Пайвандҳои дастрасӣ

10,5 соли зиндони ҷавони 17-сола барои таблиғи ДИИШ


Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷавони 17-солаи сокини ин ноҳияро барои ҷалби сокинон тавассути шабакаи Интернет барои шомил шудан ба созмони террористии “Давлати исломӣ” ба 10,5 соли ҳабс маҳкум кард. Нурулло Ашӯрзода, додраси додгоҳи ноҳияи Ғафуров рӯзи чоршанбеи 3 август гуфт, ки хонандаи синфи 10-и яке аз мактабҳои таҳсилоти умумии ин ноҳия, бо тахаллуси “Ҳидоятулло” дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники.ру” гурӯҳҳое бо номҳои “Раҳнамо ба сӯи Давлат-ул-Ислом”, “Ҳидоятуллои Зарафшонӣ”, “Добрый муслим” таъсис дода, худро бо тахаллуси “Добрый муслим” сабт ва мавқеи ҷойгиршавии худро “Давлати Сурия” нишон додааст.

Вай дар ин саҳифаҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро барои иштирок дар ҷанги Сурия даъват карда теъдоди хонандагони доимиашро ба беш аз 1000 нафар расонидааст. Додгоҳ гуфт, бо сабаби ноболиғ будани маҳкумшуда исми ӯ ошкор намешавад. Ҷаноби Ашӯрзода мегӯяд, “Мутобиқи ташхиси додгоҳиву коршиносӣ дар гуфтугӯҳои интернетии “Ҳидоятулло” дар шабакаи “Одноклассники.ру” то рӯзи дастгир шуданаш дар шакли кушоду равшан аломатҳои даъвати оммавӣ барои фаъолияти экстремистӣ ва сӯиқасди ҷалби ғайриқонунии шаҳвандон ва шахсони бешаҳрвандии Тоҷикистон дар воҳиди мусаллаҳ ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар тавассути интернет ба назар мерасад”.

Додгоҳ “Ҳидоятулло”-ро тибқи ду банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне 401, прим. 1 - “Ҷалб ва иштироки гайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо” ва 307, прим 1, қисми 2 - “Даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) тавассути шабакаи интернет” гунаҳкор донист.

Додрас Ашӯрзода мегӯяд, додгоҳ ҳангоми таъини ҷазо ба ноболиғи қаблан суднашуда, ба гуноҳи худ пурра иқрор ва пушаймон будани “Ҳидоятулло”-ро ҳамчун ҳолати сабуккунанди ҷазо қабул карда, вале бо сабаби адоват ва таассуби динӣ даст ба ҷиноят задани вайро чун “ҳолати вазнинкунанда” ба инобат гирифт ва дар маҷмӯъ ба вай ҷазои сабуктар таъйин намуд. Мӯҳлати адои ҷазоро маҳкумшуда дар колонияи тарбиявии дорои низоми умумӣ сипарӣ мекунад.

Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба ноболиғони аз синни 16 то 18, ки "ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин” содир мекунанд, ба муҳлати то 12 соли ҳабс ва ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Ҳукми додгоҳ нисбат ба “Ҳидоятулло” дар ҳоли ҳозир нерӯи қонунӣ гирифтааст. Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба ноболиғони аз синни 16 то 18, ки “ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин” содир мекунанд, ба муҳлати то 10 соли ҳабс ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Ин ҷавони 17-сола аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров моҳи январи соли ҷорӣ аз суи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуда, аз вай як адад планшет ва се смартфон ба ҳайси далели шайъӣ мусодира шудааст. Ин барои бори аввал аст, як хонандаи мактаб дар минтақаи шимоли Тоҷикистон барои ҷалби сокинон ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва иштироки ғайриқонунӣ дар ҷанги Сурия тавассути шабакаи ҷаҳонии Интернет дастгир ва ба паси панҷара фиристода мешавад.

Тоҷикистон соли 2014 барои ширкат ва даъвати иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ, ба вижа низоъҳо дар Афғонистону Ховари Миёна муҷозот таъйин кард. То имрӯз даҳҳо нафар барои ташвиқи ширкат дар ҷанг ва ҳам иштирок дар ҳайати гурӯҳи "Давлати Исломӣ" ба мӯҳлатҳои тӯлонии ҳабс маҳкум шудаанд.

XS
SM
MD
LG