Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон, ки масъулияти танзими бозори Интернету мухобиротро дар кишвар бар ӯҳда дорад, аз масдуд шудани шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” дар Тоҷикистон изҳори бехабарӣ мекунад. Дафтари матбуоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 21 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз масдуд шудани шабаки иҷтимоии «Одноклассники» хабар надоранд ва имрӯз мушаххас хоҳанд кард, ки иллати боз нашудани он чист? Ин манбаъ афзуд, сарфи назар аз он ки расонаҳои хабарӣ ду рӯз боз дар мавриди баста шудани ин шабакаи иҷтимоӣ хабар додаанд, вале ба далели рӯзҳои истироҳат то ҳол иллати бдастнорас шудани ин шабакаи дар Тоҷикистон пуртарафдорро маълум накардаанд.
Вале Асомиддин Атоев, раиси Анҷумани дастраскунандагони интернети Тоҷикистон мегӯяд, бо такя ба таҷрибае, ки доранд, онҳо ба натиҷае расидаанд, ки "Одноклассники" бо дастури махсус масдуд карда шудааст. Вай гуфт, ки бар асоси санҷише, ки то кунун анҷом додаанд, феълан дар ширкатҳои «Бабилон Мобайл», «Бабилон Т» ва «Билайн» дастрасӣ ба “Одноклассники” ғайримумкин аст. Ба гуфтаи ҷаноби Атоев, агар шабакаи Фейсбук дар Тоҷикистон беш аз 60 ҳазор корбар дошта бошад, "Одноклассники" беш аз 300 ҳазор корбар дорад ва дар воқеъ пуртарафдортарин шабакаи иҷтимоӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад. Асомиддин Атоев мегӯяд, ки хомӯшии Хадамоти алоқа дар мавридҳое, ки шабакаҳои иҷтимоиву сомонаҳо масдуд мешаванд, шубҳаҳоро дар бораи даст доштанаш дар ин амалҳо баръакс бештар мекунад.
Шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» аз 18-уми июл ба ин тараф дар Тоҷикистон дастнорас шудааст. Ҳамин тавр, тақрибан як ҳафта боз муштариён дар Тоҷикистон ба шабакаи низ хеле пуртарафдори Ютюб дастрасӣ надоранд. Ютюб танҳо дар як соли охир, инак бори панҷум масдуд мешавад.
Хадамоти алоқа қаблан ҳам даст доштанаш дар масдуд кардани ин ё он сомонаро ё рад мекард ваё ба зарурати анҷоми “корҳои профилактикӣ” рабт медод. Асомиддин Атоев, раиси Анҷумани дастраскунандагони Интернети Тоҷикистон мегӯяд, агар қаблан Хадамоти алоқа тавассути СМС аз ширкатҳо масдуд кардани ягон сомонаро тақозо мекард, ҳоло бештар аз роҳи дастурҳои шифоҳӣ кор мегирад.
Шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” дар Тоҷикистон дар ҳоле дастнорас мешавад, ки ин шабака дар моҳҳои охир ба як платформаи муҳими нашри матлабу видеоҳои мухолифини ҳукумат, аз ҷумла “Гурӯҳи 24”-и соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватов табдил ёфтааст. Ҷангиёни тоҷике, ки бино ба иддаои худашон, дар Сурияву Ироқ “ҷиҳод” мекунанд, низ наворҳои видеову катбии худро асосан аз тариқи “Одноклассники” пахш мекунанд.
Дар як пурсиши сарироҳии Радиои Озодӣ дар Душанбе бисёре аз ҷавонони тоҷик хостори эҳёи дастрасӣ ба "Одноклассники" шуданд. вале онҳое ҳам буданд, ки мегуфтанд, бастани ин шабака кори хуб шуд. Назари ҷавонони тоҷикро инҷо тамошо кунед:
"Одноклассники" ё "Однодӯзахники"?
Аммо масдуд шудани ин шабака дар Тоҷикистон вокунишҳои мухталиферо ба бор овардааст. Як гурӯҳи корбарон аз чунин сурати кор изҳори таассуф мекунанд ва мегӯянд, дар ин шабакаи дӯстони зиёде пайдо карда буданд, вале ҳоло тамос бо онҳоро гум кардаанд. Ба ақидаи ин гурӯҳ, бастани сомонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ дар асри 21 маънӣ надорад, чунки пеши роҳи сели Интернетро ягон ҳукумате дигар гирифта наметавонад. Муҳоҷир ном хонандаи Озодӣ дар баҳси ин мавзӯъ аз ҷумла навиштааст: “Инҳо бо ин роҳ мехоҳанд ки мардум гапи ҳақро нафаҳманд? Боз 100-ҳо роҳҳои дигараш ҳаст ки ба мардум ҳақиқатро фаҳмонанд.”
Аммо онҳое ҳам ҳастанд, ки аз ин иқдом баръакс пуштибонӣ мекунанд ва мегӯянд, “Одноклассники” ба як манбаи таблиғи фасоди ахлоқӣ табдил ёфта буд ва ба таъбири хонандаи Озодӣ бо номи Ҷаббор аз Екатеринбург, “дар ин моҳи Рамазон кори савоб шуд, ки инро бастанд.” Аббос аз Кӯлоб боз ҳам фаротар рафта, навиштааст, “Одноклассники” не “Однодӯзахники” аст. Ман тарафдори онам, ки ҳаминро барҳам диҳанд.”
Ба ақидаи Ҳомид аз Кӯлоб, “Воқеан ҷавонони мо аксарияти вақти худро дар ин шабакаи иҷтимоӣ мегузарониданд, ки ин ба онҳо ягон чизи хуб намедиҳад. Агар ин вақти пурқимати худро сарфи китобхонӣ ё мутолиаи рӯзномаҳо кунанд, барои онҳо хубтар аст.”
Аммо ба назари Ҳасан аз Россия, “Ин шабакаи одноклассники ҳам хуб аст, ҳам бад. Ба ҳама маълум аст сӯду зиёнаш... Ҳама ба ин шабака одат карданд ва муъошират мекунанд. Ин шабака аст ки бештари насли ҷавонро ба худ ҷазб кардааст ва дур аз ислоҳи камбудиҳои дигар кардааст. Имрӯза бо пешрафти илм ва технологияи ҷадид бастани чунин шабакаҳо зиёд самарабахш нест, балки бар акс.”
Дар баҳси ин мавзӯъ дар сомонаи Озодӣ назарҳое ҳам зиёд аст, ки мегӯянд, “Одноклассники” ба як минбари таблиғи нафақат фасоди ахлоқӣ, балки ақидаҳои тунди мазҳабӣ, аз ҷумла ақидаҳои салафиву ҷиҳодӣ табдил ёфтааст ва бастанаш аз нигоҳи амнияти миллӣ ба сӯди Тоҷикистон аст.
Аммо нафаре бо номи зоҳиран мустаори Ҳамбалӣ аз Голландия бо истеҳзо навиштааст: “Фоҳишаҳоро ҳам дар ҳамин сайт салафиён тайёр кардаанд. Духтари вай зани Шаҳритӯсиро ҳам салафиҳо вайрон кардаанд. Се нафарро салафиҳо бо БМВ зер карда куштанду 140 сомон ҷарима супориданд. Рӯирост ГАИ-ҳои салафӣ пора мегиранд. Дар тамоми ҶТ бо умеди ҳамин салафиҳо ҳама пора мегиранд. Чи намуд хешутабори онҳо тамоми ҶТ моликияти шахсӣ карда, чи коре хоҳанд мекунанд. Оҳ ин салафиҳо...“ Нафари дигаре бо номи мустаори Мухлис аз Душанбе ҳам гуфтааст: “Гуноҳро давлатдорон камтар кунанд, ки дар шабакаҳо обсуждатшон накунанд.”