Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик ба Тифлис мераванд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо “Tbilisi Grand Slam 2025”, ки рӯзҳои 21-23-юми март дар пойтахти Гурҷистон - шаҳри Тифлис - баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи “Tbilisi Grand Slam 2025” то ҳоло 403 варзишгар (228 мард ва 175 зан) аз 53 кишвари панҷ қораи ҷаҳон номнавис шудаанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”-и Тифлис ҳашт варзишгар дохиланд, ки дар байни мардон рақобат мекунанд:

-66 кг – Ёсин Бобокалонов

-66 кг – Магомед Фармонбеков

-73 кг – Муҳаммадшариф Наҷмуддинов

-73 кг – Масъуди Аҳмадзод

-81 кг – Илҳомиддин Ҷабборов

-81 кг – Бахтиёр Бозоров

-90 кг – Шодмон Ризоев

-100 кг — Муҳсин Малаев

Барномаи мусобиқа:

21-уми март (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг байни мардон.

22-юми март (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.

23-юми март (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро мукофотонида хоҳанд шуд.

Инчунин варзишгарон дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ ба ҷуз аз медал, соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ мешаванд.

Зимнан, дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли гузашта дар мусобиқаи “Tbilisi Grand Slam 2024” дар ҳайати 9 варзишгар (8 мард ва 1 зан) иштирок карда, бе медал монда буданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG