дар Финландия ҳам роҳандозӣ шавад.

“Aiva Mobile”, бино ба иттилои сомонааш аз сӯи ширкати «Межрегиональный транзиттелеком» (МТТ) таъсис ёфтааст. МТТ марбут ба Леонид Додоҷонович Рейман, вазири собиқи мухобироти Русия дар солҳои 1999 - 2004 аст, ки зодаи Хуҷанди Тоҷикистон мебошад. Падари Рейман – профессор Додоҷон Тоҷиев, мудири кафедраи забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд.

Таъмини иртибототи телефонӣ байни Тоҷикистону Русия, ки ҳар сол аз 1 то 1,5 миллион муҳоҷири кории тоҷикро мизбонӣ мекунад, як самти муҳими фаъолияти тақрибан ҳамаи ширкатҳои мобили фаъол дар бозори Тоҷикистон ба шумор меравад. Чанд ширкат, аз ҷумла “Вавилон-Мобайл” ва “Мегафон” ба муштариёнашон хадамоти NGN пешниҳод мекунанд, ки дар сурати дастрасӣ ба Интернет дар ҳар куҷои дунё, аз ҷумла аз Русия метавон аз он бо нархномаи баробари телефонҳои шаҳрии Душанбе истифода бурд.

“Мегафон Тоҷикистон” соли гузашта аз роҳандозии тарифи вижае бо номи “Ду кишвар дар як сим-корт” хабар дода буд, ки ҳар як сим-картааш низ ду шумора дошт: яке барои Тоҷикистон ва яке барои Русия. Нархи як дақиқаи занг аз “Мегафон-Тоҷикистон” ба “Мегафон”-и Русия ҳудуди 20 дирамро ташкил медод.

Се сол қабл ширкати мухобиротии «Мегафон Тоҷикистон» ва ширкати дигари русӣ - «Билайн» барои нархгузории аз ҳад зиёд арзони зангҳояшон ба Русия, ки то 6 сент арзиш дошт, аз сӯи Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Он замон мақомот бо баҳонаи "ҷилавгирӣ аз монополист шудани ширкатҳои русӣ" нархномаи зангҳо ба Русияро барои ҳама ширкатҳо на камтар аз 10 сент муайян карда буд. Дар пайи ин дастур ва боло рафтани қимати зангҳои байналмилалӣ, ки бисёриҳо онро натиҷаи «лоббӣ»-созии ширкатҳои маҳаллӣ мехонданд, бино ба иттилои бархе аз ширкатҳои мобилӣ, ҳаҷми муоширати мардуми Тоҷикистон бо пайвандонашон дар Русия хеле кам шуд.

Аммо тавре бармеояд, аксари муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар ҳоли ҳозир, ба далели камбуди дастрасӣ ба Интернет барои тамос бо Тоҷикистон бештар аз ширкатҳои телефонҳои мобили худи Русия истифода мебаранд. Аммо бо рушди фанновариҳо ва хубтар шудани дастрасӣ ба Интернет, шумори ҳарчӣ бештари муҳоҷирон барои тамос бо наздикони худ дар Ватан ба васоили интернетие, чун Viber, Scype, What’sUp, Telegram рӯ меоранд.

Шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Фейсбук ва Одноклассники низ ба ҳайси василаи тамос байни хонаводаҳо дар Тоҷикистон ва азизони муҳоҷири онҳо торафт бештар мавриди таваҷҷӯҳ ва истифода қарор мегирад.

XS
SM
MD
LG