Як мақоми амрикоӣ бидуни бурдани номаш рӯзи 12 август гуфт, Ҳофиз Саидхон рӯзи 26 июл дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар ноҳияи Кути вилояти Нангарҳори Афғонистон кушта шуд.
Сафири Афғонистон дар Покистон Умар Захилвол ба Ройтерс гуфт, аз мақомоти амниятии афғон таъйиди ҳалокати Ҳафиз Саидхонро ба даст овардааст.
Сафири Афғонистон дар Покистон аз ҷумла гуфт, ки "ман метавонам таъйид кунам, ки Ҳофиз Саидхон, раҳбари ДИИШ дар Хуросон (Афғонистон ва Покистон) бо ҳамроҳии шуморе аз фармондеҳон ва ҷангҷӯёни баландпояи худ дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин Амрико рӯзи 26 июл дар минтақаи Кути вилояти Нангарҳори Афғонистон кушта шудааст."
Ҳофиз Саидхон соли гузашта дар пайи ба раҳбари “Давлати исломӣ” Абӯбакри Бағдодӣ байъат супурдани қисме аз афроди Таҳрики Толибони Покистон раҳбари “вилояти Хуросон” ном гирифт. Ин “вилоят” дар харитаи “Давлати исломӣ” Афғонистону Покистон ва қисмате аз кишварҳои дигари ҳамсоя, бо шумули Тоҷикистон ва шарқи Эронро дар бар мегирад.
Ба навиштаи хабаргузории "Ройтерз", агар хабари кушта шудани Ҳофиз Саидхон дуруст бошад, як зарбаи сахт ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" аст, ки мехоҳад доманаи фаъолияти худро дар Афғонистон ва Покистон густариш диҳад. Ҳамчунин ин дувумин фард дар байни гурӯҳҳои тундрав дар минтақа хоҳад буд, ки тайи моҳҳои ахир кушта мешавад. Дар моҳи май Мулло Ахтармуҳаммад Мансур, раҳбари Толибони Афғонистон дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ дар Покистон кушта шуд.
Соли гузашта низ дар мавриди кушта шудани Ҳофиз Саидхон тавассути нерӯҳои амниятии Афғонистон нашр шуда буд, аммо ин хабарҳо таъйид нашуданд.
Гурӯҳи "Давлати исломӣ" ахиран дар қисматҳое аз Афғонистон фаъолияташро густариш додааст. Дар ҳамлаи интиҳории афроди гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба тазоҳуроти гурӯҳи "Ҷунбиши рӯшноӣ" дар Кобул дар се ҳафтаи пеш, беш аз 80 нафар кушта шуданд.
"Давлати исломӣ" як гурӯҳи тундравест, ки дар соли 2014 қисмати бузурге аз қаламрави Сурия ва Ироқро тасарруф карда, дар ин манотиқ аз таъсиси “Хилофати исломӣ” хабар дод. Ин гурӯҳ бо қатли бераҳмонаи асирон ва мухолифонаш, ном баровардааст.
Тибқи иттилои расмӣ, садҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ширкат карда ва даҳҳо нафари онҳо кушта шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон барои пешгирӣ аз идомаи рафтани шаҳрвандонаш ба ҷангҳои Сурияву Ироқ ва кишварҳои дигар дар Кодекси ҷиноӣ банди нави 401-умро илова кардаанд, ки барои зархаридӣ ва ширкат дар ҷангҳои бегона то 20 соли зиндон ҷазо таъин кардааст.
Аммо мақомот мегӯянд, касе бо хоҳиши худ баргашта ва собиқаи ҷиноӣ надошта бошад, аз ҷавобгарӣ озод хоҳад буд. Бино ба омори додситони кулл, дар натиҷаи корҳои ташвиқотӣ даҳҳо нафар қисман бевосита аз Сурияву Ироқ ва қисме ҳам аз роҳи сафар ба он кишварҳои ҷангзада ба Тоҷикистон баргардонда шудаанд.