Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА дар Рашт се деҳаро рӯшан кард. ВИДЕО


Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо бо мусоидати ҳукумати Норвегия се деҳаро дар минтақаи дурдасти водии Рашт, дар шарқи Тоҷикистон, бо неруи барқ таъмин кард. Дар пайи иҷрои ин тарҳ, ба се деҳаи дурдасти Лангар, Тагобак ва Пингон хатти барқ кашонда шуд ва аҳолӣ бо трансформаторҳо таъмин шуданд.

Бо истифода аз маблағҳои ҳукумати Норвегия дар маҷмӯъ ҳудуди ҳазор сокини рустоҳои Лангар ва Тагобаи дараи Камароб бо нирӯи барқ дастрасӣ пайдо карданд.

"Мисли давраҳои қадим"

Деҳаи Пингон дар дараи Камароби ноҳияи Рашт, 45 километр дуртар аз маркази маъмурии ноҳия қарор дорад. Дар солҳои Шӯравии собиқ ҳудуди 500 сокини ин ноҳия бо нерӯи барқ таъмин набуданд. Дар охири солҳои ҳаштодум дар ин русто нерӯгоҳи кӯчаки барқӣ насб карданд.

Аммо дертар селоб ин нерӯгоҳро тахриб кард. Сипас, сокинон водор шуданд аз ин деҳа ба минтақаҳои дигари Тоҷикистон, аз ҷумла, ба вилояти Хатлон бикӯчанд. Бо гузашти солҳо ҳудуди 20 хонавода ба далели номусоид будани шароити табиии маҳалли нави зист ба рустои Пингон баргаштанд ва мисли давраҳои қадим бидуни нерӯи барқ зиндагӣ доштанд.

Соли гузашта намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бо мусоидати ҳукумати шоҳигарии Норвегия тасмим гирифт, ҳудуди 100 сокини деҳаи Пингонро бо нерӯи барқ таъмин кунад. Ҳоло сокинони деҳа дар тараддуди харидории таҷҳизоти барқӣ, назири телевизор ва асбоби дигари маишӣ ҳастанд. Зеро, бо кашидани ҳудуди 5 километр ноқилҳои гуногунҳаҷм, ҳамакнун сокинон имкон доранд шабакаҳои телевизиониро низ тамошо кунанд.

​Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

САҲА дар Рашт се деҳаро рӯшан кард
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:46 0:00

"Мардум телевизор мехаранд"

Ҳоҷӣ Ғолиб Салимов, сокини 78-солаи деҳаи Пингон, рӯзи 21-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, солҳои ахир онҳо ба ҳеч як аз дастовардҳои фаннии муосир дастрасӣ надоштанд. Салимов аз фароҳам шудани дастрасӣ ба нерӯи барқ истиқбол кард ва гуфт, ҳамакнун дар пириаш метавонад зиндагии бофароғате дошта бошад.

Ӯ гуфт, "25 сол аст, ки нерӯи барқ дар деҳаро надидаем. Як солҳо нерӯгоҳи майда буд, аммо селоб онро тахриб кард. Ҳоло зиндагии наверо оғоз мекунем".

Сайёд Гулов, як сокини фаъоли ин деҳаи дурдасти дараи Камароб низ аз пайвастшавии ин русто ба шабакаи ягонаи барқии Тоҷикистон истиқбол кард ва гуфт, ҳатто дар гузашта вуҷуди як нерӯгоҳи кӯчак наметавонист ҳама ниёзҳои сокинон ба нерӯи барқро бароварда созад. Вай гуфт, ҳоло бо истифода аз шабакаи ягона, ҳам сокинон, ҳам мактаб ва ҳам дармонгоҳу сокинон бе маҳдудият аз нерӯи барқ истифода мекунанд.

"Барқи тоҷик": Пули барқро зудтар супоред

Туула Юрёла, раҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар маросими мавриди истифода қарор додани шабакаи нерӯи барқ дар деҳаи Пингон гуфт, қаблан мақомот ба онҳо пешниҳод карданд, ки танҳо нерӯгоҳи кӯчаки барқии тахрибшударо бозсозӣ кунанд. Аммо, дар ниҳоят коршиносони ин созмон ба хулосае расидаанд, ки аз рустои наздиктарин ба ин деҳа хатти интиқоли нерӯи барқ бикашанд.

Юрёла дар ин бора гуфт, онҳо иттилоъ доштанд, ки пул ва роҳҳои ин деҳаи дурдаст дар пайи офати табиӣ тахриб шудаанд ва мутахассисони онҳо ҳисоб карданд, танҳо бозсозӣ кардани нерӯгоҳи кӯчаки барқии обӣ наметавонад ҳама мушкилоти сокинони деҳаро ҳал созад. Ӯ афзуд, ҳамзамон лағви маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар фасли зимистон боис шуд, ки тасмими кашидани хатти интиқоли нерӯи барқи доимӣ ба ин русторо бигиранд.

Бо истифода аз гирдиҳам омадани сокинони рустои Пингон дар маросими мавриди истифода қарор додани шабакаи нав, намояндаи ширкати “Барқи тоҷик” дар ноҳияи Рашт аз ҳозирин даъват кард, ки ба таври сареъ қимати истифодаи нерӯи барқро пардохт кунанд.

Ба гуфтаи масъулони иҷрои тарҳи таъмини сокинони деҳаи Пингон бо нерӯи барқ, ҳазинаи иҷрои ин тарҳ 320 ҳазор сомонӣ будааст. Аммо сокинони ин деҳа танҳо рустое набуданд, ки дар ин рӯз бо нерӯи барқ таъмин шуданд.

Бо истифода аз маблағҳои ҳукумати Норвегия ва бо ибтикори САҲА дар маҷмӯъ ҳудуди ҳазор сокини рустоҳои Лангар ва Тагобаи дараи Камароб низ ба нерӯи барқ дастрасӣ пайдо карданд. Деҳаи Парвоғ яке аз дигар деҳаҳое буд, ки бо сабаби дурӣ аз маркази ноҳия мушкили бебарқӣ дошт. Дар ин деҳа САҲА як нерӯгоҳи 60-киловатта бо маблағи 60 ҳазор долларро бозсозӣ кард.

Ҳафтаи гузашта Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” дар нишасти хабарӣ дар посух ба саволи Радиои Озодӣ гуфта буд, ки феълан дар Тоҷикистон 710 деҳа ба нерӯи барқ дастрасӣ надоранд. Қаблан расонаҳо аз набудани нерӯи барқ дар 15 рустои ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва баъзе рустоҳои минтақаи Кӯлоб гузориш дода буданд.

XS
SM
MD
LG