Парвиз Муллоҷонов,
таҳлилгари тоҷик
Бино ба иттилои расмӣ дар Тоҷикистон то имрӯз ягон ҳолати сироят ёфтани одамон ба коронавирус сабт нашудааст. Вале мавзӯи баҳс дар бораи ин беморӣ ҷомеаи Тоҷикистонро ба гуруҳи "хушбинҳо" (оптимистҳо) ва "бадбинҳо" (пессимистҳо) тақсим кардааст. Хушбинҳо бовар доранд, ки вирус ба кишвар ворид нашуд ва ҳама чиз хуб аст. Бадбинҳо бовар надоранд, ки пандемия то ба ин ҷо намерасад.
Кадоме аз инҳо ҳақ ҳастанд? Кӯшиш мекунем далелҳои ҳарду ҷонибро бе эҳсос, бе тарафгирӣ ва сирф аз нигоҳи мантиқ таҳлил кунем.
Инак, далели оптимистҳо:
Аввалан, дар Тоҷикистон ягон ҳолати гирифтор шудани сокинон ба вирус ба қайд гирифта нашудааст;
Дувум, роҳҳои вуруд ба кишвар бастааст. Агар то ин дам вирус надаромадааст, пас, нахоҳад даромад. Биноан, оптимистҳои эҳтиёткор пешниҳод доранд, ки аз ду ҳафта то ду моҳ бояд мунтазир монд, агар ягон мавриди сироятёбӣ сабт нашавад, пас, пандемия аз паҳлуи Тоҷикистон гузаштааст. Ва дигар ҷое барои сар задани коронавирус намондааст - асос он аст ки то замоне ки дар хориҷа густариши беморӣ хомӯш нашавад, ба кишвар касеро набояд роҳ дод;
Севум, Тоҷикистон дар умум як кишвари пӯшида аст, барои ҳамин аз аввал аз ҳамагуна пандемия ва вирусҳо хуб ҳифз мешавад;
Чаҳорум, оптимистҳои гузаро мегӯянд, ки вирус – ин достони бофта аст – пештар гуноҳи вирусро ба гардани чиниҳо бор карданд, ки гӯё бо истифода аз ин фурсат мехостанд саҳмияҳои ширкатҳои бузурги дунёро бо нархи арзонтарин харанд. Ҳоло амрикоиҳо ва султахоҳон (империалистҳо)-ро гунаҳкор мекунанд, ки бо эҷоди тарсу ваҳшат мехоҳанд пули бештар ба даст оранд.
Оптимистҳои ашаддӣ фикр доранд, ки беморӣ бештар домани пиронро мегирад ва чи хеле яке аз онҳо дар Фейсбук навишт, "бе ин ҳам онҳо ба зудӣ мемиранд". Бахши зиёди сокинони Тоҷикистон умуман набояд тарсанд, чун аз се ду ҳиссаи аҳолӣ ҷавонон ҳастанд.
Акнун пессимистҳо ё бадбинҳо, ки худро воқеъбин мегӯянд, вале мухолифонашон баъзан онҳоро "воҳимачиён" меноманд, чӣ мегӯянд?
Аввалан, агар расман ягон ҳолати сироятёбӣ ба вирус сабт нашудааст, маънои онро надорад, ки вирус нест. Барои мисол, агар аз пеши шумо мошин меояд ва чашмонатонро мепӯшед, ин ба маъное нест, ки мошин вуҷуд надорад. Ин ба маъноест, ки шумо ба он аҳамият намедиҳед. Наметавонед ё ки намехоҳед.
Ба даҳ миллион аҳолии Тоҷикистон то кунун ҳамагӣ 2000 дастгоҳи санҷиши вирусро овардаанд ва мумкин аст чанде аз пизишкон онҳоро ба кор бурда тавонанд. Барои муқоиса, ҳамин ҳоло дар Амрико ба ҳисоби миёна барои ҳамин қадар аҳолӣ 500 ҳазор дастгоҳи тест мавҷуд аст. Ба иллати камии дастгоҳҳои озмоиш оғози сироятро, вақте ки беморон каманд, муайян кардан душвор аст. Бисёре аз ҳодисаҳои олудагӣ метавонад дар бемористонҳои мо ҳамчун зуком ва дар ҳолатҳои вазнин буданаш ҳамчун пневмания сабт шавад. Пизишкони мо дар даст таҷҳизоте надоранд, ки муайян кунанд бемор воқеан мубталои коронавирус аст ё мушкилоти баъди зуком. Ба ҷуз ин, қисми зиёди мардуми одӣ ҳоло пуле надоранд, ки ба назди табиб раванд. Бисёриҳо "зуком"-ро дар хона табобат мекарданд ва мекунанд;
Дувум, вуруд аз хориҷа ба кишвар фақат аз 20-уми март манъ шудааст. То он дам ҳавопаймоҳо дар парвоз буданд ва қаторҳо озодона дар ҳаракат. Сухан аз даҳҳо ҳазор нафар меравад, ки мумкин аст дар байни онҳо афроди ҳомили ин беморӣ вуҷуд доштанд ва онҳо дар саросари кишвар пароканда шудаанд. Ҳатто агар дар байни онҳо ҳамагӣ як ҷуфт ё ҳатто агар як нафар ҳомили вирус буд, пас, гуфтан мумкин аст, ки эҳтимол вирус дар кишвар аллакай вуҷуд дошта бошад. Аммо ташхиси он бе озмоиши ҳамаи воридшудаҳо номумкин аст. Яъне, озмоиш нест, мубталоён нестанд ва пандемия ҳам нест;
Севум, ба назари мунтақидон, Тоҷикистон наметавонад кишвари комилан пӯшида шумуруда шавад, чун танҳо дар Русия садҳо ҳазор шаҳрванди кишвар ҳастанд. Илова ба ин садҳо ҳазор тоҷикистонӣ шиносномаи Русияро доранд. Умуман онҳо мегӯянд, вақте даҳҳо ва садҳо олудашуда дар Қирғизистону Узбекистон ва Қазоқистон ҳастанд, дар фазои имрӯзаи ҷаҳонишудаи мо ягон кишвар дар гӯша монда наметавонад;
Чаҳорум, ба ақидаи “бадбинҳо”, ин фарзия ки коронавирус як навъи зуком буда, пиронсолон бе ин ҳам ба зудӣ дармегузаранд, аллакай аз чаҳорчӯбаи ахлоқи инсонӣ берун аст. Ба ҷуз ин, бино ба маълумоти ахир, як қисми назарраси итолиёиҳое, ки ҳоло дар ҳолати беҳушӣ қарор доранд, аз 30 то 50-сола ҳастанд. Ба ибораи дигар, на онҳое осебпазиранд, ки синни зиёд доранд, балки онҳое, ки иммунитет ё масунияти баданашон аз бемориҳои тӯлонӣ суст шудааст.
Сатҳи масунияти бештари ҷавонон хуб аст, вале дар миёни онҳо аллакай шумори онҳое ҳам кам нест, ки ба бемориҳои давомдор гирифторанд.
Ҳамин тариқ, аз гуфтаҳои боло чӣ хулоса метавон кард? Мешавад бар пояи он ки далелҳои кӣ нисбатан боварбахш метобанд, тарафи инҳо ё онҳоро гирифт. Вале ба назари ман, сарфи назар аз он ки ҳақ бар ҷониби кист, бояд чораҳои эҳтиётӣ андешида шаванд. Зеро оқибати он барои кишвар, ҷомеа ва ҳар як оилаи мо, ҳам аз нигоҳи иқтисодӣ ва ҳам аз нигоҳи башарӣ сангин хоҳад буд.
Бинобар ин, дар ҳоли ҳозир беҳтарин иқдом ҳамчун чораи пешгирикунанда эълони таътил дар мактабҳову донишгоҳҳои Душанбе ва тамоми кишвар аст. Феълан дар Душанбе даҳҳо ҳазор донишҷӯ ҳамарӯза аз як қисмати шаҳр ба қисмати дигар мераванду дар дарсҳо иштирок ва миёни якдигару устодон муошират мекунанд, ки ин ҳама барои паҳн шудани вирус беҳтарин шароитро фароҳам месозад. Ҳатто агар бештари донишомӯзон мубтало нашаванд ё давраи бемориро ба осонӣ пушти сар кунанд ҳам, онҳо омили паҳнкунандаи вирус шумурда шуда, наздикону пайвандони худро низ олуда хоҳанд кард.
Дар ҳоли ҳозир дар тамоми мактабу донишгоҳҳо то охири моҳ таътил аст ва оқилонатарину содатарин иқдоми ҳукумат ҳоло ин буда метавонад, ки таътилро барои ду ҳафтаи дигар дароз кунад. Дар натиҷа то охири ин таътил муайян хоҳанд шуд, ки минбаъд чӣ мешавад ва далелҳои кадом ҷониб ба ҳақиқат наздик мебароянд.
Ҳар нафар мехоҳад хушбин бошад, вале афсӯс, ки на ҳамеша ин имконпазир аст. Вале беҳтарин хушбинҳо бадбинҳои пешинаанд.
Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.