Хабарнигори Бахши Косовои Радиои Озодӣ
Мақомоти Косово шаҳрванди Тоҷикистон, Ситора Атомамадоваро боздошт кардаанд ва ба ӯ хатари ихроҷ аз Косово таҳдид мекунад. Вакили ҳуқуқии ӯ мегӯяд, зидди Ситора ҳеч иттиҳоми расмӣ эълон нашудааст, аммо расонаҳои маҳаллӣ 5-уми ноябр гуфтанд, Атомамадова дар ҷосусӣ ба манфиати Русия гумонбар мешавад.