Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Набераи Саидмуъмин Раҳимов: Баъди марги бобоям ҳама чиз тағйир ёфт. ВИДЕО


Искандар Раҳимов
Искандар Раҳимов

Дӯстдорони ҷавони “Паркур” дар Тоҷикистон қасд доранд, ки Федератсияи ин навъи варзишро таъсис диҳанд. Ин гурӯҳи ҷавонон барои дарёфти иҷозатнома ба Вазорати адлияи кишвар муроҷиат кардаанд ва умед доранд, “паркур” дар Тоҷикистон расман эътироф ва ҳаводоронаш бо шароити зарурӣ таъмин хоҳанд шуд. Ҳадафи аслии “Паркур” убури монеаҳо тавассути ҷаҳидану ҳаракатҳои дигар будааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Паркур наздикони Саидмуъмин Раҳимовро аз ҳам ҷудо кард?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:10 0:00

Ҷавонон дар Тоҷикистон аз соли 2005 ба “Паркур” мароқ зоҳир кардаанд. Аммо то ҳанӯз онҳо ҷойи муайяне барои тамрин надоранд ва гӯшаҳои мухталифи шаҳр, аз ҷумла биноҳои нотамомро барои худ тамрингоҳ интихоб намудаанд.

"Дар Қӯрғонтеппа 20 нафар, дар Душанбе зиёдтарем"

Искандар Раҳимов, набераи Саидмӯъмин Раҳимов, қаҳрамони ҷаҳон оида ба гуштии самбо, яке аз ин ҷавонон аст. Ӯ 11 сол пеш, баъди тамошои филмҳое чун "Человек-паук" ё "Одам – тортанак", ба ҷаҳишу ҳаракатҳои ғайриоддӣ шурӯъ кард. Ӯ ҳоло метавонад, бо нерӯи дасту по рӯйи деворҳои баланд боло шавад. Искандар рӯзи 5-уми июл гуфт, мисли ӯ имрӯз ҷавонони зиёде ба ин навъи варзиш рағбат доранд ва зарур аст, ки дар як бошгоҳе ҷамъ ва ба варзиши ҳирфаӣ ҷалб шаванд.

Агар бобоям зинда мебуд, аз касби интихобнамудаи ман истиқбол мекард. Ӯ ҳамеша маро дастгирӣ менамуд. Аммо баъд аз маргаш ҳама чиз тағйир ёфт. Ҳама, ба хусус наздикон аз мо рӯй гардонданд.

“Дар Қӯрғонтеппа беш аз 20 нафар ва дар Душанбе теъдодамон боз ҳам зиёдтар аст. Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳо дорем ва бо ҳам дар тамосем ҳастем ва сабқату вохӯрӣ ташкил мекунем. Дар Русияву Амрико ҷавонон ба ин кор аз лиҳози касбӣ машғуланд. Фикр мекунам, бахусус ки ҳоло нигаронӣ аз пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро зиёд аст, ҷалби таваҷҷӯҳи онҳо ба “паркур” аз манфиат холӣ нест”, - афзуд Искандар Раҳимов.

“Сайр”-и паркур – аз Фаронса то Тоҷикистон

Паркур истилоҳи фаронсавӣ аст, ки маънии убур кардани мониаҳоро дорад. Ватани ин навъи варзиш ҳам Фаронса ва асосгузори он Дэвид Белл аст, ки дар хонаводаи оташнишон ва варзишгар бузург шудааст. Дэвид Белл муддате дар қушӯнҳои оташнишонии Порис кор карда, соли 1987 паркурро ҳамчун намуди муосири варзиш таъсис додааст. Онҳое, ки ба варзиши Паркур машғуланд, худро трэйсер меноманд, яъне нафаре, ки роҳҳои нав мекушояд.

Искандар Раҳимов
Искандар Раҳимов

Искандар Раҳимов мегӯяд, дар Тоҷикистон ба паркур бештар донишҷӯён ва ҷавонони касбу кори гуногун машғуланд. Онҳо маъмулан дар рӯзҳои истироҳатӣ ҷамъ омада ва якҷоя ҳаракатҳои мухталиф анҷом медиҳанду монеаҳои мухталиф, аз ҷумла бому деворҳоро убур мекунанд. Искандар устоди забони англисӣ аст. Дар марказҳои омӯзишӣ ва созмонҳои хориҷӣ дарс мегӯяд, аммо усулҳои паркурро дар чанд соли зиндагӣ дар Амрико аз худ кардааст ва ҳоло дар Душанбе бо дигар наврасону ҷавонони хоҳишманд ҳам тамрин мекунад.

"Агар бобоям зинда мебуд..."

Ба гуфтаи ӯ, ба далели набуди дастгирӣ ва таваҷҷӯҳ ба ин навъи варзиш, аксар ҷавононе, ки дар паркур малакаҳои хуби варзишӣ нишон медоданд, тарки ин шуғл карданд. Як далел ҳам ба бовари Искандар Раҳимов нигоҳи манфии аксарият ба ин навъи варзиш аст. Махсусан афроди калонсол паркурро як амал хатарноку онҳоеро, ки ба ин кор машғуланд, “авбош” медонанд.

Аммо Искандар мегӯяд, "махсусан одамони Шӯравӣ ба ин шуғл нигоҳи бад доранд, онҳо дар бораи Паркур чизе намедонанд. Вале ман онҳоро бовар мекунонам, ки ин кори бад нест. Агар бобоям зинда мебуд, аз касби интихобнамудаи ман истиқбол мекард. Ӯ ҳамеша маро дастгирӣ менамуд. Аммо баъд аз маргаш ҳама чиз тағйир ёфт. Ҳама, ба хусус наздикон аз мо рӯй гардонданд. Ин хеле аламовар аст, ки нафарони наздик кумак намекунанд."

Сергей: "Бисёриҳо фикр мекунанд, мо дуздем"

Сергей, яке аз дигар ҷавононе, ки чандин сол аст, ба навъи варзиши "Паркур" машғул аст, мегӯяд, "мо вақте дар кӯчаҳо рӯйи гаражҳо меҷаҳидему аз дарахту баландошёна поин мешудем, намедонистем чунин як навъи варзиш ҳаст. Бисёриҳо фикр мекунанд, ин ҳаракатҳо бештар барои дуздӣ аст ва моро ҷанг мекарданд, ки ин корро накунем, баъдан бо гурӯҳи дигари ҷавонон шинос шудем, ки ба мо дар бораи Паркур маълумот доданд. Ман дарк кардам, ки ин варзиш барои ман аст."

Дар Тоҷикистон ҳоло агарчӣ ин навъи варзиш зиёд рушд накардааст, аммо дӯстдорони он аллакай на танҳо дар кӯчаву биноҳои нотамом, балки дар саҳнаҳои бузург ҳам ҳаракатҳои ғайриоддиву ҳайратовари худро нишон медиҳанд. Имсол барои аввалин бор Искандар ва дӯстони ӯ дар Рӯзи ҷавонон дар қатори овозхонону ҳунармандони рақсҳои варзишӣ дар ҳузури президент ҳунари худро намоиш доданд.

Дӯстдорони ин навъи варзиш мехоҳанд, аз ҳоло Тоҷикистон бо фароҳам овардани шароит барои паркур, варзишгарони ин риштаро дар сатҳи касбӣ омода кунад.

XS
SM
MD
LG