Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти Қувватов дар бораи "Группа-24" аз матбуоти Русия


Умаралӣ Қувватов яке аз таъминкунандагони Тоҷикистон бо бензини Русия тақозо кардааст, ки Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мақомаш истеъфо диҳад. Вай гуфтааст, ки як гурӯҳи нави сиёсӣ бо номи “"Группа-24" ташкил шудааст ва мехоҳад ба Эмомалӣ Раҳмон зарбулаҷал гузорад, ки мақомашро тарк кунад.

Вай дар шабакаи телевизионии К+ ва хабаргузориҳои дигари Русия гуфтааст, ки "Группа-24" аз 24 гурӯҳ иборат аст ва 10 ҳазор нафарро дар суфуфи худ муттаҳид мекунад.

То ҳол мақомоти Тоҷикистон ё сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба гуфтаҳои Умаралӣ Қувватов вокуниш нишон надодаанд.
XS
SM
MD
LG