Николай Николаев, як ҳомии ҳуқуқи башар аз Русия мегӯяд, боздошти соҳибкор ва сарвари яке аз гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон Умаралӣ Қувватов дар Имороти Муттаҳидаи Араб бо дархости ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифтааст ва ангезаи сиёсӣ дорад.
Николаев, ки ҳамроҳ бо Қувватов ба Дубай рафта, 23-уми декабр шоҳиди боздошти ӯ низ будааст, рӯзи панҷшанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки то замони раҳоии Қувватов дар Дубай монда, талошҳои исботи бегуноҳии номбурдаро ҳамоҳанг хоҳад кард: “Ҳоло ҳуқуқшиносони мо қонунмандии боздошт ва санадҳои барои ин боздошт тақдимшударо таҳқиқ мекунанд. Ба фикри мо, сабаби боздошт фаъолиятҳои сиёсии ӯ ва ба вижа мухолифати сиёсиаш бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва баҳсҳои кории ӯ бо яке аз наздикони раисҷумҳури Тоҷикистон аст. Мо умед дорем, ки рӯзҳои наздик ба он муваффақ мешавем, ки Қуваттовро аз зиндон берун барорем ва дар давраи тафтиш ӯ дар озодӣ бошад.”
Николаев меафзояд, тибқи асноди дастрасшуда ширкати “Тоҷирон” Қувватовро бо рабудани 6 миллион сомонӣ, яъне тахминан 1 миллиону 200 ҳазор доллар муттаҳам мекунад. Ба гуфти Николаев, айбномаи мудири кулли ширкати “Тоҷирон” Файзулло Ғуломовро ягон додгоҳ муҳокима накардааст ва Қувватовро ҳам муҷрим эълон накардааст. Аз ин рӯ, Николаев хулоса мекунад, ки ниҳодҳои давлатӣ бо ҳимоят аз ширкати “Тоҷирон”, саъй мекунанд, тавассути айбномаи иқтисодӣ даҳони мухолифи сиёсии президенти Тоҷикистонро бубанданд.
Матни матлабро дар бораи мусоҳибаи раиси ширкати "Тоҷирон" зери ин ҷумла метавонед, дарёфт кунед.
Дар ин мусоҳибае, ки гуфта мешавад, мудири кулли ширкати “Тоҷирон” бо дафтари матбуотии ширкати зери раҳбариаш доир намудааст, Файзулло Ғуломов Қувватовро бо рабудани сармояи ин ширкат муттаҳам мекунад. Ҷаноби Ғуломов ҳама гуна ангезаи сиёсии боздошти ҷаноби Қувватов рад карда, гуфтааст, Умаралӣ Қувватов пас аз сирқати молӣ ва зери фишори ширкатҳои ҳамкор қарор ёфтанаш Тоҷикистонро тарк кард ва барои раҳоӣ аз иттиҳомот ба фаъолияти сиёсӣ даст зад.
Ғуломов мегӯяд, "Қувватов дар баробари "Тоҷирон", ширкатҳои муваффақи афғонӣ, ба мисли "Газинфар групп", "Зулфиқор Ҳақёр", "Ҷовид Ҷайҳун" ва ширкати амрикоии "Доунренҷ"-ро ба маблағи миллионҳо доллар фиреб додааст."
Дар идомаи матни мусоҳиба Файзулло Ғуломов мегӯяд, Қувватов ба бовари масъулини ширкати чинии "Гуоруи Ксинҷан" даромада, 30 мошини контейнерӣ ва 10 мошини бензинкаши онҳоро гирифта, на мошин ва на маблағашонро барнагардондааст. "Ин ширкат на танҳо ба ниҳодҳои чинӣ, балки ба Оҷонси мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон низ муроҷиат кардааст",-афзудааст раиси ширкати "Тоҷирон".
Раиси ширкати "Гуоруи Ксинҷан" Со Ҷин Сяро, ки дар байни соҳибкорони Тоҷикистону Осиёи Марказӣ бо номи Света маъруф аст, дар шаҳри Урумчии Чин пайдо кардам. Ӯ мегӯяд, воқеан содироти 30 мошин ба Тоҷикистон мушкил пеш оварда, вале феълан он рафъ шудааст:
“Умаралӣ Қувватов ва Шарофиддин Гадоев 30 мошинро ба Душанбе бурда буданд. Пули 16 мошинро ба ман доданду боқимондаро мебоист дар давоми се моҳ фурӯхта, ба ман пардохт менамуданд. Идораи мубориза бо коррупсия 14 мошинро ҳабс кард. Ман ба ин идора навиштам, ки мошинҳо аз ман ҳастанд ва мошинҳоро ба ман баргардонданд. Он вақт Қувватов ва ҷиянаш аз ширкатҳои “Тоҷирон”-у “Фароз” намояндагӣ мекарданд. Аз ин рӯ, дар аризаи ман номи ду ширкат ёд шудааст. “
Хонуми Со Ҷин Ся меафзояд, ҳозир ҳам чанде аз ширкатҳои тоҷикистонӣ аз ӯ қарздоранд, вале бовар дорад, ки пулашро бармегардонанд. Ин хонуми чинӣ таъкид кард, ки бо ширкати “Голдтуртранс”, ки зери раҳбарии Шарофиддин Гадоев, писар-аммаи Умаралӣ Қуватов қарор дорад, ба Афғонистон молу коло интиқол медиҳанд.
Дар идомаи мусоҳибааш раиси ширкати “Тоҷирон” ба ҳаёти хусусии Умаралӣ Қувватов рӯй оварда, гуфтааст, ки ӯ зиндагии шоҳона ташкил намуда, ҳадди ақалл панҷ зан доштааст.
Аммо дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ ҳамсари Умаралӣ Қувватов Қумринисо Ҳафизова аз шаҳри Маскав иброз дошт, ки шавҳараш инсону поктинат ва худотарс асту ҳеҷ гоҳ ба ӯ хиёнат накардааст: “Мувофиқи қонунҳои Тоҷикистон ҳамсарам як бор зан гирифтааст ва ҳамсари ӯ ман ҳастам-Ҳафизова Қумринисо Ҷабборовна. Ман 5 фарзанд дорам, ки ҳамааш бо номи ӯ ҳастанд. Ин ҳама бозиҳои сиёсӣ ҳастанд. Ман дар Тоҷикистон дар минтақаи 33-юми Душанбе фақат як хонаи сеҳуҷрагӣ доштам. Ман аз фишоре, ки ба шавраҳам расондаанд, хонаамро фурӯхта, ҳиҷрат кардаам."
Ҳафизова мегӯяд, аз замони боздошт то кунун бо ӯ сӯҳбат накардааст.
Тобистони соли ҷорӣ дар рӯзҳое, ки дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалиёти нерӯҳои давлатӣ бар зидди гурӯҳҳои маҳаллии силоҳбадаст шурӯъ шуд, Умаралӣ Қувватов бо ташкили "Гурӯҳи 24" худро ҳамчун мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон муаррифӣ кард. Дар тӯли панҷ моҳи гузашта Қувватов чандин даъфа дар ҷамъомадҳои мухолифони тоҷик дар Русия ва мусоҳибаҳои фаровонаш бо расонаҳои хабарӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро мавриди интиқоди шадид қарор дода, гуфтааст, кишвар ба шеваи нави раҳбарӣ ва мутахассисони кордон ниёз дорад. Вай ҳамчунин аз раисиҷумҳур хостааст, дар интихоботи президентии соли оянда ширкат накунад. Аммо мунтақидонаш мегӯянд, то замоне ки Умаралӣ Қувватов бо ширкатҳои бонуфуз ҳамкор буд ва аз имтиёзи наздикии ин ширкатҳо ба хонадони президент истифода мекард, ҳарфе зидди ҳукумат ё сарвари давлат намезад ва танҳо замоне ба мухолифи сиёсӣ табдил ёфт, ки аз ин имтиёзҳо маҳрум гашт.