Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Парвандаи исфарагиҳо". Акнун навбати кист?


Низомхон Ҷӯраев - чеҳраи калидӣ дар "парвандаи исфарагиҳо"
Низомхон Ҷӯраев - чеҳраи калидӣ дар "парвандаи исфарагиҳо"

Идомаи боздоштҳову ҳукмҳои пурсарусадои марбут ба "парвандаи исфарагирҳо" суолеро халқ кардааст, ки оё "ботлоқ"-и ин парванда боз киро фурӯ хоҳад бурд?

Боздошт шудани ду додситони дар гузашта баландпоя -- Эмом Ғоибов ва Одил Очилов, ки раҳбар ва муовини сардори кумиссиюни тафтишотии парвандаи машҳури “исфарагиҳо» буданд, шумораи “қурбониҳо”-и ин парвандаро бештар кард ва суолеро ба миён овард, ки акнун навбати кӣ бошад?

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:37 0:00
Линки мустақим

Пеш аз ин, дар моҳи апрел собиқ дораси Додгоҳи Олии Тоҷикистон Нур Нуров, касе, ки ҳукми 33 сокини Исфараро дар робита ба парвандаи Низомхон Ҷӯраев, собиқ раиси корхонаи кимиёии Исфара ва узви маҷлиси вилояти Суғд бароварда буд, барои қаллобӣ 8 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Рустам Олимов, айбдоркунандаи давлатӣ аз додситонии кулли Тоҷикистон низ бо ҷурми қаллобӣ, аммо ба 10 солу 6 моҳ зиндонӣ гашт.

Бердиқул Расулов, вакили дифоъ дар ин парванда низ бо иттиҳоми қаллобӣ ва сохтакорӣ 9 сол аз озодӣ маҳрум гашт. Ҳатто Пирумшо Олимов, бародари Рустам Олимов, ки ҳамагӣ «нақш»-и ронандаро дар ин «филми детективӣ» бозӣ мекард, аз рӯи ду модда - пораситонӣ ва иштирок дар ҷиноят 7 сол мӯҳлати шартӣ гирифт.


Собиқ додситони кулл Бобоҷон Бобохонов
Собиқ додситони кулл Бобоҷон Бобохонов
"Парвандаи исфарагиҳо” замоне сари забонҳо афтод, ки Низомхон Ҷӯраев ба Дубай фирор кард ва ба ҷои ӯ 33 сокини Исфара аз ҷумлаи ҳамкорону наздиконаш дар тирамоҳи соли 2007 боздошт шуданд. Ду сол баъдаш додгоҳ таҳти раёсати Нур Нуров 31 нафари онҳоро ба мӯҳлатҳои аз 10 то 25 сол зиндонӣ кард ва се кӯшиши бознигарии ҳукми онҳо натиҷа надод. Ба қавли бархе аз манобеъ, норозигии додситони кулли вақт Бобоҷон Бобохонов, ки ҳукми Додгоҳи Олиро «говсуд» номида буд, ахириро низ аз аспи мансаб афтонд.

Мақомоти Тоҷикистон Низомхон Ҷӯраевро аз ҷумла ба ташкили гурӯҳи ҷиноӣ, нигаҳдошти ғариқонунии силоҳ, тақаллуби санадҳо, саркашӣ аз пардохти андоз, расмӣ кардани маблағҳои ғайриқонунӣ, аз худ кардани амволи давлатӣ ва даст доштан дар қатли Толибҷон Бобоев, муовини Додситони кулли Тоҷикистон муттаҳам мекунанд. Пас аз боздошти чанде аз шариконаш Ҷӯраев ба Дубай паноҳ бурд, вале дертар дар Маскав боздошт шуд ва аз мақомоти Русия талаби паноҳандагии сиёсӣ кард. Баъд аз итмоми мӯҳлати қонунии боздошти ӯ дар Маскав рӯзи 27-уми феврали соли 2012 ва пас аз чанд соати озодияш Ҷӯраев бо иттиҳоми ташкили сӯиқасд ба ҷони шаҳрванди Тоҷикистон Мирбодулло Каримов дигарбора боздошт гашт. Вакили дифои ӯ, Анна Ставитская гуфт, иттиҳоми нав танҳо ба хотири барои боз як мӯҳлат дар маҳбас нигаҳ доштани Ҷӯраев буд.

Низомхон Ҷӯраев -- вакили собиқи маҷлиси вилояти Суғд ва раиси Корхонаи кимиёи Исфара, аз соли 2007 ба ин сӯ таҳти пайгарди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон буд. Ӯ баъди раҳоӣ аз боздоштгоҳ дар Русия, рӯзи 29-уми март дар Маскав ғайб зад, вале шоми 7-уми апрел дар телевизиони давлатии «Ҷаҳоннамо» зоҳир шуд. Ӯ изҳор дошт, ки рӯзи 29-уми март аз боздоштгоҳи муваққатие дар Маскав озод шуд ва дар бозоре аз як тоҷик 15 ҳазор рубли русӣ, муодили 500 доллар гирифта, тариқи Оренбурги Русия ба Алмаатои Қазоқистон ва Бишкеку Ӯши Қирғизистон ба деҳаи Қистакӯзи вилояти Суғд ва аз он ҷо ба Душанбе, мустақим ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон омада, худро таслим кард.

Ба назар мерасид, бозгашти мармузи нафари калидии қазия - Низомхон Ҷӯраев - аз Маскав ба Душанбе дар моҳи апрели соли 2012 ин парвандаро батамом хоҳад баст, аммо ҳодиса ранги дигар гирифт. Вазъе ба миён омад, ки айбдоркунандагон, муфаттишон ва доварони парванда ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Вале оё метавон гуфт, бо ҳамин яке паси дигар фурӯ афтодани онҳое, ки дар тафтиши қазия даст доштанд, ба поён расид?

Бахтиёр Насруллоев, вакили дифоъ, ки аз ин парванда огоҳии пурра дошта ва ҳоло аз симои калидии он – Низомхон Ҷӯраев ҳимоят мекунад, мегӯяд, ба ҷавобгарӣ кашидани афроди асосӣ интиҳои кор буда наметавонад: «Вақте ду нафари калидӣ – Ғоибов ва Очиловро ба ҷавобгарӣ кашиданд, тафтишот шурӯъ мешавад ва ду моҳ идома хоҳад кард. Ин барои мақомот маълум аст, ки боз алайҳи киҳо маълумот ҷамъ меоранд. Ва агар ин ду нафар ҳам дар бораи ягон нафари дигар нишондод диҳанд, боз парвандаи дигари ҷиноӣ оғоз мешавад.»

Барои бисёриҳо боздошти чунин афрод далели ин аст, ки баъд аз чархишҳое акнун адолат барқарор мешавад ва гунаҳкорони ҳақиқӣ ҷазо мегиранд.

Аммо Раҳматулло Зойиров, раиси Консорсиуми юридикии Тоҷикистон мегӯяд, ҳадаф аз ин ҳама барқарор кардани адолати додгоҳӣ нест: «Вақте Ҷӯраевро оварданд, ин фикр ба вуҷуд омад, ки гуноҳи ӯ камтар будаасту 33 нафари дигар бегуноҳ будаанд ва адолат пирӯз меояд. Аммо акнун мебинем, ки бо истифода аз Ҷӯраев дигаронро ба ботлоқ кашиданд ва ҳоло аз ин ботлоқ ҳеҷ яке аз онҳо берун омада наметавонанд, чун ҳама пеши қонун сиёҳанд.»

Далоили дар чунин вазъ қарор гирифтани «парвандаи исфарагиҳо» - ро бо яке аз раҳбарони мақомоти тафтишотӣ ба миён гузоштем, ки дар ниҳоят ин парванда бо чӣ анҷом меёбад? Мавсуф, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, гиреҳҳои ин парванда ҳанӯз ба пуррагӣ боз нашудаанд ва ҳанӯз вақти хулоса кардан нест.

Неъматулло Мирсаидов, рӯзноманигоре, ки аз оғоз парвандаро пайгирӣ мекард, бар ин аст, ки «парвандаи исфарагиҳо» сиёсӣ шуда, барои ҳалли «разборка» ё маълум кардани муносибатҳои гурӯҳҳои қавӣ дар ҳукумати Тоҷикистон хизмат мекунад: «Ҷиноятҳое, ки ба он сокинони Исфара муттаҳам шудаанд, иқтисодианд ва тибқи қавонини кишвар, онҳоро мешавад бо пардохти хисорот ҷуброн кард. Аммо маълум нест, ки ин ҷо ягон бозии сиёсие ҷараён дорад ё саркӯб кардани ашхоси муассир дар сиёсатҳо? Касе ба ин ҷанбаи масъала эътибор намедиҳад.»

Аммо коршиносон бо ишора ба ин, ки «меъморон»-и ин парванда низ аз нафарони аз худ болотар ҳидоят мешуданд, мегӯянд, аз ин ба баъд қазия ба сатҳи сиёсӣ мебарояд ва эҳтимолан дигар аз ин беш касе ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида нашавад. Аммо ин парванда метавонад сарнавишти афроди муҳимтарро аз нуқтаи назари сиёсӣ ҳал кунад ва аз ҷумла иддае аз мансаб маҳрум шаванд. Бо ин ҳама, ягон манбаъ ё коршинос ҳадс намезанад, ки риштаи парванда то долони кадоме аз кабинетҳои сатҳи олии ҳукумат хоҳад бурд.
XS
SM
MD
LG