Юлия Иванова, намояндаи Кумита гуфтааст, ки дар доираи парвандаи ҷиноӣ оид ба қаллобӣ, корҳои тафтишотӣ идома доранд.
Як манбаъ ба хабаргузории РБК иттилоъ додааст, ки кормандони "Сахарово" бо гирифтани маблағ ба хешовандони муҳоҷироне, ки дар он ҷо қарор доштанд, дидор ва раҳоии онҳоро ба ватан ваъда медоданд.
Ба навиштаи телеграм-канали Shot, шикоят дар бораи ду нозири 33-сола ва 58-солаи ин марказ меравад, ки шаҳрвандони хориҷиро ҳуҷҷатгузорӣ мекарданд.
Ба иттилои 112, канали дигари русзабон, ин нозирон дар марказ одамони худро доштанд, ки ба муҳоҷирон хидмат мерасонанд. Онҳо барои як вохурӣ ё дидор панҷ ҳазор рубл ва гӯё барои фиристодани онҳо ба ватан 30 ҳазор рубл талаб мекарданд.
Феълан гумонбарон бозпурсӣ мешаванд. Дар боздоштгоҳи "Сахарово" дар Маскав, муҳоҷироне нигаҳдорӣ мешаванд, ки барои вайрон кардани муқаррароти будубоши Русия боздошт шуда, мунтазири ихроҷ ба ватан ҳастанд.
Бисёре аз муҳоҷирон дар бораи озор ва шиканҷае, ки дар ин марказ ру ба рӯ шудаанд, нақл кардаанд. Ба гуфтаи бархе аз онҳо, дар он ҷо занонро таҳқир ва мардонро латукӯб мекунанд. Дигар боздоштшудагон шикоят карданд, ки ҳангоми он ҷо қарор доштанашон аз суратҳисобашон пулҳояшон гум шуд.
Намояндагони консулгарии Тоҷикистон дар Русия моҳи июл гуфтанд, ки феълан дар боздоштгоҳи "Сахарово" 136 шаҳрванди кишвар нигоҳдорӣ мешаванд. Дар миёни онҳо занон низ ҳастанд.