Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ мегӯяд, «nahzat.tj» масдуд аст. Бег Зуҳуров рад мекунад


Масъулини ҲНИТ мегӯянд, аз як ҳафта ба ин тараф сомонаи «nahzat.tj» дар қаламрави кишвар масдуд аст ва сарфи назар аз муроҷиати онҳо, мақомот посухе надодаанд.

Ҳикматулло Cайфуллозода, сухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 1-уми май ба «Озодӣ» гуфт, ки аз таърихи 25-уи апрел ба ин тараф сайти "nahzat.tj" боз намешавад ва онҳо аз тариқи барномаи интернетии «проксия», вориди сомона мешаванд.

Сомонаи «nahzat.tj»-ро ширкати «Тоҷнет» бо интернет таъмин мекунад, аммо ба қавли намояндагони ҲНИТ, борҳо ба ширкатҳои мухталифи фароҳамкунандаи интернетӣ муроҷиат кардаанд, аммо сабаби масдуд шудани онро то ҳанӯз шарҳ надодаанд. Ҷаноби Сайфуллозода афзуд, ки масдуд шудани сомонаи онҳо мушкили фаннӣ надошта, балки бо дастури кадом ниҳоди давлатӣ, қатъ шудааст.

Аммо дар ҳамин ҳол Бек Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон имрӯз, чаҳоршанбеи 1-уми май ба «Озодӣ» гуфт, ки аз баста шудани кадом сомона, аз ҷумла сайти «nahzat.tj» хабар надорад ва ба провайдерҳо низ чунин дастурро надодааст. Вай афзуд, ки борҳо бинобар мушкили техникӣ сайтҳо масдуд мешаванд, вале журналистҳо фикр мекунанд, ки кори дасти Хадамоти алоқа аст.

Аммо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон фарзия пеш меорад, ки сомонаи онҳо қабл аз баргузории таҷили 40 солагии таъсисёбии ҳизб ва ба хотири тариқи онлайн инъикос накардани ҷараёни ин маросим, баста шудааст.

Вале Анҷумани дастракунандаи интернетии Тоҷикистон мегӯяд, ки агар сомонаи «nahzat.tj» дар қаламрави Тоҷикистон масдуд мешуд, дар ҳамаи провайдерҳо имкони дастрасӣ ба он номумкин буд. Ҳоло аз тариқи «Телеком технологӣ» ва «Бабилон» ба роҳатӣ метавон вориди сомонаи "nahzat.tj" шуд.
XS
SM
MD
LG