Раҳбари “Гурӯҳи 24” Умаралӣ Қувватов дар Дубай боздошт шудааст, вале мақомоти Тоҷикистон дар бораи боздошти ин мунтақиди сарсахти ҳукумат изҳори бехабарӣ мекунанд. Ба гуфтаи афроди наздик ба Қувватов, ӯ бояд аз Дубай ба Брюссел мерафт, вале аз ҷониби мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб дастгир шудааст. Тоҷикистон бо Иморот дар мавриди истирдоди гумонбарҳо 5 сол пеш созишнома имзо карда буд. Умаралӣ Қувватов, раҳбари собиқи ширкатҳои “Фароз” ва “Тоҷирон”, ки ҳоло ба яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон тааллуқ мегиранд, дар тобистони имсол баъди тарки кишвар дар Маскав “Гурӯҳи 24”-ро таъсис дод ва гуфт, Эмомалӣ Раҳмон набояд дар интихоботи соли оянда ширкат кунад.