Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳама мехоҳанд, бираванд." Баҳс дар бораи сарҳадҳо дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Дар барномаи имрӯз фақат дар бораи кай боз шудани марзҳову оғози дигарбораи парвози ҳавопаймоҳо гап мезанем. Видеои дармондани шаҳрвандони Русия дар марзи Тоҷикистону Узбекистонро мебинем ва ҳам аз аҳволи муҳоҷирони тоҷике хабар мегирем, ки чандсад метр дур аз ватан дар Узбекистон дармондаанд.

Гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик дар як гӯшае аз сарҳади Тоҷикистону Узбекистон дармондаанд ва ронандаи мошини боркаше онҳоро дар наздикии гузаргоҳи шаҳри Деҳнав ва дар марз бо Турсунзода ба навор гирифт ва видеоро ба Радиои Озодӣ фиристод. Ӯ ба мо гуфт, "онҳо тақрибан 20 нафаранд ва "рӯзҳои дароз инҷо гуруснаву ташна мунтазиранд, ки касе барои бозгашт ба онҳо кумак кунад".

Аммо дар гузаргоҳи "Ойбек" дар сарҳади Тоҷикистон бо Узбекистон даҳҳо нафар аз тоҷикони шаҳрванди Русия ҷамъ омадаанду мехоҳанд, ба он кишвар бираванд. Азбаски марзи Узбекистон барои равуо бастааст, инҷо ҳам баъзе аз мусофирони дармонда шабашонро дар дохили мошин рӯз мекунанд.

Яке аз мусофирони дармонда дар видеое, ки фиристод, мегӯяд, "аз шумо хоҳиш мекунам, ба мо кумак расонед, ки ба Русия равем. Аз тариқи боз кардани ягон гузаргоҳ, ё ташкили корвони махсус, ки тавонем ба Русия бирасем. Ин бачаҳое, ки бо мошин ба Тоҷикистон омадаанд, ҳама умедворанд. Мо медонем, ки ҳамеша як роҳи ҳалле пайдо мешавад. Бачаҳо ҳама муқарраротро риоят мекунанд. Ниқоб доранд, аз якдигар фосила мегиранд, худатон бубинед. Мошинҳои зиёде дар марз ҷамъ шудаанд. Ҳама мехоҳанд, бираванд. Мо мехоҳем, ки афроди масъул ба мо кумак расонанд".

Воқеан ин ҳафта баҳсу суол боз ҳам дар бораи сарҳадҳо буд ва роҳҳо, ки кай боз мешаванд ва ё намешаванд. Ҳавопаймоҳо ба Русия парвоз мекунанд, ё не?

Ахиран ҳукумати Тоҷикистон иҷоза дод, ки ҳавопаймоҳо дигарбора ба Узбекистон ва Дубай парвоз кунанд. Ҳамчунин аз 25-уми июн бо парвозҳои чартерӣ шаҳрвандонро аз Русия меоранд.

Мақомот гуфтанд, азбаски хатари коронавируси нав камтар шудааст, иҷоза медиҳанд, ҷашнҳои арӯсӣ ва ё тӯй баргузор карда шавад. Баҳси зиёде дар ин бора дар саҳифаҳои мо дар "Фейсбук" ва "Инстаграм" идома дорад.

Самад Саидов, корбари "Фейсбук" дар саҳифаи мо навиштааст, "кушодани сарҳадҳо аз худи мардуми кишварҳо вобастагӣ дорад. Тартиботро риоя кунанд, тезтар ин вабо паси сар шавад, ҳамаҷо боз мешавад".

Воҳидҷон Қаландаров, корбари "Интстаграм" зоҳиран мухолифи ҳарчӣ зудтар бардоштани маҳдудиятҳо аст, ки навиштааст, иҷоза додан ба ҷашнҳо кори дурусте нест. Ӯ мегӯяд, "вирус тамом нашуда, аз нав сар мешавад, чӣ. Худо нигаҳ дорад. Ҳоло рақсу бозӣ даркор нест".

Корбаре аз Русия муроҷиат кардааст, ки агар имкон бошанд, ҳамаи фурудгоҳҳоро боз кунанд. Ӯ навиштааст, "илтимос, фурудгоҳҳоро боз кунед, мурдем дар ғарибӣ. Як бори дигар очаамро медида бошам, ё не".

Аммо як ҷавони тоҷик, ки ҳоло дар Тоҷикистон аст, аз бекорӣ безор шудааст, ки мехоҳад, ба Русия барои кор биравад. Ӯ назарашро аз тариқи ИМО ба Радиои Озодӣ фиристод.

"Ҳамин роҳи Маскав кай боз мешуда бошад. Муҳоҷирон ба кор равем. Аз хоб дар хона безор шудем. Кору бор нест, ҳама чиз қимат. Аз куҷо пул меёбему мехӯрем. Барои ҳамин роҳро боз кунанд, халқ ба кор равад ба Маскав. Вагарна гаранг хоб меравем дар хонаҳоямон, хору зор шуда",-навиштааст ӯ.

Парвози ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистонро моҳи март барои роҳ надодан ба сирояти коронавируси нав бастанд ва ҳоло маълум нест, ки парвозҳои маъмулӣ ба Русия кай оғоз меёбанд. Мақомот гуфтаанд, ки бо тарафи Русия дар ин бора гуфтугӯ доранд.

Шумо ҳам метавонед ба ин баҳсҳо ҳамроҳ шавед, чӣ дар вебсайти Озодӣ ва ё дар саҳифаҳои мо дар "Фейсбук" ва "Инстаграм".

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG