Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табобат, саёҳат, тиҷорат. Чаро сафари тоҷикистониҳо ба Узбекистон афзуд?


Раҳбарони Тоҷикистону Узбекистон. Шаҳри Душанбе, 18-уми апрели 2024
Раҳбарони Тоҷикистону Узбекистон. Шаҳри Душанбе, 18-уми апрели 2024

Теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо ҳадафи сайёҳӣ, табобат ва сафар ба кишварҳои дигар аз Узбекистон истифода мекунанд, дар ҳоли афзоиш аст. Ин раванд ба Тоҷикистон чӣ медиҳад?

Наздикони Фотима Ашӯрова ду сол боз ӯро барои табобат ба Тошканд мебаранд. Фотимаи 34-сола гирифтори бемории шуш аст ва пизишкони тоҷик наметавонанд ӯро дармон кунанд.

Холида Ашӯрова, модари Фотима, мегӯяд, онҳо ба тамоми беморхонаҳои калони Тоҷикистон дар Хуҷанду Душанбе рафтанд, вале табобати онҳо муассир набуд. “Ба мо гуфтанд, ки дар Тошканд беҳтар аст ва ду сол аст, ки ба онҷо меравем. Аммо содиқона мегӯям, ки пизишкони Тошканд аз ҳамкорони худ дар Тоҷикистон хеле ҳам фарқ надоранд,” – мегӯяд Холида Ашӯрова.

Тибқи омори расмии Узбекистон, дар муддати 8 моҳи соли 2024 панҷ миллион нафар ба ин кишвар сафар кардааст. Аз ин теъдод, 1,47 миллион нафарро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд.

Яке аз бемористонҳои Тошканд
Яке аз бемористонҳои Тошканд

Аз моҳи январ то моҳи апрели соли ҷорӣ шаҳрвандони Тоҷикистон дар миёни касоне, ки барои дарёфти хадамоти пизишкӣ ба ин кишвар сафар кардаанд, дар ҷойи аввал қарор доранд. Теъдоди онҳо беш аз 24 ҳазор нафар будааст.

Баъди боз шудани марз бо Узбекистон дар соли 2018, шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳадафи табобат, сайёҳӣ ва ҳамчун кишвари транзитӣ ба Узбекистон мераванд. Хатсайрҳои беҳтари ҳавоӣ, зерсохтор ва нархи нибатан арзон тоҷикистониёнро ҷалб кардааст, ки ин то ҷое метавонад ба сарфаҷӯйӣ кумак кунад. Бо вуҷуди ин, ба бовари коршиносон, раванди мазкур метавонад ба иқтисоди Тоҷикистон таъсири баръакс ҳам дошта бошад.

Берун рафтани сармоя

Абдулло Ашӯров, рӯзноманигор ва шореҳи иқтисодӣ, мегӯяд, дар солҳои охир ба Узбекистон на танҳо барои хадамоти пизишкӣ мераванд, балки тиҷоратҳоро ҳам онҷо интиқол медиҳанд. “Чун дар ин кишвар давлат ба корофаринон, аз ҷумла ба шифохонаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, имкон фароҳам мекунад. Дар Тоҷикистон ба сабаби рафтани пизишкон хадамоти пизишкӣ бо хатари буҳрон дучор аст. Аз ин рӯ, мардум дар ҷустуҷӯи табобати босифат, аз ҷумла ба Узбекистон мераванд," – мегӯяд Ашӯров.

Ба қавли ӯ, берун рафтани сармоя тарафи манфии ин раванд аст: “Тасаввур кунед, ки ба ҳисоби миёна ҳар муштарӣ дар ин сол 500 доллар дар ин кишвар масраф кард. Агар дар ин сол 24 ҳазор нафар бо ҳадафи табобат рафта бошад, пас, 10 миллиону 400 ҳазор доллар ба ин кишвар ворид шуд. Дар вазъияти Тоҷикистон ин як пули қобили таваҷҷуҳ аст,” - таъкид мекунад Ашӯров.

Моҳи июни имсол барномаи “Меҳмоннавозии хадамоти пизишкӣ” дар Узбекистон роҳандозӣ шуд, ки бар асоси он хориҷиёне, ки аз бемористонҳо истифода мекунанд, андоз аз арзиши иловашударо бозпас бигиранд. Тибқи пешбинии ҳукумати ин кишвар, иқдоми мазкур метавонад ба буҷа солона 300 миллион доллар биёрад.

На танҳо табобат

Тибқи омори расмии Узбекистон, дар ин кишвар бо сармояи Тоҷикистон 303 муассиса бунёд шудааст, ки аз ин теъдод 198 куллан ба сармоягузорони тоҷик тааллуқ доранд. Соли 2023 сармояи Тоҷикистон дар иқтисоди Узбекистон 48,8 миллион доллар будааст. Дар Тоҷикистон 70 корхона бо 20 миллион сармояи Узбекистон кор мекунанд. Аз моҳи январ то июни соли ҷорӣ 21,151 шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳадафи тиҷорат ба Узбекистон рафтаанд.

Майдони Регистони Самарқанд
Майдони Регистони Самарқанд

“Робитаи Душанбе ва Тошканд воқеан дар ҳоли рушд аст ва ҳама дар ин маврид мегӯянд. Вале кам касе таваҷҷуҳ мекунад, ки ин робитаи хуб ба сабаби зарфиятҳои иқтисодӣ ва боз будан бештар ба нафъи Тошканд аст,” -- мегӯяд иқтисоддон Ҷумъа Назрӣ.

Ба гуфтаи вай, қаблан пуле, ки дар Русия ба даст меомад асосан ба молу колои Чин сарф мешуд. Ҳоло Узбекистон барои Чин як рақиби нисбатан кучак шудааст.

Сафар ба воситаи Тошканд

Парвозҳои транзит аз тариқи Тошканд низ мавриди таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки маъмулан чандин баробар арзонтар аст қарор медиҳанд. Далер, донишҷӯи тоҷик, дар Лаҳистон таҳсил мекунад. Ӯ барои сарфаҷӯӣ аз тариқи Тошканд ба ватан меояд. "Нархи парвози мустақим аз шаҳри Мюнхен ба Душанбе 600 евро аст. Аз Рига ба Тошканд 300 евро. Барои донишҷӯ 300 евро маблағи қобили таваҷҷуҳ аст," - мегӯяд Далер.

Парвози ҳавопаймоҳо аз Тошканд ба шаҳрҳои Русия низ арзонтар аст. Барои мисол, нархи билет аз Душанбе ба Маскав як ҳафта қабл аз парвоз 15 ҳазор рубли русӣ аст. Дар ҳоле ки аз Тошканд ин билет 10-12 ҳазор рубли русӣ аст.

Коршиносон мегӯянд, ки хуруҷи сармоя дар муносибати дуҷониба бо иқтисоди қавитар як раванди табиӣ аст, аммо дар дарозмуддат таъсири манфӣ хоҳад дошт. "Агар дар дохили кишвар талабот ба молу хизматрасонӣ, ки ба мардум пешниҳод мешавад, коҳиш ёбад, бо мурури замон пешниҳод ҳам кам мешавад. Агар ба хадамоти пизишкӣ, билети парвоз ва молу колои дигари истеҳсоли дохилӣ ба сабаби рақобатпазир набудани онҳо талабот кам шавад, онҳоро ояндаи хубе мунтазир нест," -- таъкид мекунад иқтисоддон Ҷумъа Назрӣ.

Тибқи омори Тоҷикистон, гардиши молу коло миёни Тоҷикистон ва Узбекситон дар соли 2023-юм 505 миллион доллар будааст, ки аз ин маблағ барои 353 миллион доллар молу колои узбекӣ вориди Тоҷикистон шудааст. Тоҷикистон ба арзиши 151 миллион доллар ба Узбекистон коло содир кардааст.

XS
SM
MD
LG