Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"130 сомонӣ медиҳанд, вале 20 ҳуҷҷат мепурсанд". Баҳси бима дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Имрӯз дар бораи бима ё суғуртаи ҳатмии мошинҳо, яке аз бахшҳои сердаромад дар Тоҷикистон, суҳбат мекунем. Видеои ҷолибе ҳам аз муҳоҷирони тоҷик дорем, ки нимшӯхиву нимҷиддӣ мегӯянд, азм доранд, пиёда ба Тоҷикистон бираванд.

Пештар танҳо ширкатҳои "Тоҷиксуғурта" ва "Суғуртаи аввалини миллӣ" ҳақ доштанд, ки мошинҳоро бима кунанд ва ин соҳа дар монополияи онҳо буд. Ширкати аввалӣ давлатӣ аст ва дувумӣ – марбут ба "Фароз", ширкати мутааллиқ ба пайвандони раисиҷумҳури Тоҷикистон. Ҳафтаи гузашта порлумон иҷоза дод, ки ширкатҳои дигар низ ба суғуртаи воситаҳои нақлиёт машғул шаванд. Ҳоло дар Тоҷикистон 18 ширкат барои бима кардан ҳақ доранд.

"Эҳсонкор" дар сомонаи Радиои Озодӣ пурсидааст: "Ширкатҳои навтаъсиси суғурта набераи ширкати муфлисшудаи "Фароз"-анд ё дигар?" Нигаронии корбаре бо номи Бобо ҳам аз он аст, ки "мумкин аст, ширкатҳои суғурта ҳама аз они "Фароз" бошанд."

Хонандае, ки нахостааст номашро бигӯяд, дар сомонаи русии Радиои Озодӣ навишт, "боре нашунидаам, ки дар Тоҷикистон ширкати бима ақаллан ба ягон кас ягон танга пардохта бошад. Садҳо миллионро ба офшор ва Швейтсария бурда мегузоранд."

"Муҳоҷир" бовар дорад, "суғурта дар Тоҷикистон ба мошину соҳиби мошин ягон зарра фоида надорад. Дар Русия вақте садама шуд, ширкати суғурта ҷуброн медиҳад. Дар Тоҷикистон говатро мефурӯшӣ ва зарари садамаро ҷуброн мекунӣ."

Олим гуфтааст, солҳо боз мошин меронад ва ҳамеша пули бимаро мепардозад, аммо ду дафъа ба садама дучор шуд ва бо пули худ мошинашро дуруст кард. Вай навиштааст: "Вақте аз дӯстон дар масъалаи бима пурсидам, гуфтанд, беҳтар аст аз паяш нашавӣ, чун 130 сомонӣ медиҳанд, вале 20 ҳуҷҷат талаб мекунанд."

Амирҷони Аминҷонӣ дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук мегӯяд, "агар нархи суғурта карданро набардоранд, бисёр хуб аст. Бори аввал қонунеро ба фоидаи халқи одӣ қабул карданд. Онҳое, ки мегӯянд, ширкати суғурта ҳуҷҷати бисёр талаб мекунад, вале пул намедиҳад, дурӯғ мегӯянд."

Муҳаммад Махдум Абдулҳай дар Фейсбук пешниҳод кардааст, бояд ба монополия дар бахшҳои дигар дар Тоҷикистон низ хотима дода шавад. Вай гуфтааст, "масалан, ширкатҳои ҳавопаймоӣ. Бояд ба ширкатҳои хориҷӣ иҷозат дода шавад, ки дар кишвар фаъолияти худро ба роҳ монанд, то рақобат ба вуҷуд биояд."

Баҳси бимаи мошинҳо дар "Озодӣ Онлайн"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:33 0:00

Даҳҳо шарҳи дигар дар ин бора дар сомонаи Радиои Озодӣ ва саҳифаҳои мо дар Фейсбуку Инстаграм ҳаст. Ба он ҷо равед ва назаратонро бигӯед, ки оё мошини худро бима кардаед ва боре корафтода шудеду ба додатон расиданд ё не.

Дар охири барнома навореро мебинем, ки муҳоҷирони тоҷик аз вилояти Маскав фиристоданд. Зоҳиран дар Русия хаста шудаанд, ки шӯхӣ мекунанд, агар роҳҳо боз нашавад, худашон пиёда ба Тоҷикистон мераванд.

Шумо ҳам назару видео ва хабарҳоятонро ба мо бифристед. Вотсапу Вайбер ва Телеграму Имо дорем. То барномаи дигар, Худо нигаҳдор!

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG