Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КМИР: То анҷоми раъйдиҳӣ 82 дарсад овоз доданд


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон эълон кард, ки то анҷоми раванди раъйдиҳӣ дар соати 20:00, беш аз 82 дарсади воҷидини шароити раъй ба марказҳо ва ҳавзаҳои раъйдиҳӣ омада ва раъйи худро додаанд.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон шомгоҳи рӯзи душанбе ва пас аз баста шудани қитъаҳои раъйдиҳӣ дар саросари кишвар, эълон кард, ки ширкати мардум дар интихобот дар маҷмӯъ беш 82 дарсадро ташкил додааст.

Шермуҳаммади Шоҳиён афзуд, ки ин натоиҷи пурра ва дақиқ нест ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ баъд аз дарёфт кардани натоиҷ аз участкаҳо ва ҳавзаҳо, натоиҷи ниҳоиро фардо эълон хоҳад кард.

Раиси Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ҳамзамон эълон кард, ки рӯзи 1-уми март дар ҷараёни баргузории интихобот "ягон шикоят ё аризаи хаттӣ ворид нагардид. Танҳо даҳ муроҷиати шифоҳӣ буд, ки таъҷилан аз ҷониби кормандони КМИР баррасӣ гардиданд. Интихобот мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шуд."

Соати ҳашти шом ба вақти Тоҷикистон дар тамоми қитъаҳои интихоботии ин кишвар овоздиҳӣ ба интихоботи парлумонӣ расман анҷом ёфт. Ба дунбол марҳалаи навбатӣ - шумурдани оро шурӯъ мешавад.

4 миллиону 318 ҳазор афроди соҳиби овоз дар кишвар имкон доштанд, рӯзи 1 март 63 вакили Маҷлиси намояндагон - маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон - ва вакилони маҷлисҳои ҷамоативу ноҳиявӣ ва шаҳриву вилоятиро интихоб мекунанд. 42 вакили Маҷлиси намояндагон аз 42 ҳавзаи инфиродӣ ва 21 вакили дигараш аз рӯйхатҳои 8 ҳизби расмии сиёсӣ аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ интихоб мешаванд.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, шоми 1 март ба хабарнигорон гуфт, то соати 18 ба вақти Душанбе аллакай 81,3 дарсади мардуми соҳиби райъ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон овоз додаанд. Ин дар ҳолест ки то поёни раъйдиҳӣ ҳанӯз 2 соати дигар ҳаст.

Шермуҳамаади Шоҳиён, раиси КМИРТ рӯзи якшанбеи 1 март гуфт, ки “то соати 18 шом 81, 39 дар сади воҷидини шароити раъй ба марказҳо ва ҳавзаҳои раъй омада ва раъйи худро додаанд.”

Ба гуфтаи ҷаноби Шоҳиён, ин рақам 3 миллиону 515 ҳазор интихобкунандаро ташкил медиҳад. Ин ҳам дар ҳоле, ки шумораи умумии интихобкунандагон беш аз 4 миллиону 318 ҳазор нафар мебошад.

Ба таъкиди ҷаноби Шоҳиён, ин мизонест, ки онҳо ҳам дар интихоботи порлумонӣ ва ҳам интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ ширкат кардаанд.

Ба ин тартиб то поёни интихобти порлумонӣ дар Тоҷикистон бештар аз 1 соати дигар мондааст ва раиси КМИРТ аз он интихобкуннадагоне, ки то ҳол натавонистанд раъйи худро ба сандуқуҳо бирезанд фурсат доранд, то дар ин маъракаи муҳим ширкат кунанд.

Раиси кумиссиюн дар сӯҳбати қаблиаш бо хабарнигорон интихоботи парлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллии рӯзи якуми мартро баргузоршуда эълон кард.​ Ӯ гуфт, то соати 15 беш аз 74 дарсади афроди қобили раъй дар дохили кишвар ба пойи сандуқҳои раъй омадаанд ва ин эътирофи интихоботи парлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллист.

Ба таъкиди раиси КМИРТ, “интихобот дар саросари кишвар ба таври озоду шаффоф ҷараён дорад ва мардум низ фаъолона дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ширкат доранд.” Ӯ, инчунин, иштироки аҳзоби сиёсӣ дар интихоботи парлумониро муҳим арзёбӣ кард ва гуфт, теъдоди номзадҳо дар муқоиса ба интихоботи Маҷлиси Намояндагони 2010 аз 60 нафар бештар аст.

Абдуманнон Додозода
Абдуманнон Додозода

​Аз ин пештар, Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гуфта буд, аз соати 6 то 12-и рӯз 48,5 дарсад аз интихобкунандагон ба пойи сандуқҳои раъй омада ва овози худро додаанд.

Ҷамшед Ҷамшедов, узви КМИРТ рӯзи якшанбеи 1 март гуфт, “дар муддати шаш соати аввали интихобот дар 3 209 участкаи интихоботӣ, дар саросари Тоҷикистон 48,5 дарсади интихобкунандагон ба марказҳо ва ҳавзаҳои раъй омада ва овози худро додаанд.”

Соати нӯҳи субҳ масъулони Кумисюни марказии интихобот эълон карда буданд, ки дар се соати аввали интихоботи парлумонӣ 31 дарсади афроди қобили раъй ба пойи сандуқҳои овоздиҳӣ омадаанд. ​Абдуманнон Додозода, раиси дастгоҳи КМИРТ, рӯзи якшанбеи 1 март гуфт, “ҷамъи умумии овоздиҳандагон дар муддати се соати аввал 1 миллиону 350 ҳазору 359 нафарро ташкил дод ва ин рақам нисбат ба интихоботҳои пешини парлумониву раёсати ҷумҳурӣ бештар аст."

Додозода мегӯяд раванди шумориши иштироки раъйдиҳандагон дар 41 ҳавза собит кард, мардум фаъолона дар интихобот иштирок доранд.

Аммо ҳамзамон раиси дастгоҳи КМИР дар робита ба арзу шикоятҳо дар ҷараёни баргузории интихобот гуфт, "то ин дам танҳо як шикоят аз номи Маҳмадалии Ҳайит, намояндаи ҲНИТ ба КМИРТ ворид шудааст, ки билофосила ҳалли худро пайдо кард."

Ба гуфтаи ҷаноби Додозода, Маҳмадалии Ҳайит, арз кард, ки гӯиё дар ҳавзаи интихоботии Кӯлоб нозирони миллии онҳоро барои назорати

Маҳмадалии Ҳайит
Маҳмадалии Ҳайит

интихобот роҳ намедиҳанд, аммо чун бо масъулони ҳавза сӯҳбат кардем, маълум шуд, масъала дигар хел будааст. Ба гуфтаи масъулони ҳавза, нозирон аз ҲНИТ мехостанд, то дар ҷойи дигар нишаста ва ҷараёни ширкати интихобкунандагонро назорат кунанд. Масъулони ҳавза ба онҳо гуфтаанд, дар ҳавза барои нозирон ҷойи муайяне созмон дода шудааст, ки онҳо метавонанд ба ҳузур дар ҷой худ нишинанд ва рафти интихоботро назорат кунанд.”

Ба ин далел, раиси дастгоҳи КМИРТ афзуд, "ин масъала ҷузъӣ будааст ва дарҳол ҳаллу фасли худро пайдо кард".

Назари нозирони САҲА ба ҷараёни интихобот:

Нозирони САҲА дар рӯзи интихобот
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:29 0:00

​Дар ҳамин ҳол, Алим Шерзамонов, номзади Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар Бадахшон мегӯяд, бархе аз нозирони онҳоро ба қитъаҳои раъйдиҳие, ки дар биноҳои қисмҳои низомӣ ҷойгир ҳастанд, барои назорати раванди интихобот роҳ надоданд. Ӯ мегӯяд, дар дигар қитъаҳои раъйдиҳие, ки нозирони ҳизби онҳо ширкат доранд, варақаҳои бемуҳри интихоботӣ ва қуттиҳои бидуни сургуч низ ба мушоҳида расидаанд.

Аммо Шерзамонов мегӯяд, худи ӯ дар як ҳавзаи интихоботӣ воқеъ дар ноҳияи Ишкошим ба ҳайси нозир ҳузур дорад ва он ҷо раванди интихобот хеле шаффоф аст.

Алим Шерзамонов
Алим Шерзамонов

Ӯ гуфт: “Сокинон хеле фаъолона ширкат доранд ва дар ин ҳавза раванди интихобот шаффоф мегузарад ва худи ман ягон қонуншиканӣ сабт накардаам. Даста-даста одамон омада овоз медиҳанд. То ҳол на ман ва нозиронамон овоздиҳии як нафар ба ҷои чанд нафарро сабт накардем. Аммо он қонуншиканиҳое, ки мо мушоҳида кардем, ба ҳавза хабар додем ва ҳоло тасмим шудааст, ки нозирони мо вориди қитъаҳои раъйдиҳӣ, воқеъ дар қисмҳои низомӣ, шаванд.”

Зимнан, Абдуманнон Додозода, таъкид кард, КМИРТ аз натоиҷи ширкати интихобкунандагон дар интихоботи парлумонӣ дар соатҳои 12, 15 ва 18-и шом низ иттилоъ хоҳад дод.

Ҷараёни овоздиҳӣ дар қитъаи рақами 5-и ноҳяии Фирдавсӣ:

Овоздиҳии сокинон аз дурбини хабарнигори Озодӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:25 0:00

XS
SM
MD
LG