Дар ҳоле ки сифати демократия дар минтақа паст мешавад ё бетағйир мемонад, фасод пеш меравад.
- Индекс ё шохиси имсолаи идроки фасод (Corruption Perceptions Index) ташаббусҳои зидди фасодро дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ "манзараи андуҳовар" арзёбӣ кард. Дар минтақае, ки танҳо як кишвар баҳои беш аз 50 (аз 100 хол) гирифта, кишварҳои дигар баҳои на зиёда аз 45 (аз 100 хол) дода шуданд, пешрафт дар мубориза бо фасод давоми якчанд сол боз умуман дар сатҳи хеле паст қарор дорад.
Бисёре аз ин кишварҳо дар бораи маъракаҳои интихоботӣ ва вазъи молии ҳизбҳои сиёсӣ маълумоти кофӣ нашр намекунанд.
Танҳо се кишвари минтақа аз баҳои 43-и миёнаи ҷаҳонӣ баландтар гирифтанд. Тибқи CPI, дар ҷои аввал Гурҷистон бо танҳо 58 хол, ҷои дуюм Черногория (45) ва сеюм Беларус (44).
Дар поёни рӯйхат, Туркманистон бо баҳои пасттарини минтақа (20), аз пасаш Узбекистон (23) ва баъд Тоҷикистон (25).
Боиси тааҷҷуб нест, ки бо баҳои миёнаи 35, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар индекси мазкур дуюм минтақа бо баҳои пасттарин пеш аз кишварҳои африқоии ҷануб аз Саҳара мебошад, ки баҳои миёнаи 32 гирифтаанд.
Бо вуҷуди чунин воқеияти ғамангез, як тамоюли нигаронкунандае ба назар мерасад. Кишварҳои гирифтори фасоди шадид, ки дар CPI баҳои паст мегиранд, инчунин институтҳои демократии зудшикан доранд ва шаҳрвандони онҳо дорои ҳуқуқҳои сиёсӣ ва иҷтимоии камтаранд.
ФАСОД ВА БУҲРОНИ ДЕМОКРАТИЯ
Аз Русия то Озарбойҷон, Украина ва Узбекистон, маҷмуи бузурги институтҳо ва стандартҳои демократӣ дар минтақа ҳоло зери хатаранд – одатан аз дасти ҳукмронии авторитарӣ. Ҳукуматҳои аксарияти кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ системаи тафтишу назоратеро надоранд, ки асоси демократия ва воситаи муҳими идора кардани фасод мебошад.
Фасод дар ҷойҳое пеш меравад, ки амалияҳои сусти демократӣ доранд. Якҷоя бо камбуди хоҳиши сиёсӣ барои мубориза зидди фасод дар соҳаҳои давлатӣ, кишварҳои минтақа ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандони худро поймол мекунанд. Дар натиҷа, мардум наметавонад ақидаи худро баён кунад, эътироз кунад ё ба созмонҳо ё гуруҳҳои фаъол ҳамроҳ шавад – ба ҳар ҳол, на бе тарс аз оқибати чунин амалҳо. Дар баробари ин, фасод ин кишварҳоро дар як гиреҳи баста мегузорад, чун давлатдорони ҳукмрон нисбати демократикунонӣ ва такмили муассисаҳои мустақил омили воқеии водоркунанда надоранд.
Дар бисёри кишварҳои собиқ шӯравӣ чунин системаи тафтишу назорат вуҷуд надорад, ки мунтазам шахсони алоҳида ва гуруҳҳои пурқудратро аз сӯиистифода аз нуфузи истисноии худ нисбати қарорҳои ҳукумат пешгирӣ кунад. Дар чунин шароит, чунин амалияҳои ғайриқонунии “моилкунӣ” рӯй медиҳанд ва ихтилофҳои манфиятҳо ошкор нашуда мемонанд.
Аз миёни кишварҳои довталаб ва кишварҳои довталаби эҳтимолӣ барои ба Иттиҳоди Аврупо (ИА) ворид шудан, ё кишварҳое, ки ҳоло дар сатҳи мулоқот оиди ҳамроҳшавӣ ба ИА қарор доранд, чор аз ҳафт кишвар нисбати соли гузашта баҳои андак пасттари CPI гирифтанд. Бо вуҷуди шартҳои босуботи ИА оиди коҳиш додани фасод ва таъмини озодии муассисаҳо аз нуфузи сиёсӣ, бисёри ҳукуматҳо дар минтақа нисбати таъмини демократия ва волоияти қонун тарафдории самимӣ нишон намедиҳанд.
Хусусан, бисёри ин кишварҳо оиди маъракаҳои интихоботӣ ва молияи ҳизбҳои сиёсӣ маълумоти кофӣ интишор намекунанд. Илова бар ин, кишварҳои мазкур бар зидди созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ амал мекунанд, хабарнигорон ва мухолифони сиёсиро гирифтори тафтишот мекунанд.
Яке аз монеаҳои бузургтарин дар мубориза бо фасод дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ “ғасби давлат” аст, ҳолате, ки дар он шахсон ё гуруҳҳои маътабар қарорҳои сатҳи миллиро зери дасти худ мегиранд ва бо истифодаи усулҳои фасоднок адолатро каноргузарӣ мекунанд.
Бе системаҳои мувофиқи тафтишу назорат дар кишварҳои минтақа, муассисаҳо азият мекашанд ва амалияҳои ғайридемократӣ аз байн намераванд. Дар ҳоле, ки ҳукуматҳо арз мекунанд, ки зидди фасод мебориза мебаранд, дар воқеъ, онҳо барои ин ягон чораи ҳақиқӣ намеандешанд. Ин боварии шаҳрвандонро нисбати ҳукумати худ, ва инчунин нисбати созмонҳо ва паймонҳои байналмилалӣ нобуд мекунад, ва ба боз ҳам баландтар шудани сатҳи фасод мусоидат мекунад.
ИСЛОҲШАВАНДАГОН
Мутаассифона, бо вуҷуди баҳоҳои паст дар минтақа, шумораи кишварҳое, ки дар мубориза бо фасод пешрафти ҳақиқӣ доранд, хеле ночиз аст.
Дар ҳоле, ки довталаби ИА Албания дар панҷ соли охир панҷ хол боло рафт (31 дар 2013 ва 36 дар 2018), ин кишвар аз соли гузашта ду хол поён рафтааст. Ин метавонад бинобар номуайянии сиёсӣ бошад, ки якчанд ислоҳоти зидди фасодро аз татбиқ пешгирӣ кард. Бо тартиби нави тафтиши кормандони суд ва системаи институтсионалии зидди фасод, боло рафтан ё нарафтани баҳои Албания дар оянда ҳоло номаълум аст.
ПАСГАРДОН
Соли ҷорӣ, Озарбойҷон (баҳои 25), Русия (28), Қазоқистон (31), Косово (37), Сербия (39) ва Черногория (45) миёни кишварҳое мебошанд, ки баҳои CPI-и онҳо пасттар шуд ё тағйир наёфт.
Озарбойҷон дар CPI ба таври назаррас шаш хол поён рафт – аз 31 дар 2017 то 25 дар 2018. Ин коҳиши холҳо дар ҳоле дида мешавад, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хабарнигорони мустақил дучори саркӯбии бардавом мебошанд. Давоми ду соли охир, ҳукумати Озарбойҷон қабули маблағгузории байналмилалиро, ки барои таъмини фаъолият лозим аст, барои созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бениҳоят душвор кард, аз ҷумла барои шуъбаи моTransparency International Озарбойҷон. Дастрасӣ ба маблағро душвортар карда, ҳукумат қобилияти шаҳрвандонро барои муттаҳид шудан ва ақидаи худро баён кардан ҷилавгирӣ мекунад.
Илова бар ин, сентябри 2017, Лоиҳаи гузоришдиҳии ҷинояткории муташаккил ва фасод (OCCRP) таҳқиқеро нашр кард, ки амалиёти шустуҷӯи пул ва фонди махсуси порадиҳӣ бо арзиши умумии 2,9 миллиард доллари амрикоиро ошкор кард, ки аз ҷониби элитаи ҳукмрон идора карда мешуд. Мувофиқи ин гузориш,”мошинаи” озарбойҷонии шустушӯи пул маблағҳои ғасбшударо барои номи кишварро дар хориҷа пеш бурдан ва таваҷҷуҳро аз нақзи ҳуқуқҳои инсон аз ҷониби режими авторитарӣ дур бурдан истифода бурда мешуд.
Баҳои 28 гирифта, Русия аз соли 2017 як хол поён рафт, ки ин, бо вуҷуди ҳуқуқҳои заифи сиёсӣ ва шаҳрвандӣ ва системаи бесамари тафтишу назорат коҳиши табиӣ мебошад. Чунин баҳои паст инъикоси ғайби боварӣ миёни мутахассисон ва соҳибкорон нисбати қобилияти ҳукумат барои иҷрои чораҳои босамари зиддифасодӣ мебошад.
Непотизм (ё ошнобозӣ) то ҳол асосиравандҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар Русия мебошад. Воситаҳои мустақили ахбори омма, ва инчунин ташкилотҳои ғайридавлатӣ, ки одатан бо ташкилотҳои аз ҷониби ҳукумат таъсис ва дастгирӣ мешуда ҷойгузин карда мешаванд, хеле камчинанд. Илова бар ин, системаи судӣ аксар вақт беғараз намебошад, ва судҳо ба фаъолони мустақим ҷаримаҳои калон таъйин мекунанд, то онҳо берун аз дастури ҳукумат кор накунанд.
Масалан, соли 2018, Владимир Литвиненко, ректори Донишгоҳи куҳкании Санкт-Петербург ва қаблан узви Шурои маориф ва илми президент Владимир Путин, шуъбаи моро, Transparency International Русия (TI-Russia), барои нашр кардани таҳқиқи сӯистифодаи маблағҳои давлатӣ ба суд дод.
Суд тарафи Литвиненкоро гирифта, хулоса баровард, ки бо вуҷуди далелҳои воқеии аз ҷониби таҳқиқи TI-Russia пешниҳодшуда, созмон сӯиистеъмоли маблағҳои давлатӣ аз ҷониби Литвиненкоро ошкор карда, ба номи неки ӯ зарар расондааст, ва дар натиҷаи ин шуъбаи мо як миллион рубл муҷозот шуд.
TI-Russia бо муваффақият як миллион рублро, умдатан бинобар хайроти шаҳрвандони Русия дар интернет, давоми камтар аз як ҳафта ҷамъ кард ва ҷаримаи аз ҷониби суд муқарраршударо пардохт.
Чунин ба назар мерасад, ки имзоҳо дар созишномаҳои байналмилалӣ, ба мисли Анҷумани қонуни ҷиноӣ оиди фасод ва мақомоти назоратии он, Гуруҳи кишварҳои зидди фасод (GRECO – Group of States against Corruption), ки ҳарду ҷузъи Шӯрои Аврупо мебошанд, ва аз ҷумла аҳдҳо аз Саммити зидди фасод, ба ҷои натиҷаҳои воқеӣ таассуроти қалбакии пешрафтро дар Русия ба миён меоранд. Анҷумани ҳуқуқи шаҳрвандӣ оиди фасод, ки ба фаъолони шаҳрвандӣ ва доираи хусусӣ имконияти ислоҳ кардани ҳолатҳои фасод медиҳад, ва инчунин татбиқ кардани қонуну қоидаҳо оиди “моилкунӣ” барои қарорҳои давлатӣ ва муҳофизат барои фаъолони зидди фасод дар Русия дар сатҳи дуюмдараҷа мемонад.
Бо баҳои 39, Сербия аз соли гузашта ду хол поён рафтааст, ва агар ҳукумат ба мақомот ва муассисаҳои барои таъмини волоияти қонун уҳдадор халал расондан гирад, ин тамоюл аз миён намеравад. Соли 2018, норозии ташкилотҳои ғайридавлатӣ, иттиҳодҳои касбӣ ва дигаронро сарфи назар карда, ҳукумат барои ба даст овардани нуфузи бештар нисбати системаи судӣ чораҳои қатъӣ дид.
Ба таври шабеҳ, ҳукумат ҷаҳд мекунад, ки тариқи озод кардани муассисаҳои давлатӣ аз интишори маълумот дастрасии ҷамъиятро ба маълумот коҳиш диҳад. Илова бар ин, бо вуҷуди таъкидҳои ҳукумат оиди таъмини дастгирӣ барои воситаҳои озоди ахбори омма, барои хабарнигорон иштрок дар таҳияи стратегияи нави Сербия доир ба воситаҳои ахбори омма душвор аст.
Яке аз шуъбаҳои мо, Transparency Сербия, тарафдори қавии чораҳои зидди фасод ва муассисаҳои мустақили назорат мебошад. Барои ин ташаббусҳоро пеш бурдан, шуъба таҳқиқҳои зиддифасодӣ ба роҳ мемонад, иҷроиши талаботи ҳамроҳшавӣ ба ИА-ро назорат мекунад ва дар иттиҳодҳои ташкилотҳои ғайридавлатӣ доир ба беҳтар кардани системаҳои демократӣ ва зиддифасодӣ иштирок мекунад.
Бо баҳои 37 хол, Косово аз соли 2017 ду холи CPI аз даст додааст. Норасоии шаффофӣ, муассисаҳои заиф ва волоияти сусти қонун ва норасоии имкониятҳо барои иштироки шаҳрвандӣ аз мушкилиҳои бузургтарини Косово дар мубориза бо фасод мебошанд. Барои ин мушкилиҳоро бартараф кардан, шуъбаи мо, Институти демократии Косово, мақомотҳои давлатиро назорат мекунад, ҳомии шаффофии молияи ҳизбҳои сиёсӣ мебошад ва барои таъмини иштироки шаҳрвандӣ дар қарорҳои сатҳи миллӣ барномаҳои мухталиф ба роҳ мемонад.
Баҳои 45 гирифта, Черногория аз соли гузашта як хол бой додааст. Бо вуҷуди пешрафт дар воридшавӣ ба ИА, кишвар ҳоло бояд волоияти қонунро ба таври назаррас такмил диҳад. Нигарониҳо оиди молияи ҳизбҳои сиёсӣ ва норасоии дастрасӣ ба маълумоти молиявӣ натиҷаҳои интихоботҳоро шубҳанок месозанд.
Дар муҳите, ки давоми беш аз ду даҳсола боз зери дасти як элитаи тағйирнопазир мемонад, таъсирҳои ғасби давлат дар Черногория хеле назаррасанд. Вале ба ин мушкилиҳо нанигариста, шуъбаи мо, MANS, ҳомии қавии такмил додани волоияти қонун ва беҳтар кардани дастрасии озод ба маълумот мемонад.
КИШВАРҲОИ ШОЁНИ МУШОҲИДА
Туркия, Босния ва Ҳерсеговина, Украина, Македония ва Арманистон кишварҳое мебошанд, ки давоми якчанд соли оянда сазовори мушоҳида мемонанд. Бо вуҷуди тартибҳои мураккаби қувваҳои сиёсӣ дар ин кишварҳо, тағйироти мусбӣ танҳо дар ҳукумати Арманистон дида мешавад.
Сарфи назар аз баҳои бетағйири CPI 36, тағйироти сиёсии охирин дар Босния ва Ҳерсеговина нигаронкунандаанд. Баъди интихоби моҳи октябр, ки боиси нигарониҳо оиди қаллобӣ ва маъмурикунонии заиф шуд, додситони давлатии минтақавии шаҳри Баня Лука даъватҳои таҳқиқи фаъолияти сиёсатчӣ Милорад Додикро рад кард, ки дар истифодаи фишори ғайриқонунӣ бар овоздиҳандагон дар маъракаи худ айбдор шуда буд.
Баъди ин, мақомоти шаҳри Баня Лука ба эътирозгарони осоишта ҳамла кард, раҳбарон ва фаъолони мухолифонро боздошт ва ҳабс кард, ва ҷамъомадҳои ҷамъиятиро мамнуъ кард. Ин намунаи саҳеҳи он аст, ки чӣ тавр фасоди эҳтимолӣ дар маъракаи интихоботӣ ба саркӯбии институтҳои демократӣ ва иштироки шаҳрвандӣ меорад. Transparency International Босния ва Ҳерсеговина дар самти беҳтар кардани шаффофӣ ва тобеияти органҳои судӣ, назорати молияи маъракаҳои интихоботӣ ва расондани кумак ба шаҳрвандон барои ошкор кардани ҳолатҳои фасод ҷаҳд мекунад.
Бо баҳои 58 хол, Гурҷистон нисбат ба соли гузашта ду хол бештар гирифт, вале кишвар ҳоло бо пасгардии демократия рӯ ба рӯ мешавад, ки онро нисбати фасоди баландпоя ҳассос ва кишвари сазовори мушоҳида месозад.
Баъзе аз сабабҳои чунин пасгардӣ дар норасоии тобеияти органҳои таъмини волоияти қонун, фасод ва халалҳои сиёсӣ дар системаи судӣ, ғасби давлат ва ҳамлаҳои фармудаи ҳукумат нисбати ҷомеаи мустақили шаҳрвандӣ дида мешаванд. Қатъи назар аз ниёзи қатъӣ дар таҳқиқи ҳолатҳои фасод ва сӯиистифода дар ҳукумат, Гурҷистон натавонист органҳои мустақиле барпо кунад, ки чунин мушкилиҳоро ба уҳдаи худ мегирифт.
Беҷазоӣ ба нобоварии ҷамъият меорад. Мувофиқи як пурсиши чанде пез аз ҷониби шуъбаи мо, Transparency International Гурҷистон гузаронидашуда, 36 дарсади шаҳрвандон боварӣ доранд, ки намояндагони органҳои давлатӣ бо мақсади фоидаи шахсӣ аз қудрати худ сӯиистифода мекунанд. Ин нишондод аз 12 дарсади соли 2013 боло рафтааст.
Агар ҳукумати Гурҷистон барои таъмини мустақилияти муассисаҳо, аз ҷумла системаи судӣ чораҳои фаврӣ наандешад ва ҷамъияти шаҳрвандиро дар иштироки сиёсӣ ва назорати ҷамъиятӣ дастгирӣ накунад, пешрафт дар мубориза бо фасод аз ҳаракат мемонад ё ҳатто баръакс пасмегардад.
Ба он нанигариста, ки баҳои CPI-и Украина ду хол боло рафтааст (30 дар 2017 ва 32 дар 2018), таъмини иҷроиши ислоҳоти зиддифасодии дар соли 2014 ба роҳ мондушуда нопурра мемонад, ва ин боиси он аст, ки Украина аз нишондоди миёнаи ҷаҳонии 43 хол хеле поёнтар аст.
Чор сол баъди тасвиби системаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии зиддифасодӣ, пешрафт бениҳоят суст аст. Ба он нанигариста, ки якчанд парванда боз шуда буд, органҳои нави зиддифасодӣ натавонистанд ягон фасодгари баландпояро ба ҷавобгарӣ бикашанд.
Дилмонии ҷамъият аз ҳукумати Украина мунтазам афзоиш меёбад. Шаҳрвандон аз натиҷаҳои ислоҳотҳоноумед шудаанд ва аз қобилияти ҳукумат барои беҳтар кардани ҳолат боварии ночиз доранд. Вале, сарфи назар аз ин нобоварӣ, ҷомеаи шаҳрвандии фаъол ва мустақил метавонад дар идора кардани фасод ва беҳтар кардани дилпурӣ нисбати органҳои давлатӣ кумак расонад. Аммо бояд дар хотир дошт, ки барои гирифтани натиҷаҳо аз қонунҳои зиддифасодӣ одатан солҳо лозиманд, ва барои пешрафтро таъмин кардан, Украина бояд ҷаҳди худро дучанд кунад.
Илова бар ин, муқовимати шахсони бонуфузи дорои манфият дар доштани қудрат баробари фишор аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ва шаҳрвандӣ афзоиш меёбад. Ҳамин тавр, Украина кишварест, ки чандин соли оянда сазовори мушоҳида мемонад.
ТАВСИЯҲО
Дар ҳоле, ки бисёри кишварҳо дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ қонунҳои оқилонае доранд, ки асоси мубориза бо фасод мебошанд, ин қонунҳо барои бо фасод дар минтақаи мазкур муборизаи воқеӣ бурдан кофӣ нестанд. Фасод дар ҳолати мавҷуд будани имконият ва беҷазоӣ ба миён меояд. Бо чунин мақсадҳо, аз ҳукуматҳо тақозо мекунем, ки:
- барои фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ имконияти амал, аз ҷумла озодии баён ва ҳуқуқи муттаҳид шудан ва эътироз карданро таъмин кунанд
- шаҳрвандонро дар назорати хароҷоти давлатӣ водор созанд
- ба системаҳои судӣ ислоҳот ворид кунанд ва дурусткорӣ ва тобеияти ҳамаи огранҳои давлатиро беҳтар кунанд
- ба маълумот дастрасии озод таъмин кунанд ва механизмҳои таъмини иҷрои қонунро баҳри муваффақияти чораҳои зиддифасодӣ беҳтар кунанд.