Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомхон Ҷӯраев дар додгоҳи Зайд Саидов шоҳидӣ додааст


Низомхон Ҷӯраев (акс аз бойгонӣ)
Низомхон Ҷӯраев (акс аз бойгонӣ)

Низомхон Ҷӯраев, раиси собиқи корхонаи кимиёвии Исфара рӯзи 19 сентябр дар мурофиаи додгоҳӣ алайҳи Зайд Саидов шоҳидӣ додааст.

Шӯҳрат Қудратов, вакили дифоъи Зайд Саидов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи натоиҷи мурофиаи имрӯза гуфт, ки "рӯзи 19 сентябр ду шоҳид - Абдусамад Саидов ва Низомхон Ҷӯраев алайҳи Зайд Саидов нишондод доданд, аммо муваккили мо ҳамаи нишондодҳои шоҳидонро рад кард ва беасос донист."

Низомхон Ҷӯраев дар парвандаҳои марбут ба порагирӣ(моддаи 319-уми Кодекси ҷиноӣ) ва сӯъъистифода аз мақом алайҳи вазири собиқи саноат ва соҳибкори маъруф ҳамчун шоҳид мегузарад. Низомхон Ҷӯраев, мудири собиқи корхонаи кимиёвии шаҳри Исфара иддаъо дорад, ки Саидов ҳангоми вазири саноат буданаш аз ӯ 100 000 доллар пора гирифтааст.

Мақомоти Ожонси зиддифасод, ки тафтиши парвандаи Зайд Саидов бо иттиҳоми порагириро маҳз бо такя ба нишондодҳои Низомхон Ҷӯраев алайҳи Саидов бо ин иттиҳом парванда боз карда буданд, мегуфтанд, ки сухан дар бораи корхонаи “Тоҷикатлас” меравад, ки гӯё Саидов ҳангоми вазириаш аз Ҷӯраев кашида гирифтааст. Зайд Саидов қаблан низ ҳангоми рӯбарӯ кардани ӯ бо Низомхон Ҷӯраев дар тафтишоти пешакӣ ин иддаъоро рад карда буд. Баъдан Дилшод Раҳимов, бародарзодаи Зайд Саидов дар мусоҳибааш бо Озодӣ гуфт, дар асл ин корхонаро ӯ харидааст ва онро ҳам на аз Низомхон Ҷӯраев, балки аз Абдусамад Саидов.


Пайвандони Зайд Саидов дар назди боздоштгоҳ (акс аз бойгонӣ)
Пайвандони Зайд Саидов дар назди боздоштгоҳ (акс аз бойгонӣ)
Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, вакилони дифоъ бо далелу бурҳонҳои қотеъ талош доранд, то нишондодҳои шоҳидон алайҳи Зайд Саидовро бепоя нишон диҳанд. Аз Зайд Саидов дар додгоҳ, ки дар боздоштгоҳи кумитаи амнияти миллӣ пушти дарҳои баста мегузарад, се вакили дифоъ ҳимоят мекунанд. Ин мурофиаи пурсарусадо, ки рӯзи 12 сентябр оғоз ёфт, рӯзи ҷумъаи 20 сентябр соати 9.00 дар бинои боздоштгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ идома хоҳад ёфт. Ба ин далел ки ба парвандаҳои Зайд Саидов мӯҳри махфӣ задаанд, додгоҳи ӯ пушти дарҳои баста мегузарад ва танҳо ба ду тан аз пайвандонаш - писари калониаш Хайрулло Саидов ва бародараш Файзиддин Шеров - ва он ҳам аз рӯзи 16 сентябр иҷозати ширкат дар ин мурофиаро додаанд.

Алайҳи Зайд Саидов дар маҷмӯъ бар асоси 8 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - гирифтани пора (моддаи 319), қаллобӣ, бисёрзанӣ (моддаи 170), тамаъҷӯӣ (моддаи 250), сӯъиистифода аз ваколатҳои хидматӣ (моддаи 314), таҷовуз ба номус (моддаи 138), маҷбур сохтан ба исқоти ҳамл ва алоқаи ҷинсӣ бо нафаре, ки ба синни 16 нарасидааст, парвандаҳои ҷиноӣ кушодаанд. Зайд Саидов ин иттиҳомотро радд карда, мегӯяд, таъқибу боздошти ӯ ангезаҳои сиёсӣ дошта, баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав шурӯъ шуд.

Зайд Саидов 54 сол дошта, соли 1999 тибқи саҳмияи сифоизаи мухолифин раиси Кумитаи саноати Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ сипас аз соли 2001 то оғози соли 2007 вазири саноати Тоҷикистон буд. Баъди тарки ин мақом ба соҳибкорӣ баргашт ва ширкатҳояш дар соҳоте, чун саноати мармар, ҷавоҳирот ва сохтмони манзилҳои баландошёна дар пойтахти Тоҷикистон пешгом буданд.

Зайд Саидов рӯзи 6 апрели соли ҷорӣ бо ҷамъе аз ҳамфикронаш аз таъсиси як гурӯҳи ташаббускор барои сохтани ҳизби нав хабар дод. Аммо моҳе баъд мақомот аз шурӯъи чандин парванда алайҳи ин соҳибкор хабар доданд ва ӯ рӯзи 19 май дар фурудгоҳи Душанбе, ба муҷарради бозгашташ аз сафари Фаронса дастгир шуд.
XS
SM
MD
LG