Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Саховат"-и Кабирӣ аз додгоҳ ба додгоҳ шикоят бурд


Соҳибмулкони бозори «Саховат» алайҳи ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Турсунзода, ки ин бозорро бо қарори худ ба моликияти давлатӣ шомил кард, ба Додгоҳи олӣ шикоят бурданд.

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи соҳибмулкони бозори «Саховат» воқеъ дар ноҳияи Турсунзода, имрӯз, 2 май бо тасдиқи ин хабар ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки аризаи шикоятӣ зидди ҳалномаи додгоҳи Турсунзодаро ба Додгоҳи олӣ таслим карданд.

Додгоҳи Турсунзода бо ҳалномаи худ рӯзи 21 апрел тамоми санаду ҳуҷҷатҳои хусусигардонӣ дар мавриди бозори «Саховат»-ро ғайриқонунӣ шумурда, хусусигардониро бекор кард. Бар асоси ин ҳалнома, объект на ба ҳукумати Турсунзода, балки ба ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун клуби варзишӣ тааллуқ доштааст ва он бояд ба ҳолати аввалааш баргардонида шавад. Феълан бозор ба ихтиёри шӯъбаи маорифи ин шаҳр вогузор шудааст.

Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, ки дар аризаи шикоятӣ масъалаи «авф» шудани ин бозор дар афви молии соли 2007 ва ҳамчунин гузаштани мӯҳлати даъворо зикр кардаанд, ки додгоҳи Турсунзода аз ин аз ин далелҳо чашмпӯшӣ кард ва баҳсро якҷониба ба фоидаи Оҷонсии мубориза бо коррупсия ҳал кард: «Мо аз Додгоҳи олӣ хоҳиш кардем, ки ба баҳси мазкур расидагии ҷиддӣ ва одилона ва тибқи меъёр ва қавонини ҷории кишвар расидагӣ кунад.»

Зимнан, як рӯз баъд нашри ҳалнома додгоҳи Турсунзода, Муҳиддин Кабирӣ раиси ҲНИТ ва соҳибмулки бозори «Саховат» дар изҳороти худ зикр кард, ки «додгоҳ далелҳои тарафи мо ва баёноти шоҳидонро умуман ба инобат нагирифт, дар сурате, ки вакилони дифои мо ботил будани даъво ва далелҳои пешниҳоднамудаи даъвогарро исбот намуданд.»

Бозори «Саховат» бо 670 дӯкон дар шаҳри Турсунзода, 55-километрии ғарбии пойтахт ҷойгир буда, соҳибмулки он Мастура Раҳматуллоева, ҳамсари Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба шумор меравад.

Ба назар мерасад, ки дар чанд вақти охир, хусусан ҳудуди як соли ахир дар Тоҷикистон ба баҳсҳои додгоҳӣ кашидани шахсиятҳои шинохтаи сиёсӣ ва хусусан онҳое, ки аз ҳукумати кишвар интиқод мекунанд бештар мешавад. Инро метавон дар мисоли Муҳиддин Кабирӣ ва Раҳматулло Зоиров унвон кард.

Суоли матраҳ ин аст, ки ба баҳсҳои додгоҳӣ кашидани чеҳраҳои сиёсӣ сирф масъалаи ҳуқуқӣ аст ва ё бо ин роҳ мақомот мехоҳад таваҷҷуҳи онҳоро аз сиёсат канор зада ба масъалаҳои додгоҳӣ ва оилавӣ машғул созанд?

Парвиз Муллоҷонов,
таҳлилгари масоили сиёсӣ дар ин бора мегӯяд, ки чеҳраҳои сиёсии мухолифини ҳукуматро ба додгоҳ кашидан, ҳарчанд ба фаъолияти сиёсии онҳо таъсири манфии кам дорад, аммо метавонад фишори бузурги иқтисодӣ дошта бошад:

“Масъала ин аст, ки фаъолияти онҳо маҳдуд карда шавад, дар зери назорат қарор бигиранд, ин як фишор аст ба фаъолияти сиёсии онҳо. Маълум аст, ки бо ин роҳ аз сиёсат гурезондан хеле душвор аст. Барои он ки ҳам Кабирӣ ва ҳам Зоиров дар сиёсат ҳастанд. Албатта масъалаҳои додгоҳӣ ҳам характери сиёсӣ доранд.”

Парвиз Муллоҷонов, мегӯяд, ки ҳарчанд бо роҳи баҳсҳои доlгоҳӣ ва маҳдуд кардани сарчашмаҳои даромад ин шахсиятҳоро аз сиёсат дур кардан мушкил аст, аммо метавонад зарбаи сахте ба иқтисоди ҳам ҳизб ва ҳам шахс зананд.
XS
SM
MD
LG