Ба ҳисоби рӯзноманигорони "Важних историй", қимати гӯру чӯб дар соли 2023 дар Русия (дар муқоиса ба 2022) шонздаҳ дарсад бештар шудааст. Ҳоло ба ҳисоби миёна як маросими дафн дар Русия зиёда аз 59 ҳазор рубл, муодили 670 доллар, арзиш дорад. Ин рақам дар соли 2022 ба тақрибан 530 доллар мерасид.
Дар ҳамин ҳол, нашрияи "Похоронний траст" навишт, ки вазъ дар ҳама ҷо яксон нест. Барои мисол, дар вилояти Томск арзиши дафн танҳо ҳудуди се дарсад афзуда, дар вилояти Новосибирск, баръакс, поин рафтааст. Нархи миёнаи як маросими дафн дар он ҷо, тибқи маълумоти Идораи омори Русия, тақрибан 30 ҳазор рубл аст.
Мушкили дигар, ба нақли сокинони Русия, баҳои сангу ёдгориҳои сари қабр аст. Моҳи феврали имсол як гурӯҳ аз занони бевамондаи низомиён аз вилояти Рязан шикоят доштанд, ки мақомоти маҳаллӣ барои гузоштани ёдгорӣ аз онҳо миллионҳо рубл ситондаанд.
"Похоронний траст" ҳам навишт, аз оғози ҷанги Русия дар Украина дар бозори гӯру чӯб ду навъи сангу ёдгориҳои сари қабр пайдо шудааст. Яке барои ширкатдорони ҷанг дар Украина ва дигаре барои шаҳрвандони одӣ.
Рӯзноманигорон маълум кардаанд, ки таҳияи як санг ва ёдгории сари қабр ба ҳисоби миёна 150 ҳазор рубли Русия аст, аммо агар гап дар мавриди ширкатдорони ҷанг дар Украина биравад, он то 900 ҳазор рубл (зиёда аз даҳ ҳазор доллар) дакка хоҳад хӯрд.
Як нафари наздик ба низомие аз Рязан мегӯяд, "мо дар асл намехоҳем, ки барои онҳо мақбараи боҳашамат бисозем, балки мехоҳем як ёдгории арзанда ва муносиб бигузорем."
Дар бештар аз ду соли охир арзиши сӯзондани ҷасадҳо дар Русия низ боло рафтааст. Аз 21 ҳазор рубл то 32 ҳазор рубл (тақрибан 360 доллар).
Ба ҳисоби "Важних историй", ширкатҳои масъули гӯру чӯб дар Русия дар соли 2023 зиёда аз 96 миллиард рубл, беш аз 1 миллиард доллар, даромад гирифтаанд.
"Медиазона" ва бахши русии Би-би-сӣ бо истифода аз маълумоту манбаъҳои боз номи 54 ҳазор низомии Русияро гирд овардаанд, ки аз замони ҳамлаи бедалели ин кишвар ба хоки Украина кушта шудаанд.