Шабакаи иҷтимоии Одноклассники аз субҳи 21 август дар Тоҷикистон дубора дастрас шудааст. Ин хабарро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ намояндагони ширкатҳои интернетрасони "Вавилон", "Мегафон", "Телеком технолоҷи" ва "Тсеll' тасдиқ карданд. Рафиқҷон Шокиров, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон низ рӯзи 21 август дар сӯзбар бо Озодӣ хабари боз шудани Одноклассникиро тасдиқ кард.
Аммо касе то ҳол сабаби дастнорас шудану инак боз шудани ин шабакаро шарҳ намедиҳад. Ҳамин тавр, касе намегӯяд, ки оё шабакаи Ютюб ҳам ба дунболи Одноклассники боз хоҳад шуд ё на?
Шабакаи Одноклассники, ки бо беш аз 200 000 корбар пуртарафдортарин шабакаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ба шумор рафта, барои мисол, дар ин кишвар ҳатто нисбат ба Фейсбук 4 маротиба бештар корбар дорад, аз 19 июл баробар бо шабакаи низ пуртамошобини Ютюб дар саросари Тоҷикистон масдуд шуда буд.
Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон, ки масъулияти танзими бозори мухобироти кишварро бар ӯҳда дорад, даст доштанаш дар дастнорас шудани ин шабакаро рад мекард ва мегуфт, шояд ягон "мушкили фаннӣ" боиси масдуд шудани он дар Тоҷикистон шудааст.
Хадамоти алоқа аммо дар гузашта низ ҳар навъ даст доштанаш дар масдуд ва дастнорас шудани сомонаҳои хабариву иҷтимоиро рад мекард. Аммо созмонҳои байналмилалии ҳомии озодии баён дастнорас кардани сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро як василаи дигари фишор мақомоти Тоҷикистон ба озодии матбуот унвон карда, аз ин амал башиддат интиқод мекунанд.