Нирӯҳои Либияи ҳампаймон бо ҳукумати созиши миллие, ки аз ҷониби СММ пуштибонӣ мешавад, рӯзи сешанбе 2 август дар шаҳри Сирт зидди ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҷангиданд. Ҳанӯз аз рӯзи 1 август ҳавопаймоҳои бомбафкани амрикоӣ бо дархости ҳукумати Либия манотиқи таҳти назари ҷангиёнро дар қароргоҳи муҳимашон дар шаҳри Сирт ҳадаф қарор доданд.
Дар шаҳри Сирт, ки ҳамчун зодгоҳи раҳбари кушташудани Либия Муаммар Қаззофӣ маъруф аст, аз моҳи майи соли ҷорӣ нирӯҳои ҳампаймон бо ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” мубориза мебаранд. Ин гурӯҳи мусаллаҳ ҳанӯз соли гузашта Сиртро ишғол кард ва ин нуқтаи муҳими зери назорати ҷангиён дар берун аз қаламравҳои Сурияву Ироқ шуд. Ҳоло ҷангиён чанд километр масоҳатро дар маркази Сирт, аз ҷумла бемористони марказӣ ва ҳам донишгоҳро таҳти контроли худ нигаҳ медоранд.
Аз рӯи ҳисобҳои мақомоти Амрико ва Либия, дар Сирт чанд ҳазор ҷангии гурӯҳи “Давлати Исломӣ” мустақар ҳастанд. Президенти ИМА Барак Обама рӯзи 2 август гуфт, ки кӯмак ба ҳукумати изтирории Либия дар муқобила бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҷавобгӯи манфиатҳои амнияти миллии Амрико мебошад.
Вай гуфт, ҳамлаҳои ҳавоӣ болои ҳадафҳои ҷангиён ба хотири кӯмак ба нирӯҳои Либия дар анҷоми корашон ба хотири таъмини амният дар минтақа карда мешавад.
“Мо ба хотири роҳ надодан ба бунёди як қароргоҳи қавии ҷангиёни “Давлати Исломӣ” дар Либия бо онҳо ҳамкорӣ мекунем, ҳатто дар шароите, ки Либия вориди як ҷараёни тӯлонии таъсиси ҳукумати амалкунанда ва низоми амниятӣ шудааст”
Гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣ” манотиқеро дар қаламрави Ироқу Сурия ва бархе нуқоти дигар таҳти назорат гирифта, ҷангиёнро аз саросари ҷаҳон ба сафҳои худ ҷалб мекунад.