Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон ширкат мекунанд


Акмалиддин Каримов. Акс аз бойгонӣ
Акмалиддин Каримов. Акс аз бойгонӣ

Дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки рӯзҳои 8–10-уми ноябр дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор мешавад, Тоҷикистонро даҳ варзишгар муаррифӣ мекунад.

Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, рӯзи 5-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “панҷ варзишгари тоҷик дар навъи самбои варзишӣ, чаҳор нафар дар намуди самбои размӣ, инчунин як варзишгар дар мусобиқаи самбои нобиноён байни мардон иштирок мекунанд.”

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон:

Самбои варзишӣ:

Акмалиддин Каримов – дар вазни 58 кг,

Сорбон Латипов – дар вазни 64 кг,

Муҳаммадисо Раҷабов – дар вазни 71 кг,

Убайди Деваштич – дар вазни 79 кг,

Зафар Олимшоев – дар вазни 88 кг.

Самбои размӣ:

Масъуд Қуқаншоев – дар вазни 58 кг,

Худоёр Раҷабзода – дар вазни 71 кг,

Халид Толибзода – дар вазни 88 кг,

Саймуҳаммад Исматов – дар вазни 98 кг.

Самбои нобиноён (класси SVI-1, мардон):

Шоҳрух Назаров – дар вазни 79 кг.

Дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон варзишгарон барои 31 маҷмуи медалҳо дар намудҳои самбои варзишӣ байни мардону занон, самбои размӣ миёни мардону занон, инчунин самбои нобиноён байни мардон мубориза мебаранд.

Рақобатҳо дар вазнҳои зерин сурат мегирад:

Мардон: 58 кг, 64 кг, 71 кг, 79 кг, 88 кг, 98 кг, +98 кг

Занон: 50 кг, 54 кг, 59 кг, 65 кг, 72 кг, 80 кг, +80 кг

Самбои размӣ (мардон): 58 кг, 64 кг, 71 кг, 79 кг, 88 кг, 98 кг, +98 кг

Самбои размӣ (занон): 50 кг, 54 кг, 59 кг, 65 кг, 72 кг, 80 кг, +80 кг

Самбои нобиноён (класси SVI-1, мардон): 64 кг, 79 кг, 98 кг

«Дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки дар Қасри муҳорибаҳои якҳарбаи ба номи Жаксилиқ Ушкемпирови шаҳри Остона доир мегардад, иштироки варзишгарон аз тақрибан 80 кишвари дунё дар назар аст. Бояд гуфт, ки бори аввал ба барномаи мусобиқа самбои размӣ миёни занон ва самбо байни варзишгарони комилан нобино дохил шудааст”, - иброз дошт Маҳмуд Абдуллоев.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон мунтазам иштирок карда, ба дастовардҳои бузург ноил шудааст.

Се паҳлавони тоҷик – Беҳрӯзи Хоҷазода, Хушқадам Хусравов ва Акмалиддин Каримов – дар замони Истиқлолияти Тоҷикистон дар риштаи самбои варзишӣ ва ду нафари дигар – Сайриддин Икромов ва Эраҷ Раҳимов - дар намуди самбои размӣ ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф гаштаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG