Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешгирӣ аз сӯиқасд ба ҷони сарвазири Исроил


Бенямин Нетаняҳу
Бенямин Нетаняҳу

Хадамоти махсуси Исроил нақшаи Эрон барои сӯиқасд ба ҷони сарвазир Бенямин Нетаняҳу, вазири дифоъ Йоав Галант ва сардори Хадамоти амнияти ин кишвар Ронен Барро хунсо кардааст.

Расонаи "The Jerusalem Post" бо истинод ба хадамоти махсуси Исроил иттилоъ дода, ки дар иҷрои сӯиқасдҳои эҳтимолӣ нақши калидиро соҳибкори 73-солаи исроилӣ Моти Макман мебозидааст. Ӯро дастгир карданд.

Макман чандин сол дар Туркия кору зиндагӣ карда, бо соҳибкорони турку эронӣ робитаҳои молӣ доштааст. Вай ду бор, моҳи август ва майи имсол пинҳонӣ ба Эрон низ рафтааст. Гуё дар ҷараёни сафари нахустинаш ба ӯ пешниҳод шудааст, ки ба ҷони мақомҳои баландпояи Исроил сӯиқасд ташкил кунад.

Соҳибкори исроилӣ барои анҷоми ин нақша аз мақомоти Эрон 1 миллион доллар пешпардохт талаб кардааст. Вале посухи рад гирифтааст. Ба ӯ барои омодагӣ ба сӯиқасд 5 ҳазор евро пешниҳод шудааст.

XS
SM
MD
LG