Баъзе аз роҳгузарон дар хиёбонҳои Душанбе дар рӯбарӯи наворгири Радиои Озодӣ гуфтанд, ки тарафдори чандҳамсарӣ ё бисёрзанӣ нестанд. Бархеи дигар гуфтанд, ки шароит водор кардааст, ба ҳамсари дигар гирифтани шавҳари худ тан бидиҳанд ва ин марҳиларо ба сахтӣ ҳам бошад, паси сар кунанд.
Чандҳамсарӣ дар Тоҷикистон баъд аз ҷанги дохилӣ дар кишвар, ки ҳазорҳо нафар аз ҷамъияти ғолибан мардро кушта бар ҷой гузошт, густариш пайдо кардааст.
Ин пурсиши сарироҳии Радиои Озодӣ рӯзи 1-уми август дар кӯчаҳои Душанбе сурат гирифт. Яке аз ҳамсӯҳбатони мо гуфт, беҳтар аст, хонавода аз як марду як зан ва фарзандони онҳо иборат бошад. "Вақте мард соҳиби ду зан шуд, ҳушаш ба ду тараф мешавад. Ба як оила агар назари хуб кунад, ба оилаи дигар таваҷҷуҳи зиёд карда наметавонад", - афзуд ӯ.
Дар ин қатор онҳое низ ҳастанд, ки тарафдории худ аз чандзаниро пинҳон намедоранд. Яке аз роҳгузарони мард ба унвони далел гуфт, "дар Тоҷикистон дар муқоиса ба мардон занон зиёдтар ҳастанд. Баъзан хориҷиҳо, аз ҷумла уйғурҳо омада, бо духтарону занони тоҷик издивоҷ мекунанд. Беҳтар нест, ки мо онҳоро саробонӣ кунем?"
Назари мардум:
Як зани дигар ҳам гуфт, розӣ аст, шавҳараш зани дувуму севум бигирад, аммо, ба гуфтаи ӯ, якдигарфаҳмиро аз байн набарад ва ҳамеша ӯро дар канораш дошта бошад.
Қонуни ҷиноии Тоҷикистон чандҳамсарӣ дар кишварро мамнӯъ карда, барои онҳое, ки ин қонунро риоя намекунанд, ҷарима ё то ду сол корҳои ислоҳиро пешбинӣ кардааст. Даҳҳо нафар ҳам барои дузанагӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Новобаста аз ин, гурӯҳе аз мардон бо никоҳи шариатӣ ё мусулмонӣ соҳиби занҳои дувум ва ҳатто севум мешаванд.
Чандҳамсарӣ дар Тоҷикистон баъд аз ҷанги дохилӣ дар кишвар, ки ҳазорҳо нафар аз ҷамъияти ғолибан мардро кушта бар ҷой гузошт, густариш пайдо кардааст. Соҳибназарон низ коҳиши шумори мардҳо, афзоиши теъдоди духтарони бешавҳар, муҳоҷирати тақрибан саросарии мардҳоро аз иллатҳои аслии ин раванд дар кишвар медонанд.
Омори хосе дар бораи теъдоди занҳои дувум дар Тоҷикистон вуҷуд надорад ва дар ин бахш тадқиқоти хоси идораҳои дахлдори кишвар низ анҷом нашудааст. Онҳое, ки ҳам соҳиби занҳои дуввуманд, аз ифшои номашон худдорӣ мекунанд ва шояд бо дарназардошти муқаррароти қонун аст, ки танҳо доштани ҳамсари аввали худро эътироф мекунанду бас.